Мулоқоти Э. Раҳмон бо Директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии БОР
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд Клаус Герхаусерро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории судбахши дуҷониба баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд ин муассиса ба кишвари мо дар ҳаҷми беш аз 1 миллирад доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ пешниҳод намудааст. Ҳоло лоиҳаҳои зиёди дигар бо маблағи зиёда аз 650 миллион доллари амрикоӣ дар бахшҳои афзалиятноки муайяннамудаи Ҳукумати кишвар, пеш аз ҳама энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ мавриди татбиқ қарор доранд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки осиёии рушд барои дастгирии пайвастаи рушди иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла барои дастгирии таҳияи лоиҳаи «Сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон — Туркманистон» арзи сипос кард. Изҳори боварӣ карда шуд, ки бонки мазкур ҳамчунин дар маблағгузории сохтмони қисмати тоҷикистонии ин роҳ ширкат хоҳад дошт.Ҳарду ҷониб изҳори ҳамфикрӣ карданд, ки имкониятҳои истифоданашуда дар ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд ҳанӯз зиёд аст.Гуфтугӯйи судбахш атрофи барномаи дар ҳоли таҳияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2014-2016 сурат гирифт. Таъкид гардид, ки дар ин барнома ба беҳтар намудани шабакаи роҳҳои нақлиётӣ, амнияти энергетикӣ, сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда ва хатҳои интиқоли барқ ва рушди бахши хусусӣ бояд афзалият дода шавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






