Изҳороти Шӯрои собиқадорони КДАМ ҶТ
ИзҳоротиШӯрои собиқадорони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонш.Душанбе 01 –уми ноябри соли 2013 Шӯрои собиқадорони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифодаи ақидаи дастаҷамъии нерӯии қавии афсарони мақомоти амният, баёнияи собиқ ҷонишини раиси КАМ ҶТ полковник Пояндашоев Оразшоро, ки дар пояи эҳсосоти дур аз рафтори шоистаи афсари амният, бо таҳқири тавҳини намояндагони мақомоти давлатӣ иншо шудааст ва даъвати ӯ вобаста ба таҳрими интихоботи президентии соли 2013 –ро қотеъона маҳкум мекунад. Аъзоёни Шӯро изҳор медоранд, ки муроҷиатпардозиҳои Оразшо Пояндашоев ба шакли анъана даромада, ба таври куллӣ зидди манфиатҳои миллӣ арзёбӣ мегарданд, ки моро бетараф намегузорад. Ба мо собиқадорон, чунин шакл гирифтани рафтори Пояндашоев падидаи маъмулӣ буда, тааҷҷубу ҳайратамонро ҳаргиз ба вуҷуд намеорад, фақат бо интишори изҳорот хостем чеҳраи аслоии ӯро ба насли ҷавони кормандони Кумита ба ҳадафҳои тарбиявӣ шинос намоем. Шахсе, ки дар замони низоми коммунистӣ, таблиғгари ашаддии дастгоҳи фишороварӣ, ба истилоҳи худаш «пропагандисти рақами яки ғояҳои «КПСС» буд, бо рӯи кор омадани ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, ки исломиён бо тафаккури шахшудаи асримиёнагӣ қувваи ҷангии онро ташкил мекарданд, соҳиби унвони генералӣ шуд. Муддате ҳам ба хотири ноил шудан ба ғаразҳои мансабталошӣ узви «Фронти халқӣ» гардид. Чун аз рутбаи генералӣ маҳрум гашт, рӯ овард ба узвияти Ҳизби сотсиал — демократии Тоҷикистон. Имрӯз унвони «ифтихори» — и ягона ва охирин намояндаи мақомоти амниятро дар ҳизби мухолифи давлат «шарафёб» гашта, як саҳифаи «тоза» — е дар биографияи ноолудаи чекистиаш зам намудааст. Аз ин лиҳоз, дар сурати набудани арзишҳои истодагарӣ ва устуворӣ дар ниҳодаш, аз чунин ашхос ба мисли Пояндашоев ҳама чизро метавон интизор шуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар сарнагунии Президенти аввалини мунтахаби Тоҷикистон Набиев Р.Н. дар фурудгоҳи ш.Душанбе ҳамроҳ бо силоҳбадастони оппозитсия бо усули одатшудаи шиорпартоиҳои «Машет ғалаба чуч» («Мо ғалаба кардем») шарик шуд. Пояндашоев О. соли 1992 баъд аз суқути ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, бо як айёрии ба худ хос ба кишвари ҳамсоя фирор кард ва дар системаи амниятии он ҷумҳурӣ ба тайёрии махсуси қувваҳои зиддиконститутсионӣ даст зад ва заминаи ҳуҷуми онҳоро ба ҶТ муҳайё сохт. Мувофиқи муқаррарот ва қонунҳои хайрхоҳонаи ҶТ, ҷиноятҳои ӯ бахшида шудаанд, вале аз ин хулосаи даркорӣ набаровард. Пешниҳодҳои мушаххас дар хусуси таъин шудани Пояндашоев О. дар дастгоҳи марказии КДАМ ҶТ ва муассисаҳои таълимии он низ аз ҷониби ӯ беҷавоб монд. Баръакс, манфиатҳои шахсӣ ва ҳифзи молу сарватро авлодтар дониста, фаъолиятро дар сохторҳои бонкӣ ихтиёр кард. Хонаи истиқоматӣ ва автомашинаи хориҷӣ нафси ӯро қаноатманд карда натавонист. Ба таври ғайриқонунӣ онҳоро фурӯхта, озими ш.Сочи бо мақсади дарёфти нафақаи бедарди миён гашт. Ҳамин тарзи бардошт аст, ки Пояндашоевро дар муҳити мақомоти амнияти Тоҷикистон бинобар лағзишҳои ғоявӣ ва устувор набудан ба сифатҳои ҳалолкории кормандони мақомоти амният ҷиддӣ намепазиранд. Эъмори давлати миллӣ ҷараёни мураккабе мебошад, ки дар тақвияти пойдевори он хислатҳои эътимоднокӣ ва садоқат ба Ватан ҷузъи маромномаи касбии кормандони амниятро ташкил медиҳад. Хиёнат ба Ватан ҷиноятест дар тамоми ҷомеаи инсонӣ маҳкум шуданӣ, вале дар фаъолияти мақомоти амният, садоқат — дастурамал ва ҷавҳари олами ботинӣ, маданият ва асоси маънавиёти ҳар як афсарро таҷассум менамояд. Корманди амният бе садоқат ба Ватан, бе эътимод ба Сарқонун зиндагӣ карда наметавонад. Агар бидуни чунин фазилатҳо корашро рӯйи даст бигирад, паҳлӯҳои зишти ахлоқӣ ба тинаташ пирӯз хоҳад шуд. Чунончи, Арастуи ҳаким фармудааст: «Моҳият ба ҳар шакле зуҳур мекунад, ба ибораи дигар зуҳурот нишонаи умқи моҳият аст». Пояндашоев бо қаҳрамонтарошиҳои сунъӣ худро ҳомии тоҷикистониён намоиш дода, дар асл ба бедор кардани ҳисси эътирозӣ ба нифоқу ҷудоиандозӣ дар миёни фарзандони миллати тоҷик даст мезанад. Ҳамчун афсари собиқи амният аз гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ пуштибонӣ ба амал оварда, рӯҳияи нодидагирии волоияти қонун ва тафаккури тахрибсозу ҷудоихоҳонаро дар шуури мардум ҷойгир карданӣ мешавад. Ин тарзи муносибат ба ҳеҷ ваҷҳ ҷавобгӯи хислати неку арзандаи афсари олирутбаи мақомоти амният нест. Онҳо бо хунсардӣ, дасти пок садоқат ва пойбандӣ ба арзишҳои волои меҳанпарастӣ ҳамеша дар ҷамъият соҳиби обрӯю манзалати хос буданду ҳастанд. Аз ин мавзеъгириҳои ғайри созандаи сиёсии Пояндашоев бештар қисмати фаъолияти солҳои охираш ҷолиби диққат мебошад. Ӯ ба насли амниятчиёни ҷавон, ки аз иғвоангезиҳои солҳои 90 – ум бехатаранд, аз рутбаҳои калону вазифаҳои баландмақом ном мегирад. Аз 37 ордену медали Россия, Афғонистону Муғулистон (?) зикр мекунад, вале аз қадршиносии хадамоти ҳамсоякишвар ба шахсияташ дар намунаи ифтихорномаву ҷоизаҳо лаб во намекунад. Дар фарҷом ҳаминро расман таъкид менамоем, ки аз суханони Шумо, Пояндашоев бӯйи ғараз меояд. Пеш аз ҳама он чиз бисёр риққатовар аст, ки рафторатон як навъ хиёнат ба амонати сангардорӣ ва ҷабҳадорӣ ҳамкоронатон – кормандони мақомоти амнияти тоҷик арзёбӣ мегардад. Кормандоне, ки дар ин бист сол бо ҷоннисориву фидокорӣ, бо ба гарав мондани ҳаёташон ҳамчун сипари боэътимоди миллат ва Ватан хизмат мекунанд. Дар ин роҳ, садҳо нафари онҳо қурбонӣ ва захмӣ гашта, ба савганди ҳарбӣ бо тафовут аз Шумо содиқ мондаанд. Пояндашоев О. мо сирри муаммои давлатбандбинии Шуморо дарк накардем ва кирдорҳои иғвоангезонаатонро дар ҳошияи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ маҳкум менамоем. Шӯрои собиқадорони КДАМ ҶТ итминони комил дорад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба чунин даъватҳои муғризона дода намешаванд ва посухи сазовори онҳо ба ин иқдомоти душманона иштироки фаъол дар интихоботи президентӣ ба тарафдории номзади шоиста ва мардумӣ хоҳад буд. Собиқадорони Кумитаи давлатии амнияти миллииҶумҳурии Тоҷикистон1. генерал — лейтенант Камолов С.Қ. собиқ Раиси КДАМ ҶТ2. генерал — полковник Зуҳуров С.З. собиқ Раиси КДАМ ҶТ3. генерал-майор Солибоев А. А. собиқ Раиси КДАМ ҶТ4. генерал-майор Абдуллоев Б. Н. собиқ муовини Раиси КДАМ ҶТ5. генерал-майор Ҳамроқулов Х. Ҳ. собиқ муовини Раиси КДАМ ҶТ6. генерал-майор Шарифов М. Ш. собиқ муовини Раиси КДАМ ҶТ7. генерал-майор Сулаймонбеков А. собиқ муовини Раиси КДАМ ҶТ8. генерал-майор Мамадризобеков Д. собиқ муовини Раиси КДАМҶТ9. генерал-майор Салимов Ш. С. собиқ сардори раёсати КДАМ ҶТ10. генерал-майор Муҳиддинов Э. Ю. собиқ сардори раёсати КДАМҶТ11. генерал-майор Бобоев Д. Б. собиқ сардори раёсати КДАМ ҶТ12. полковник Хушвахтов С.Х. собиқ сардори раёсати КДАМ ҶТ13. полковник Хушвахтов С. Х. собиқ сардори раёсати КДАМ ҶТ14. полковник Алибеков Н. собиқ сардори раёсати КДАМ ҶТ15. полковник Бобоев Х. Қ. собиқ сардори раёсати КДАМ ҶТ16. полковник Аслонов Ғ. А. собиқ сардори раёсати КДАМ ҶТ17. полковник Насруллоев А. собиқ сардори раёсати КДАМ ҶТ18. полковник Носиров Ф. Н. собиқ сардори раёсати КДАМ ҶТ19. полковник Маҳмадмуродов Т. собиқ сардори раёсати КДАМ ҶТ20. полковник Тоҷибоев Э. собиқ сардори раёсати КДАМ ҶТ21. полковник Назаров Ҷ. Н. собиқ сардори раёсати КДАМ ҶТ22. полковник Содиқов Ҳ. собиқ сардори раёсати КДАМ ҶТ23. полковник Яқубов Г. собиқ сардори раёсати КДАМ ҶТ24. полковник Марҳамов Суфибек собиқ сардори раёсати КДАМ ҶТ25. полковник Амонбеков Ҳ. А. собиқ сардори раёсати КДАМ ҶТ26. полковник Буймамадов В. собиқ сардори раёсати КДАМ ҶТБознашр аз «globus-news.net»








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






