Ҳалли масъалаҳои глобалии об, як дарё дар айни замон

Январь 22, 2014 16:35

Душанбе, 22 январ (АМИТ “Ховар”).- Конфронси байналмилалии сатҳи баланди СММ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷиҳати муҳим будани оби тоза барои зиндагӣ ва энергия равона шуда буд.  Дар ҳоле, ки 11 триллион галлон ҳаҷми оби тоза дар замин вуҷуд дорад, партовҳо ва низоми нооқилонаи тақсимоти он ин захираи аз ҷиҳати назариявӣ тамомнашавандаро ба маҳсулот барои савдо ва мусобиқаи сармоягузорон, миллатҳо ва гуруҳҳои ғайриҳукуматӣ табдил додаанд. Имкониятҳои сармоягузорӣ бисёр аст, масалан барои лоиҳаҳои инфрасохторӣ 11 триллион доллари амрикоӣ то соли 2030 танҳо барои ақиб намондан аз ҷаҳон лозим аст. Дар айни замон тақрибан 800 миллион одам аз истифодаи сарчашмаҳои оби тоза маҳрум мебошад ва эҳтиёҷи асосии гуманитарӣ ба сарбандҳо, лӯлаҳои об ва корхонаҳои обтозакунӣ ҳеҷ гоҳ дар мадди назари аввал намеистад. Имрӯз на ҳама медонанд, ки ҷумҳурии Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон захираҳои бузург барои мубаддал гаштан ба кишвари абарқудрати ҷаҳониро дорад, ки дар ин ҷо ҳуқуқ ба об воситаи наве барои пайдо кардани эътибори ҷаҳонӣ мебошад. Дарёҳои ин кишвар дар як сол 14 триллион галлон обро ба боқимондаи баҳри Арал мерезанд, ҳамзамон 4% захираҳои тамоми гидроэнергетикиро ташкил мекунанд. Аз сабабе, ки ин захира барои як қатор кишварҳои поёноб ҳаётан муҳим мебошад, дастрасӣ ба ҷараёни об масъалаи нигаронкунандаи байналмилалӣ мебошад ва яке аз сабабҳое мебошад, ки Созмони Милали Муттаҳид пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанберо макони гузаронидани Конфронси сатҳи баланд дар соҳаи об интихоб намуд. Ман барои иштирок намудан дар Конфронс ба ин шаҳр рафта будам ва имкони мусоҳиба намуданро бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омодагии ин кишвар ҷиҳати ворид шудан ба иқтисоди оби ҷаҳонӣ, доштам. Тавзеҳоти ӯ омӯзанда буда, ба масъалаҳои зерин равшанӣ андохта буданд:● Зиёда аз 15% аҳолии ҷаҳон имкон надоранд ба қадри кифоя оби тозаи ошомиданиро барои ҳаёти худ истифода баранд. Барои қисмати зиёди одамон як пиёла оби тоза неъмати бебаҳо ба ҳисоб меравад. ● Нисфи кишварҳои ҷаҳон бо кишварҳои ҳамсоя захираҳои обии худро тақсим мекунанд. ● Муносибатҳои ин кишварҳо дӯстона нест. Дар аксар мавридҳо истифодаи об сабаби такаллуфи муносибатҳо мегардад. ● Агар ҳамаи кишварҳо обро ба монанди ИМА ва Аврупо ба миқдори зиёд сарф намоянд, ба мо 250%-и дигар ба ғайр аз он обе, ки дар айни замон табиат ба мо медиҳад, лозим аст. • 70%-и харитаи ҷаҳонро об ташкил медиҳад, агар фикр кунӣ, ба ҳама мардуми ҷаҳон ин кофӣ аст, валле истифодаи оқилонаи он сатҳи муайяни ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозиро, ки вуҷуд надорад, талаб мекунад. Президент Э.Раҳмон махсусан ба мавзӯи об ва ҳамкорӣ дар соҳаи об таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Ӯ ҳар лаҳза муҳим будани масъалаҳои обро дар ҷамъияти байналмилалӣ,пайравии Тоҷикистонро ҷиҳати иштирок дар ин масъалаҳо ва кумаки кишвари худро барои муколамаи мавҷуда миёни миллатҳо такрор намуд.Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки об на танҳо масъалаи минтақавӣ, балки масъалаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин росто, Тоҷикистон ташаббусҳои навро пешниҳод менамояд ва ҷиҳати баргузории муколама вобаста ба оби бехатари ошомиданӣ, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба беҳдоштӣ- дигар масъалаҳои ҳаётан муҳиме, ки баъзан ба онҳо аҳамияти хосса зоҳир намегардад, кумак менамояд. Бо дарки муҳим будани ин таҳдиди глобалӣ ӯ аз пешниҳоди Маҷмааи Умумии СММ ҷиҳати эълон намудани соли 2013 – ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об пуштибонӣ намуд. Э.Раҳмон шахси муҳим барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи СММ ба масъалаи об муддати солҳои 2015-2025 таҳти унвони “Даҳсолаи ҳамкорӣ дар соҳаи об” ба ҳисоб меравад. Президент Э. Раҳмон зикр намуд, ки оид ба масъалаҳои обии сарҳадгузар дар қисматҳои гуногуни ҷаҳон корҳои бисёре ба анҷом расонида шудаанд, ки ба дигар минтақаҳо- ба монанди Осиёи Марказӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои обии сарҳадгузари худ намуна бояд шавад. Ӯ пешниҳод намуд, ки роҷеъ ба ҳалли ин масъала бисёр муфид мешуд, агар СММ нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи обро барои миллатҳое, ки захираҳои обро тақсим мекунанд, омода кунад, то ки онҳо тавонанд онро дар амал иҷро намоянд. Миллатҳои алоҳида ин масъаларо дар танҳоӣ ҳал карда наметавонанд,- мегӯяд ӯ. Ҳангоме, ки кишварҳое ба монанди Тоҷикистон захираҳои обиро идора мекунанд, кишварҳои ҳамсояи поёноб ба истифодаи ҷараёни об, яъне ба ҳиссаи худ ҳақ доранд. Дар ин росто, воситаи ягона ҷиҳати пешгирии таҳдиди об барои оби бехатари ошомиданӣ ва санитария ин ҳамкории сатҳи баланд миёни кишварҳои аъзои СММ, ҷонибҳои мувофиқи ҳавасманд ва ҷамъияти шаҳрвандӣ мебошад. Аҳду паймон дар соҳаи об ё ин ки муборизаМутаасифона, дар айни замон бе ягон нақшаи кории мизӣ, дастрасӣ ба захираҳои оби тоза барои кишварҳои аз Марокаш то Чин якбора боиси пайдошавии ҳолати стратегӣ мегардад. Ҳамчуноне, ки сармоягузори ҷаҳонӣ Ҷим Роҷерс қайд намудааст, мубориза барои об дар ғарби Баҳри Сурх ногузир аст, ин дар ҳолате, ки дар дигар қисмати ҷаҳон ба ҷои масъалаи об танҳо масъалаи нефт афзалият дорад. Президент Э.Раҳмон мудохилаи ҷамъияти байналмилалиро дар баҳсҳо роҷеъ ба масъалаи об меписандад. Ба ақидаи ӯ ин масъала муҳим буда, на танҳо масъалаи як кишвар ҷиҳати ноил шудан ба манфиатҳои худ, новобаста аз кишварҳои ҳамсоя аст. Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва таҷрибаи пешқадам ба ҳар як кишвар ҷиҳати дастрас шудан ба ҳақи худ манфиатбахш аст ва албатта барои ин ҷараён бахши хусусӣ лозим аст, ки он қисми ин ҷараёнро ташкил медиҳад. Ҳангоме дар бораи сарбанди Роғуни деринтизор- сарбанди баландтарини ҷаҳон пурсон шудам, Президент иброз намуд, ки ин лоиҳа бешубҳа барои тамоми мардуми тоҷик манфиатбахш аст, яъне онҳо ба фоизи хурди оби кишвар, боигарии кишвар, ки ба энергияи муътамад ва таҷдидшаванда табдил меёбад, соҳиб мегарданд. Вале ӯ берун аз сарҳади Тоҷикистон назар мекунад, Э.Раҳмон инчунин илова намуд, ки Роғун барои тамоми кишварҳои минтақа ояндаи равшан мебошад, аз ҷумла ва махсусан барои Афғонистон ва Покистон, ду кишвари ҳамсоя, ки ба бехатарии энергетикии беҳтар эҳтиёҷ доранд. Дар охир, Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуд, ки ин сарбанд сатҳи пасти зиндагиро кам ва ба шукуфоии минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар натиҷа миллионҳо одамон ба иқтисоди энергетикӣ ворид шуда, ба нестшавии ҳаракатҳои ирҳобӣ (террористӣ) ё ин ки гурӯҳҳои ифротӣ оварда мерасонад, мусоидат хоҳад кард. Тавзеҳоти Президент воқеан ҳам масъалаи мушкил аст, вале тарз ва лаҳни гуфтори ӯ , умеди самимонаи Э.Раҳмон гувоҳи он аст. ки шахс дар ҳақиқат ҳам қобилияти иҷро намудани ин масъалаҳоро баъд аз пирӯз шудан дар интихоботи президентӣ дорад. Бо ин мақсад, ӯ даъват намуд, ки Конфронси сатҳи баланд дар соҳаи об дар Тоҷикистон гузаронида шавад ва ин сеюмин ҷаласаи байналмилалӣ аст, ки дар ин кишвар гузаронида шуд. Даҳсолаи об, ки аз ҷониби СММ эълон гардидааст, чаҳорум аз чунин ташаббусҳо ба ҳисоб меравад. Оид ба амалҳои ҷаҳонӣ барои обКонфронси сатҳи баланд дар соҳаи об худ як муваффақият буд, ки 1000 ҳайат аз 90 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Мавзӯъҳои муҳокимашуда аввалан ба талаботи кишварҳои ҳамсоя ҷиҳати ворид шудан ба муҳовараи марбут ба масъалаҳои оби бехатарӣ, инчунин ба таъсири тағийрёбии иқлим ба миллатҳои поёноб ва ҷазираҳо ва дигар масъалаҳо вобаста ба оби бехатар иртибот доштанд. Дар муҳокимаи ҳамаи масълаҳо бисёриҳо иштирок намуданд ва фаъол буданд. Новобаста ба он, ки на ҳама суханрониҳо ва натиҷаҳои чорабинӣ дар он шакле, ки баъзе нозирони тоҷик умед доштанд, таҳия нагардид, вале ҳар шахсе, ки бо ҷараёни ба даст овардани якдигарфаҳмӣ миёни кишварҳои аъзои СММ шинос ҳастанд, вазъияти муқаррарӣ будани онро дар ин равиш медонад. СММ бюрократияи бузург буда, амалҳои воқеӣ дар атроф ва берун аз чорабиниҳои диққатро ҷалбкунанда ба анҷом расонида мешаванд, аммо ин чорабиниҳо худ таҷассумгари мақсад, майлу рағбат ва пайравӣ ба ин равиш мебошанд. Аксари иштирокчиёни конфронс ҳамкорони дури худро оид ба нигарониҳои худ ё ин ки ба онҳо монандро, ки ба об вобаста буданд, шуниданд ва иҷрои масъалаи об, ки мумкин аз ҳама неъмати қиматбаҳои табиат аст, оғоз намуданд. Сӯҳбат оиди ин мавзӯъ оғоз ёфт ва бояд идома дода шавад. Ҳиллари Крамер

Январь 22, 2014 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад