Мулоқоти Ш. Султонов бо Р.Демченко
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Украина Руслан Демченко баргузор гардид. Тавре ки аз Сафорати Тоҷикистон дар Украина хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд. Ба масоили марбут ба иҷрои аҳду паймонҳои қаблӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан муфиди иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Дар робита бо ин, аҳамияти татбиқи қарорҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе доир шуда буд, ҳамчунин иҷрои Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду кишвар таъкид гардид. Шӯҳрат Султонов аз ҷониби Украина хоҳиш намуд, ки масъалаи зудтар ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони бинои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Киев тезонида шавад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






