Бинои нав барои хонаи бачагони Кангурт

Декабрь 12, 2013 11:21

Кӯлоб, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар давоми се соли охир фақат дар минтақаи Кӯлоб бо маблағгузории ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ садҳо мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ таъмиру навсозӣ шуданд. Дар ин муддат мактабҳои нав низ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ҳамин замина бо фармоиши Дирексияи сохтмонии иншооти дастгоҳи Президенти ҶТ барои сохтмони биноҳои нав дар хонаи бачагони ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик маблағ ҷудо шуда, аз ҷониби ширкати сохтмони тиҷорат бунёди иншоот оғоз гардид. Маврид ба ёдоварист, ки бинои мактаби мазкур ҳанӯз солҳои панчоҳуми асри гузашта сохта шуда ва баъди ба истифода супоридани биноҳои нав шароити тарбиятгирандагону омӯзгорон беҳтар хоҳад шуд. Дар айни замон сохтмони зербинои хобгоҳ аз рӯи нақша идома дорад ва бо ҷалби техникаи муосир сохтмончиён мақсад доранд, то соли нави мелодӣ сохтмони ошёнаи якумро ба анҷом расонанд.

Декабрь 12, 2013 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш