Теъдоди нозирони САҲА назар ба ИДМ бештар аст

Ноябрь 5, 2013 11:16

Душанбе, 5 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 500 нозири байналмилалӣ ҷараёни баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки фардо, 6 ноябри соли 2013 баргузор мегардад, мушоҳида менамоянд. Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки қисмати бештари нозирони хориҷиро ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ 159 нафар, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо /САҲА/ 183 нафар, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ 35 нафар ва Ассамблеяи Парлумонии САҲА 48 нафар ташкил медиҳанд. Ҳамзамон раванди баргузории интихоботи президентиро дар Тоҷикистон 9 нафар нозир аз Парлумони Аврупо, 8 нафар аз Созмони Ҳамкории Шанхай, 33 нафар нозирони байналммилалӣ аз Амрико, 8 нафарӣ аз Чину Британияи Кабир ва Ҷопон, инчунин 2 нафар аз Арманистон ва 1 нафар аз Фаронса мушоҳида менамоянд. Маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фардо, 6 ноябр аз соати 6:00-и субҳ оғоз гардида, соати 20:00 -и шом анҷом меёбад. Дар интихоботи Президенти Тоҷикистон 6 номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам рақобат менамоянд.

Ноябрь 5, 2013 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд