Мусобиқоти 22-юми байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2014

Декабрь 5, 2013 16:34

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Аз 24 –уми январ то 2-юми феврали соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия мусобиқоти 22-юми байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2014 баргузор мешавад. Дар мусобиқоти мазкур 12 дастаи мунтахаби ҷавонон ширкат меварзанд. Мувофиқи низомномаи мусобиқот соли таваллуди бозингарон 1993 ва аз он хурд мебошад. Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский» барпо мегарданд. Дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2014 бар асоси қуръакашӣ ба се гуруҳ тақсим шудаанд. Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар гуруҳи «А» бо тимҳои Эстония, Украина ва Қирғизистон рақобат хоҳад кард. Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 24-уми январ бо тими Эстония баргузор мешавад. Дарвоқеъ, Ҷоми Иттиҳод-2014 бо бозии футболбозони ҷавони Эстония ва Тоҷикистон оғоз меёбад. Маврид ба ёдоварист, ки мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба Ҷоми Иттиҳод-2014 таҳти роҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев рӯзи 20-уми декабр дар шаҳри Душанбе шуруъ мекунад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Декабрь 5, 2013 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд