Ш. Зуҳуров ба Русия рафт

Ноябрь 27, 2013 10:21

Душанбе, 27 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард. Ҳадафи сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри соҳили Нева иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, иҷлосияи умумии 39- уми ин созмон, ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мебошад. Ҳамзамон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯ дар конфронси байналмиллалии парлумонӣ, ки таҳти унвони «Амнияти ҳастаӣ дар замони муосир ва нақши парлумонҳо дар раванди халъи силоҳи ҳастаӣ ва паҳн нагардидани он» дар Санкт-Петербург доир мегардад, иштирок ва суханронӣ мекунанд. Интизор меравад, ки дар доираи сафараш ба Санкт-Петербург Шукурҷон Зуҳуров -раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо бархе аз роҳбарони парлумонҳои кишварҳои ИДМ мулоқот намояд. Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Санкт-Петербург то 1 декабр идома меёбад.

Ноябрь 27, 2013 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш