Гуфтугӯйи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо пирузӣ дар интихоботи шаффофу демократӣ табрику муборакбод намуда, изҳори умеду боварӣ кард, ки дар оянда муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия рушду гусатариш меёбанд ва татбиқи созишномаҳои байнидавлатӣ ба манфиати мардумони ду кишвар хизмат хоҳанд кард.
Владимир Путин зимни гуфтугӯи телефонӣ аз сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки мардуми Тоҷикистон бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон барои ояндаи дурахшону шукуфонии давлати соҳибистиқлоли худ асоси воқеъӣ гузоштанд.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки ғалабаи комил дар интихобот нишонаи эътимоди қавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои арзандаи ӯ дар рушди мамлакат, аз ҷумла дар бахшҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






