Татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ

Ноябрь 27, 2013 11:38

Душанбе, 27 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф 6 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 94,9 миллион $, аз ҷумла 44,3 миллион $ қарз ва 42, 1 миллион $ грант дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ шуда истодааст. Руҳуллоҳ Ҳакимов, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ дар Парлумони кишвар гуфт, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлатӣ яке аз бахшҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад.  Бояд тазаккур дод, ки палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 26 ноябр Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна»-ро ба тасвиб расонд. Татбиқи ин лоиҳа имконият медиҳад, ки дар басти якум зиёда аз 9 ҳазору 200 ва дар басти дуюм беш аз 18 ҳазору 400 мактаббача дар кишвар бо ҷои нави нишаст таъмин гарданд. Инчунин дар мавриди татбиқи лоиҳа беш аз 2 ҳазор муаллим ва ҳайати кормандони техникӣ бо ҷои нави дорои шароитҳои мусоид таъмин карда мешаванд. Татбиқи лоиҳаи мазкур барои рушди соҳаи маорифи мамлакат ва «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар» нақши муассир мебозад.

Ноябрь 27, 2013 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд