Таҷлили ҷашнҳои фархунда

Декабрь 12, 2013 09:48

Душанбе,12 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Бо мусоидати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг соли 2014 700- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600 солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва 100 солагии Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ ва соли 2015 3000- солагии Ҳисор ботантана таҷлил хоҳад шуд.Қалъаи Ҳисор дар 30 километрии ғарбии шаҳри Душанбе, дар масоҳати 22 гектар воқеъ гардида, яке аз ёдгориҳои муҳими таърихиву фарҳангии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин маҷмааи таърихӣ дар поёни асри 19 аз ду мадраса, даҳҳо масҷид, чор дарвозаи шаҳрӣ ва як бозори марказӣ иборат будааст.

Декабрь 12, 2013 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш