Аз 102,4 млн. сомонии изофанависӣ 58,8 млн. сомонӣ барқарор шуд

Январь 17, 2014 09:12

Душанбе, 17 январ. (АМИТ “Ховар”, Лутфия Эшонқулова).- 102,4 млн. сомонӣ зарари молиявӣ зимни гузаронидани тафтишу санҷишҳо дар 52 вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ ва сохторҳои тобеи онҳо дар давоми соли 2013 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор гардида, дар натиҷа аз он 58,8 млн. сомониаш барқарор карда шудааст.Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Агентии мазкур хабар доданд, санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ муайян намуд, ки роҳбарони як қатор идораҳои давлатӣ талаботу меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи ҷумҳуриро риоя накарда, маблағу воситаҳои давлатиро босамар истифода намебаранд. Бино ба иттилои манбаъ камбудию норасогиҳои зиёди молиявӣ, хусусан дар соҳаҳои энергетика ва саноат, кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, инчунин дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, хадамотҳои гумрук, алоқа, Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ошкор шуданд. Дар ин давра инчунин фаъолияти як қатор ҷамъиятҳои саҳомии масъулияташон маҳдуд, корхона ва муассисаҳои ғайридавлатӣ, ки бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ кору фаъолият намудаанд, мавриди тафтишу санҷишҳо қарор дода шуд. Хусусан камбудию норасогиҳои нисбатан калон дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявии сохторҳои собиқ Вазорати энергетика ва саноат муайян шуданд, ки дар 48 корхонаву муассисаҳои тобеи он зарари молиявӣ маблағи 27,4 млн. сомониро ташкил медиҳад. Зиёда аз 60 фоизи зарари молиявии ошкоргардида, ё ин, ки 16,9 млн. сомонии он дар ташкилоту муассисаҳои Ширкати саҳомию холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” муайян шуд. Таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодии ширкат муайян намуд, ки қарзҳои дебитории корхона ба ҳолати 1 марти соли 2013 маблағи 863,9 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали солҳои 2012-2013 мутаносибан ба маблағи 242,6 млн. сомонӣ ва 91,8 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, он асосан аз ҳисоби пардохт нагардидани қувваи барқи истифодашуда аз тарафи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об, корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ва аҳолӣ ба амал омада, сол то сол тамоили зиёдшавӣ дорад. Аз ҷумла, қарздории аҳолии ҷумҳурӣ бошад, ба ҳолати 1.03 соли 2013 маблағи 355,5 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба 1.01 соли 2012 ба маблағи 70,5 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.Омўзиш ва таҳлили сабабҳои зиёдшавии қарзи аҳолӣ аз истифодабарии қувваи барқ дар ҶСК «Шабакаи барқии Душанбе» муайян намуд, ки дар асл қарзи муштариёни шаҳри Душанбе ба ҳолатҳои 1 январи соли 2012 маблағи 39,4 млн. сомонӣ ва 1 апрели соли 2013 маблағи 62,9 млн. сомониро ташкил медиҳанд, вале ин қарзҳо дар ҳисоботҳои муҳосибӣ беасос 2-3 баробар зиёд нишон дода шуда, мутаносибан ба маблағи 96,8 млн. сомонӣ ва 120,6 млн. сомонӣ сабт карда шудаанд.

Январь 17, 2014 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад