Конфронс дар мавзӯи тағйири иқлим

Ноябрь 20, 2013 11:42

Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова).- Дар   шаҳри  Варшава  Конфронси  19 – уми Ҷонибҳои Муоҳадаи  СММ дар  мавриди  тағйири  иқлим  ва Машварати  9 – уми  Ҷонибҳои  Муоҳадаи  Киото,  ҳамчунин  иҷлосияҳои   навбатии   мақомоти  ёрирасони  СММ  идома  доранд. 
 
Назар  ба  хабари Муассисаи давлатии ҳавосанҷии  ҶТ,  дар  кори  конфронс ҳайати Тоҷикуистон иборат  аз   намояндагони Муассисаи давлатии  ҳавосанҷӣ,  Кумитаи  ҳифзи  муҳити  зисти  назди  Ҳукумати  ҶТ, ҳамчунин коршиносони Барномаи рушди СММ  дар  Тоҷикистон  оид ба  масъалаи  тағйири  иқлим  ширкат  доранд. 
 
Вазифаи  асосии  конфронс  иборат  аз  муайян  намудани меъёрҳои  мушаххаси  созишномаи  нави  ҷаҳонӣ   оид ба  иқлим  дар   заминаи  одилона  бидуни  истинои  кишварҳои  ҷаҳон  ва  ташаккули   харитаи роҳ  барои  таҳияи  ин  созишнома  мебошад. Мувофиқи  қарорҳои  қаблан  қабулшуда, созишномаи ҷаҳонӣ бояд на дертар  аз  соли  2015  таҳия  гардида ва  соли  2020  ба  мавқеи  иҷро расад.

Ноябрь 20, 2013 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд