Мусобиқаи бадминтон миёни бонувони вазорату идораҳо

Ноябрь 26, 2013 11:31

Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сабоҳат Кадамова).- Аз 29-уми ноябр то 1- уми декабри соли равон дар толори варзишии факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мусобиқаи бадминтон доир мегардад.Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, мусобиқаи мазкур миёни бонувони вазорату идораҳо гузаронида мешавад.Гуфта мешавад, ки чорабинии мазкур ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Ноябрь 26, 2013 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш