Истифодаи ангишт дар корхонаҳои саноатӣ

Ноябрь 11, 2013 11:37

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Корхонаҳои ангишти Тоҷикистон тайи даҳ моҳи соли равон 432 ҳазору 300 тонна ангишт истихроҷ намудаанд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 218 ҳазор тонна зиёд аст. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, аз ҳаҷмии умумии ангишти истихроҷшуда 378 ҳазор тоннаи он ба фуруш бароварда шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 7 ҳазору 475 тонна камтар аст.Қобили зикр аст, ки алҳол беш аз 162 корхонаҳои саноатии кишвар бо истифода аз ангишт фаъолият доранд.

Ноябрь 11, 2013 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш