Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Эълони Созмони Милали МуттаҳидДушанбе, 23 декабр.(АМИТ «Ховар»).Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид бархурдҳои рўзҳои охирро, ки дар Судони Ҷанубӣ рух доданд, оғози ҷанги идомадори шаҳрвандӣ унвон намуданд.Чанд рўз қабл силоҳбадастони ошӯбгар, минтақаи дорои захираи боий нафти Юнитиро дар шимоли мамлакат зери тасарруфи худ гирифтанд. Артиши давлатӣ мавқеи худро дар штати Ҷонглей, ки задухўрди байни низомиён ва ошӯбгарон идома дорад, мустаҳкам намуд. Марги 7 нфар дар Амрико Душанбе, 23 декабр.(АМИТ «Ховар»).-Боришоти барфи зиёд ва борони пай дар пай, дар штатҳои Аёва, Висконсия, Мичиган, Небраска ва Ню-Мехикои Амрико боиси обхезӣ ва омадани сел гардид.Ба асари ин рӯйдоди табиӣ 7 нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар дар ҳолати вазнин қарор дорад. Обхезӣ ба хоҷагии халқи штатҳои номбурда, хисороти зиёд ворид намуд. Ба ақидаи сокинон чунин боришоти зиёди барфро дар давоми 10 соли охир дар ёд надоранд. Штатҳои Арканзас, Мисиссипӣ ва Луизиана дар иҳотаи тундбоди шадид қарор доранд. Бархўрди 40 мошин дар РуминияДушанбе, 23 декабр.(АМИТ «Ховар»).Дар қисми шимолу ғарбии Руминия садамаи нақлиётӣ ба амал омад.Дар яке аз шоҳроҳҳои мошингарди ин кишвар вобаста ба яхбандӣ дар роҳҳо якбора 40 мошин ба ҳам бархўрданд.Бар асари ин ҳодиса даҳҳо нафар ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.Мувофиқи иттилои расида, чунин сардии ҳаво як ҳафта боз идома меёбад. . Бурди лотерея дар ИспанияДушанбе, 23 декабр.(АМИТ «Ховар»).Дар Испания якбора 160 нафар аз бозии лотереяи «Ел Гордо» бурд карданд.Вобаста ба гарон будани арзиши лоторея сокинони мамлакат билетҳоро дастҷамъона харидорӣ менамоянд.Пас аз бурд кардан маблағро байни худ баробар тақсим мекунанд.Имсол бурди асосӣ ба билети лоторея таҳти рақами 62 ҳазору 246 афтод.Акнун 160 нафар, ки аз рўи ин рақам бурд кардаанд, 400 ҳазор евроро байни худ баробар тақсим менамоянд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






