Рӯзи Сарқонун ва интихоботи Президенти ҶТ дар як рӯз доир мешавад
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 6 ноябр мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 – солагии Рӯзи Сарқонуни кишварро таҷлил менамоянд. Мутобиқи қарори иҷлосияи панҷуми муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки 30 август қабул шуда буд, 6 ноябр интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баргузор мегардад.
Тавре ки аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, чун ба рӯзи корӣ, яъне ба рӯзи чоршанбе рост омадани 6 ноябр, мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ин рӯз ба вақти дигар гузаронида намешавад. Бинобар ин аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ як рӯз, яъне 6 ноябр истироҳат намуда, 7 ноябр ва рӯзҳои минбаъда мувофиқи ҷадвали тақвим рӯзҳои корӣ ба шумор мераванд.
Қобили зикр аст, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда буд, санади асосии меъёрии давлату ҷомеа маҳсуб мешавад.
Моҳи июни соли 2003 ба Сарқонун тағйироту ислоҳот ворид гардид, ки мақсад аз он такмили низоми интихоботӣ, судӣ ва идораи давлатӣ мебошад. Мувофиқи сарқонун низоми ҳокимият дар Тоҷикистон ба се шоха — қонунгузорӣ, ки аз ҷониби Маҷлиси Олӣ (парлумон) сурат мегирад, ҳокимияти иҷроия, ки онро Ҳукумат роҳандозӣ менамояд ва судӣ тақсим шудааст, ки он иборат аз Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Суди ҳарбӣ мебошад.
Мутобиқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент Сарвари давлат ва Ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) мебошад.
Мутобиқи Низомнома «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин рӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад. Бо ибтикори мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва гуруҳҳои мардумӣ дар Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои дорои хусусияти ҷамъиятию сиёсӣ роҳандозӣ мешаванд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






