Шиносоӣ бо осорхонаҳои мактабии вилояти Суғд

Декабрь 12, 2013 14:20

Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева.)-Чанде пеш корманди илмии осорхонаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Қурбоналӣ Гадоев бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти кори осорхонаҳои мактабӣ ва ёрии методӣ расонидан ба ноҳияҳои Шаҳристон, Истаравшан ва Исфараи вилояти Суғд сафари корӣ намуд. Тавре ки мудири осорхонаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Саодат Фатҳуллоева иттилоъ дод, корманди илмии осорхона Қурбоналӣ Гадоев бо фаъолияти кори осорхонаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и деҳаи Набкенти ноҳияи Шаҳристон шинос шуда, оид ба ҷо ба ҷогузории ҳуҷҷатҳои осорхона ёрии методӣ расонид. Дар осорхонаи мазкур 100 номгӯй нигора мавҷуд аст. Дар осорхонаи мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 9-и ноҳияи Истаравшан камбудии зиёд дида шуда, ёрии методӣ расонида шуд. Инчунин дар ноҳияи Исфара 10 осорхонаи мактабӣ мавҷуд аст. Осорхонаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 36–и ҷамоати Чилгазии ноҳияи Исфара аз шуъбаи таърихию кишваршиносӣ, шуҳрати ҷангӣ, шуъбаи маданӣ иборат мебошад. Омӯзгорони мактаб дар ҷараёни дарсҳои таълимӣ аз нигораҳои осорхона истифода бурда, аз бойигарии таърихии кишварамон ба хонандагон маълумот медиҳанд. Нигораҳои осорхонаи мактаб 700 номгуйро дар бар мегиранд.

Декабрь 12, 2013 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш