Овоздиҳии беш аз 40 фоизи раъйдиҳандагон

Ноябрь 6, 2013 10:40

Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ин лаҳзаҳо дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи овоздиҳии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар участкаҳои интихоботӣ идома дорад. 
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иттилоъ дод, ки то соати 10:00-и 6-уми ноябр 1 миллиону 690 ҳазору 561 нафар ё беш аз 40 фоизи райъдиҳандагон овоз додаанд.  
Ба гуфтаи Ш. Шоҳиён раванди интихобот муътадил ҷараён дошта, то ин лаҳза ба КМИР ягон шикояти хаттӣ ворид нагаштааст. 

Ноябрь 6, 2013 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш