«ЮТэйр-Лизинг» барои фурудгоҳи Душанбе техника дастрас намуд

Ноябрь 12, 2013 13:50

Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» (ФБД) бо ҶММ «ЮТэйр-Лизинг» бобати дастрас намудани 50 адад техникаи аэродромӣ бо маблағи 5,9 млн евро шартнома баст. Аввали моҳи октябр 3 адад автобуси перронӣ, 2 экскаватор, 1 адад грейдер, 2 адад зинапояи худгард оварда шуд. Дастрас намудани техника идома дошта, дар назар аст то моҳи марти соли 2014 маҷмўи техникаҳои дар шартнома нишондодашуда пурра дастрас карда шавад. Тавре ки котиби матбуотии фурудгоҳ Маҳмадюсуф Шодиев иттилоъ дод, техникаҳои нави замонавӣ имкон медиҳанд сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофирон ба маротиб беҳтар шавад.Ба гуфти мутахассисон «ЮТэйр-Лизинг» ба бозори авиатсионии Осиёи миёна ворид шуда, сараввал бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкориро оғоз намудааст. Дар назар аст «ЮТэйр-Лизинг» бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда парки техникии фурудгоҳро пурра намояд ва ҳамчун шарики стратегӣ дар оянда низ бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкориҳоро вусъат диҳад, гуфтааст и.в. директори «ЮТэйр-Лизинг» Мария Швартс. Ёдовар мешавем, ки фурудгоҳи Душанбе калонтарин фурудгоҳи кишвар ба шумор рафта, дар айни ҳол имкони техникии хизматрасонӣ ба ҳамаи намуди ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофиркаш ва боркашро дорад.

Ноябрь 12, 2013 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад