Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2013

Январь 8, 2014 13:47

 
Душанбе, 8 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). –Вазифаҳои асосии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ, бо кор таъмин кардани шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ, муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо ин мақсад, соли ҷорӣ хадамот якчанд лоиҳаи Созишномаро бо давлатҳои хориҷи дуру наздик  таҳия ва такмил дода, барои мувофиқа ва омўзиши тарафҳо, тибқи муқаррарот ба унвони  Давлати Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Украина ирсол кардааст.
Ба ғайр аз ин,  соли ҷорӣ тибқи муқаррарот 17 мулоқот бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират  баргузор гардид, ки дар он ҳамаи ҷанбаҳои марбут ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 
Хадамоти муҳоҷират бо мақсади вусъат додани корҳо  ҷиҳати таълими касбӣ  ва забономўзии муҳоҷирони меҳнатӣ, дар ҳамкорӣ бо  вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва Хадамоти федералии муҳоҷирати  Русия лоиҳаи Созишномаро оид ба ҷалби муташаккилонаи  шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия таҳия намуда, моҳи апрели соли ҷорӣ тавассути  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудааст.  
Хадамоти муҳоҷират дар давраи ҳисоботӣ ҳамкории байниидоравиро бо дигар мақомоти давлатӣ, ғайридавлатӣ, ҷамъиятӣ, байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ рушд дода, ҳамоҳангсозии масъалаҳоро амалӣ намуд.
Аз ҷумла, 2 июли соли 2013  Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳоҷират ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” ба имзо расонида шуд. Ҳадаф аз имзои Ёддошти тафоҳуми мазкур, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои ҷалби онҳо дар рушди соҳаи  иқтисодию иҷтимоии кишвар буд.
Бо мақсади пурзўр намудани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ дар  байни муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва алалхусус ҷавонон, 10 июли соли 2013  Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти муҳоҷират ва Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ  ба имзо расонида шуд.
Дар ин сол ба хадамот муяссар гардид, ки корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо ва  сокинони  кишварро дар ҳамаи манотиқи  ҷумҳурӣ ва таъмин намудани онҳоро бо маводи чопии иттилоотӣ ба роҳ монад.
Дар натиҷаи корҳои гузаронидашуда, муроҷиати шаҳрвандон ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе хеле зиёд гашт. Агар дар давоми соли 2012 ба шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират  танҳо 547 нафар бо дархост муроҷиат кардааст, пас соли ҷорӣ шумораи муроҷиаткунандагон  15480   нафарро ташкил дод. 
Мутаассифона, дар иҷрои бандҳои Нақшаи чорабинии “Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хориҷа барои солҳои 2011-2015” камбудиҳо низ ҷой доштанд, ки ҳалли онҳо бештар аз маблағгузорӣ вобаста аст. Стратегияи мазкур ташкили марказҳои минтақавии машваратӣ ва омодагии муҳоҷирони меҳнатиро пешбинӣ намудааст,  вале мутаассифона, Вазорати молия онро дастгирӣ накарда, маблағ  ҷудо намекунад.
Хадамоти муҳоҷират ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии муҳоҷирони меҳнатӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ диққати ҷиддӣ медиҳад ва бо мақсади гузаронидани мониторинг дар самти мазкур,   27 майи соли 2013 фармон «Дар бораи таъсис додани гуруҳҳои корӣ ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ» ба тасвиб расид, ки тибқи он дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳайати  гуруҳи корӣ аз 28 июн  то 1 октябри соли 2013 бо 1395 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба ҳолати будубош, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, донистани забон, доштани касбу ихтисос ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи он,    суҳбату вохўриҳо  гузарониданд. 
Дар натиҷа  маълум гардид, ки  380 нафар ё ин ки 36,7% муҳоҷири меҳнатӣ дорои касбҳои коргарӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он мебошанд, 601 нафар ё ин ки 23,2% дорои касбу ҳунар, лекин бе ҳуҷҷати касбии тасдиқкунанда, 406 нафар ё ин ки 34,3% бе ягон касбу ҳунар мебошанд. Аз ҷумла, 465 нафар ё ин ки 30,0% забони русиро хуб медонанд, 561 нафар ё ин ки 24,8% метавонанд муошират намоянд ва 358 нафар ё ин ки 38,9% забони русиро намедонанду ба ин нигоҳ накарда, ба Федератсияи Русия сафар мекунанд. 
Ба давраи ҳисоботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 субъекти хоҷагидор дорои иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷират оид ба интиқоли қувваи корӣ  ба хориҷа мебошад ва танҳо 14-тои он фаъолияти доимӣ дорад. Дар ин муддат тавассути субъектҳои хоҷагидор 4556 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷа бо кор таъмин шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (4530) 26 нафар  зиёд мебошад. 
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор»дар давраи ҳисоботӣ бо як қатор субъектҳои хоҷагидори  Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус тибқи дархостҳои расмӣ ва мавҷуд будани ҷойҳои кории холӣ,  шартнома баста, тибқи шартнома  648 нафар (дар соли 2012 — 476 нафар) шаҳрвандони ҷумҳуриро дар хориҷа бо кор таъмин кард. 
Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия дар давраи ҳисоботӣ 726 нафарро бо ҷойи кор таъмин намуда,  дар ҳамин давраи соли 2012 – 1027 нафар  соҳиби ҷойи кор гашта буданд.
Ба ҳолати 15 декабри  соли 2013 аз ҷумҳурӣ  939492 нафар (дар соли 2012-877335) (+62157)  шаҳрвандони кишварамон ба хориҷа сафар намуданд, ки аз он, 786384 нафар (дар соли 2012-753328) (+33056)мардҳо ва 153108 нафар (дар соли 2012-124007) (+29101) занҳо мебошанд.
Аз ҳисоби умумии шаҳрвандони мазкур 779396 нафар (соли 2012-744360) (+35036)  муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки ин 83%-и миқдори умумии  рафтагонро ташкил медиҳад. Аз ин шумора, 682135 нафар (дар соли 2012-657345) (+24790)  мардҳо ва 97261 нафар (дар соли 2012-87015) (+10246) занҳо мебошанд. 
Муҳоҷирони меҳнатии кишварамон дар ин муддат  ба давлатҳои зерин сафар кардаанд: Федератсияи Русия – 768220 нафар, Қазоқистон – 8613, Қирғизистон – 424, Украина – 75, Озарбойҷон – 21, Ӯзбекистон – 15, Афғонистон – 647, Давлатҳои Араб – 448, Туркия – 410, Хитой – 321, Олмон – 21, Ҳиндустон – 3, Кореяи Ҷанубӣ – 3 нафар. 
Дар давраи ҳисоботӣ аз хориҷа 739165 нафар шаҳрвандон (дар соли 2012-673434) (+65731) ба ҷойҳои муқимии худ  бозгаштанд, ки аз инҳо  604527 нафар (дар соли 2012-564130) (+40397) мардҳо ва 134638 нафар (дар соли 2012-109304) (+25334) — занҳо буданд.
Аз шумораи умумии бозгаштагон 605636 нафар (соли 2012-581922) (+23714) муҳоҷирони меҳнатӣ  буда, 520588 нафар (соли 2012-500825) (+19763) мардон ва 85048 нафар (соли 2012-81097) (+3951) занон    мебошанд.
Дар айни замон 81 ташкилоти ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон  ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Русия  фаъолият доранд ва Хадамоти муҳоҷират  бо онҳо ҳамкорӣ ва робитаи устувор дорад.
Ҳамзамон, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ  дар Ҷумҳурии Украина, 2  ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон дар Ҷумҳурии Қирғизистон,  1 ҷамъият ва 7 маркази фарҳангии тоҷикон дар Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият доранд.
Мутобиқи дархости расмии  сохторҳои зертобеи хадамот танҳо дар вилояти Хатлон ва Суғд 23 нафар соҳибкор, ки дар хориҷа будубош доранд, якчанд иншооту корхонаҳоро дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои худ бунёд намуданд. 
Дар давраи ҳисоботӣ ба 232 субъекти хоҷагидор (соли 2012 – 243) барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома супорида шудааст ва дар ин муддат ба 6342 нафар шаҳрвандони хориҷӣ (соли 2012 – 5211 нафар) иҷозат барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 1131 нафар зиёд мебошад. Аз ин миқдор, 2136 нафар мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ тибқи муқаррарот аз квота озод мебошанд. Аз тарафи субъектҳои хоҷагидор, ки муҳоҷирони меҳнатии хориҷиро барои кор даъват кардаанд, зиеда аз 18768 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро бо ҷойи кор ва музди меҳнати арзанда таъмин карданд. 
Шаҳрвандони хориҷии дорои иҷозат асосан  дар соҳаҳои саноат – 1240 нафар, сохтмон –1455 нафар, истеҳсолот-1168 нафар, савдо ва хуроки умумӣ  – 1361 нафар, хоҷагии коммуналии зист ва хизмати маишии аҳолӣ – 360, тандурустӣ ва варзиш – 289, нақлиёт – 37, алоқа  ва авиация – 168, кишоварзӣ – 165, маориф -61, геология -38 нафар фаъолият карда, онҳо намояндагони зиёда аз 50 давлати хориҷи дуру наздик мебошанд.
Бо мақсади пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон,  кормандони Хадамот дар якҷоягӣ бо масъулини Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти махсус  оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати   ғайриқонунӣ ва фурӯши одамон таҳти унвони шартии «Нелегал-2013», ки ду марҳиларо —  аз 13 май то 31 май ва аз 23 сентябр то 11 октябри соли 2013 дар бар мегирифт,  гузарониданд.
Дар натиҷа бо назардошти бурдани назорати доимӣ дар давоми давраи ҳисоботӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 15034 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати риоя намудани қонунгузории миллӣ дар самти муҳоҷират санҷида шуданд. Барои вайрон кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати  793 нафар протоколи маъмурӣ (соли 2012 – 644) тартиб дода шуда, аз ин миқдор 438 нафар бо қарорҳои судӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ ронда шуданд.
Ба Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия   дар давраи ҳисоботӣ  2637  (2743- соли 2012)   муроҷиат ва арзу  шикоят ворид гардида, аз ин шумора,  2317 (2317- дар соли 2012)  муроҷиати шифоӣ ва 320 (400- соли 2012) арзу шикояти хаттӣ мебошад. Инчунин, ба 118 нафар (соли 2012 ҳамагӣ 15) шаҳрвандон кўмаки ҳуқуқӣ ва ба 96 нафар (с. 2012 ҳамагӣ 16) кўмаки моддӣ расонида шуд. Ба ғайр аз ин, Намояндагӣ бо кордиҳандагони Русия 11 шартномаи ҳамкориро ҷиҳати  бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба имзо расонидааст, ки чунин иқдом дар  соли 2012 анҷом дода нашуда буд.             
Аз тарафи Намояндагӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2013 дар ҳаҷми 9 млн.  603 ҳазор (дар соли 2012 — 14 млн.270 ҳазор 085) рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи  муҳоҷирони меҳнатӣ баргардонида  шуд. Бо мусоидати Намояндагӣ 11 адад (дар соли 2012- 9) қарори суди ноҳиявии шаҳри Маскав оид ба берун кардани шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз қаламрави Федератсияи Русия, аз нав дида баромада бо қарори мақомоти суди болоӣ бекор карда шуд. Вобаста ба муроҷиати 33 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ,  бо кўмаки ҳуқуқшиносонии ташкилоти «Миграция и закон» ва дигар адвокатҳое, ки Намояндагӣ бо онҳо ҳамкорӣ дорад, шикояти касатсионӣ тартиб дода шуд ва он дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
Дар ёздаҳ моҳи соли 2013 ба хадамот 18103 ҳуҷҷати расмӣ ва муроҷиати шаҳрвандон  (соли 2012 — 5022)  ворид шуд, ки ин  нисбат ба соли гузашта 12081 адад зиёд мебошад. Аз ин миқдор 178 (161) ҳуҷҷат аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 212 (183) ҳуҷҷат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 985 (990) ҳуҷҷат аз вазорату идораҳои дахлдор, 2205 (3554) ҳуҷҷат аз ташкилоту муассисаҳо, 156 (53) мактуб аз Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия ва 14367(81) аризаю муроҷиат  аз ҷониби шаҳрвандон ворид шудааст.
Ҳамзамон, кормандони Хадамоти муҳоҷират 14220 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро ба таври  инфиродӣ қабул намуда, маслиҳатҳои муфид дода ва ҳалли масъалаҳоро ба анҷом расониданд. Хадамоти муҳоҷират дар соли 2014 фаъолияти худро беҳтар намуда, ҳамзамон нақша дорад дар давоми соли 2014 лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ” ва “Дар бораи агентиҳои хусусии шуғл”-ро  қабул намояд. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия масъалаи авфкунӣ ё легализатсияи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо сабаби риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар ғайрирасмӣ фаъолияти корӣ доштанд, баррасӣ намоянд, мутобиқи талаботи “Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015”, марказҳои минтақавӣ оид ба омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатиро ташкил карда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия ба таври доимӣ ҳар семоҳа мубодилаи иттилоотӣ оид ба шаҳрвандони кишварамон, ки ба онҳо ворид гардидан ба Русия манъ аст, амалӣ намоянд. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кардани дарсҳои омўзиши касбию техникӣ дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, тақвият бахшидан ба масъалаи ба имзо расонидани Созишномаи байниҳукуматӣ бо Федератсияи Русия оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳал намудани масъалаи таъмини муҳоҷирони меҳнатии кишварамон бо полиси суғуртавии тиббӣ ҳангоми воридшавӣ ба қаламрави Федератсияи Русияро дар назар дорад. Бо назардошти афзоиш ёфтани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, хадамот нақша дорад, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис диҳад.  
 
 
 
 

Январь 8, 2014 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад