Афзоиши шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ

Январь 13, 2014 15:46

Душанбе, 13 январ. ( АМИТ «Ховар», Сабоҳат Қадамова) — Дар соли 2013 шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 532 адад расид, ки нисбат ба соли гузашта 14 адад зиёд мебошад, -гуфт муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев зимни нишасти матбуотӣ бо ВАО. Ба иттилои мавсуф, шумораи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ба 76 ҳазору 370 нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1912 нафар зиёд мебошад. Ҳамзамон дар ҷумҳурӣ 27 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба соли гузашта 7 адад зиёд аст. Дар давраи ҳисоботӣ шумораи марказҳои инкишофи кӯдакон зиёд гардид. Агар дар соли 2012 711 марказ фаъолият менамуд, пас ин теъдод дар соли 2013 ба 888 адад расид.-Яке аз мушкилоти асосӣ дар зинаи таҳсилоти томактабӣ нарасидани мутахассисон ба шумор меравад. Аз 3612 нафар мураббиёни кӯдакистонҳо 412 нафари онҳо бо таҳсилоти миёнаи умумӣ кор мекунанд. Инчунин дар 509 муассисаи томактабӣ 189 нафар роҳбарони мусиқӣ намерасанд,- иброз дошт муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев дар ҳисоботи шашмоҳаи вазорати мазкур.

Январь 13, 2014 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад