Гузашти низомӣ ба муносибати савгандёдкунии Президент

Ноябрь 16, 2013 12:52

       Душанбе, 16 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 16 ноябри соли 2013 баъд аз маросими савгандёдкунӣ дар ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон даъвати чорум,  Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Кохи «Сомон»-и бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маросими ботантана вориди майдони марказии пойтахт-«Дӯстӣ» гардида, ҳамчун рамзи эҳтиром ба арзишҳои  давлатдорӣ ва садоқат ба  Ватану миллат ба пояи муҷассамаи миллӣ — нахустин асосгузори  давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
           Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон    вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев аз омодагии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ба  гузашти низомӣ дар майдони «Дустӣ» гузориш дод. Баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди афсарону аскарони ҷузъу томҳо ва воҳидҳои низомии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартиботи кишвар доир ба ҳадафу барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир, таҳкими амнияту субот баромад намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон зимни суханронии худ афсарону аскарони ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳушёрию зиракӣ,  такмили донишҳои сиёсию низомӣ, садоқат ба Ватану миллат, ҳифзи марзу буми кишвар  ва содиқ мондан дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пояҳояи давлатдорӣ ҳидоят намуд.
          Ҳамзамон афсарону аскарони воҳидҳои низомии сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар назди Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карда, садоқати худро ба халқу Ватан баён намуданд.
Бояд гуфт, ки дар гузашти низомӣ, ки ба ифтихори маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт  доир гардид, 5 ҳазор аскарону афсарони ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар,  инчунин авиатсияи низомӣ иштирок намуданд.

Ноябрь 16, 2013 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад