Барои ворид шудан ба сиёсати бузург иҷозатнома зарур аст

Январь 22, 2014 12:04

Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар»). — 16 январи соли 2014, баъди даргириҳое, ки 11 январи соли 2014 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дода буд, аввалин бор сардори ситоди Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал –майор Файзуллоев Ш.Д. ҳодисаи фоҷеаборро расман шарҳ дод. «Сукут»-и тӯлонии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ-ро дар қиёс бо тафсири ғаразноки ҷониби Қирғизистон арзёбӣ карда, ӯ таъкид намуд, ки оид ба қазияи мазкур таҳқиқот гузаронида шуда, бидуни натиҷаи он бознамои айнии ҳодисаи мазкур ғайримумкин аст. Вале бо роҳи интишори изҳороти беасос ва таҳрикзо шиддат бахшидани вазъиятро дар расонаҳо марзбонони тоҷик фиреби сиёсӣ ва дур аз касбият дониста, онро ғайри қобили қабул шумориданд.  Воқеан, мусоҳибаи сардори ситоди Қӯшунҳои сарҳадии ҶТ-ро аз назар гузаронида, кас итминон ҳосил мекунад, ки барои пайдо кардани ҳақиқат ҷидду ҷаҳди зиёде анҷом дода шудааст. Он дар асоси манбаҳои ҳуҷҷатии эътимодноку ҳақиқӣ, таҳқиқи амиқи ҷои ҳодиса ва муқоисаи воқеаҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қарордодҳои дуҷонибаи қаблан ба даст оварда таҳия шудааст. Он холӣ аз эҳсосот, танҳо дар асоси воқеияту бо ишора ба асноди мушаххас омода гардидааст.Рӯзи дигар муовини нахуствазири Қирғизистон Токон Мамитов изҳороти расмии сардори ситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-майор Файзуллоев Ш.-ро шарҳ дода, чунин гуфтааст: «Минтақае, ки дар он роҳи мошингарди давродавр дар вилояти Ботканд сохта мешавад, аз они мост ва Тоҷикистон ошкоро дурӯғ мегӯяд». Баъд аз як рӯз Хадамоти марзи давлатии Қирғизистон бо овардани гуфтаҳои Мамитов Т. ҳамчунин эълон намуданд, ки иттилои сарҳадбонони тоҷик аз ҳақиқат дур буда, «даргириҳо дар ҳудуди Қирғизистон бо вайрон кардани қарордодҳои қаблан баимзорасида ба амал омадааст. Мӯҷиби даргириҳои мусаллаҳонаи марзи давлатӣ ҷониби тоҷикон мебошад». Вассалом. Ҳеҷ тарҷеҳе надорад, барои исботи мавқеи худ овардани ҳеҷ далеле зарурат надорад. Мо ҳамин тавр мешуморем, вассалом.Дар бораи он, ки тафаккури ҷаноби Мамитов ба вазъи равонии кӣ мушобеҳ аст, баъдтар сухан хоҳем гуфт. Ҳоло бошад, тезисҳои ӯро моҳиятан тавзеҳ додан зарур аст. Аввалан, боиси ранҷиши касе набояд бошад, вале чунин сиёсатмадоре, ки изҳороти шахсони вазифадорро нодида гирифта, давлатро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам месозад, ба як пули пучак ҳам намеарзад. Чунин ҷумлабандиро аз забони касе, ки камбуди зеҳнӣ ва ҳисси тангназарӣ дорад, мумкин буд шунид, на ин ки як сиёсатмадори дорои рутбаи олӣ чунин сухан бигӯяд. Дуюм, бо суханони умумӣ ҷор задан, ки гӯё роҳи мошингард аз қаламрави Қирғизистон мегузарад ва ҷониби дигар дурӯғ мегӯяд, далели кофӣ нест. Истилоҳи «дурӯғ мегӯяд»-ро дар ҳуҷҷатҳои расмие, ки чандин даҳсолаҳо пештар аз ҷониби мақомоти олии салоҳиятдори Иттиҳоди Шӯравӣ ба тасвиб расидаанд, истифода бурдан ғайримумкин аст, бахусус нисбат ба ҳуҷҷатҳое, ки на аз мақомоти давлатии Тоҷикистон, балки аз бойгониҳои Маскав ва Тошканд ба даст омадаанд.Бинобар ин, агар на ба забони эҳсосот, балки ба забони далелҳо сухан ронем, пас асли матлаб чунин аст. Маводҳои марбут ба ҳудудмуайянкунии миллии солҳои 1924-1927, ки Тоҷикистон чун асоси ҳуқуқӣ пеш овардааст, маводи ягонаи қонунӣ ба шумор мераванд, зеро онҳо ҳангоми дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба тасвиб расидан, тамоми баррасиву мувофиқаҳои пешбинишударо гузаштаанд, муҳимтар аз ҳама, аз ҷониби мақомоти олии шуравӣ — Президиуми КМИ Иттиҳоди шӯравӣ, ки мутобиқи моддаи 29 Конститутсияи Иттиҳоди шӯравӣ аз 31 январи соли 1924 дар давраи байни сиссияҳои КМИ мақоми олии қонунбарор, иҷроия ва амрдиҳандаи ҳокимияти Иттиҳоди шӯравӣ ба шумор мерафт.Бо назардошти гуфтаҳои боло бояд ба вазъи усулие таваҷҷӯҳ кард, ки дар Иттиҳоди шӯравӣ маҳз ҳамин мақомот салоҳияти муайян намудани марзҳои ҷамоҳири шӯравиро дошт. Тасмимоти дигар идораҳои давлатии поёнӣ дар ин масъала, аз ҷумла дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дорои эътибори ҳуқуқӣ набуда, танҳо ҳамчун лоиҳаи асноде буданд, ки барои тасвиб ба мақомоти салоҳиятдори умумишӯравӣ пешниҳод мешуданд.Маҳз барои ҳамин аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки барои гузаронидани ҳудудмуайянкунӣ ба сифати асоси ҳуқуқӣ маводҳои ҳудудмуайянкунии миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-27 ба эътибор гирифта шаванд; Қарори Президиуми КМИ ИҶШС аз 10 сентябри соли 1926, Қарори Президиуми КМИ ИҶШС аз 21 декабри соли 1926, Қарори Президиуми КМИ ИҶШС аз 4 майи соли 1927, Қарори Президиуми КМИ ИҶШС аз 8 июни соли 1927.Аз маълумоти маводҳои бойгонӣ чунин бармеояд, ки қисмати зиёди роҳи давродавре, ки Мамитов Т. аз он ёдовар шудааст, маҳз аз қаламрави ҶТ мегузарад.Бинобар ин ҳам ғазаби ӯ дар муқобили он ки сохтмони роҳи мазкур бояд бо Тоҷикистон мувофиқа карда мешуд, нармтар карда гӯем, бемаъниву ноҷо менамояд. Бахусус, агар ба назар гирем, ки сохтмони мазкур аз ҷониби Қирғизистон вайрон кардани қарордордҳои қаблан бадастоварда оид ба манъи гузаронидани корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои мувофиқанашудаи марзи давлатӣ ба шумор меравад. Дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин, сохтмони манзил, иншоотҳои хусусӣ ва дигар иншоотҳои мувофиқанашуда дар ҳудуди баҳснок то ба итмом расидани делимитатсия ва аломатгузории махсуси Марзи давлатӣ бо банди 2 Протоколи мулоқоти байниҳукуматии ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 29 апрели соли 2008 мораторий ворид карда шуда буд, ки дар он вақт аз ҷониби Қирғизистон онро бевосита Токон Мамитов имзо карда буд.Баъдтар, маҳз Токон Мамитов шахсан дастур дод, ки на танҳо Протоколи мазкур, балки изҳороти муштараки Президентони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 16 майи соли 2008 вайрон карда шавад, ки дар банди 2-и он ҳамчунин зарурати манъи сохтмони ҳама гуна иншоотҳо ва пеш бурдани фаъолияти хоҷагӣ дар қитъаҳои баҳсноки Марзи давлатӣ таъкид шудааст. Маҳз ҳамин дастуроти зиддиҳуқуқии ӯ сабаби сар задани ихтилофҳои фоҷиабори сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон гардид. Ҳол он ки мумкин буд онро ба таври мутамаддин, бо роҳи ҳуқуқӣ ва машварати байнидавлатӣ ҳаллу фасл кард.Хусусан, ки таҷрибаи гузаронидани чунин расмият ва ҳалли мусбати ин гуна масъалаҳо аллакай вуҷуд дорад. Масалан, роҳи мошингарди Исфара-Боткант, ки ҳамчун транзит аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, баъди ба имзо расидани қарордоди байнидавлатӣ бунёд ёфтааст. Дар мулоқоти 7 январи соли 2014 тасмими мусбат гирифта шуд, ки қарордоди марбут ба сохтмони боз як роҳи дигар – Кулунду –Мақсад, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад, ба имзо расад. Акнун, бевосита ба шарҳи маҳалли ҳодиса мепардозем. Мутобиқи харитаи соли 1989, ки қаблан худи ҷониби Қирғизистон ҳамчун асоси гузаронидани аломатгузории марз пешниҳод карда буд, ин ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ғайр аз ин, ҷаноби Мамитов ва намояндагони Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ки таҳти назорати ӯст, қасдан намегӯянд, ки қаблан ҳарду ҷониб созиш карда ва дар асоси ҳуҷҷат хати буриши марзро аз рӯи маъбари (фарватер) дарёи Исфара кашидаанд ва ҳамин гуна соҳили чап, ҷое ки шохаи обтақсимкунӣ ҷойгир аст ва он ҷое, ки зӯран марзбонони қирғиз медароянд, расман ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Дар ин робита намояндаи марзии Ҷумҳурии Қирғизистон дар минтақаи Боткент полковник Уларбек Шаршеев, ки дар тадқиқоти якҷоя иштирок кардааст, маҷбур буд гузариши марзро аз рӯи маъбари дарё иқрор шавад. Вале, сиёсатмадорони алоҳидаи қирғиз устокорона намехоҳанд марзро на ба маънои аслию на ба маънои маҷозиаш дарк намоянд. Намояндагони ҷониби Қирғизистон Марзи давлатиро ба маънои аслӣ вайрон карда, дар мусоҳибаи охири худ марзи мантиқро низ риоя накардаанд. Акнун ба сифати гунаҳгор надонистани ҷониби марзбонони қирғиз дарвайрон кардани марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо ба мавҷудияти иморати шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳили чапи дарё такя намуда, ба Ҷумҳурии Қирғизистон мутааллиқ будани минтақаи зикршударо исрор мекунанд. Ин сафсатаи мутлақ аст. Тавре маълум аст, мутобиқ ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ молу мулки мавҷудаи шаҳрванди як давлат дар қаламрави давлати дигар наметавонад ҳамчун далели муайянкунандаи хати гузариши сарҳад эътироф шавад. Бо вуҷуди ин, эҳтимол сиёсатмадорони алоҳидаи қирғиз ё бо ҳуқуқҳои байналмилалӣ шинос нестанд ё тайи солҳои «инқилоби ранга» дар кишвари худ ба он андеша одат кардаанд, ки қонун ҳеҷ аст. Охирӣ то ҷое ба ҳақиқат наздик аст, чунки солҳои зиёд аст, ки барои онҳо асос тавони ташкили гирдиҳамоии оммавӣ ва исёну муштзӯрӣ буда, ба ин васила комёб шудан ба хостаҳои худ аст. Қонунҳо бошанд… ҳеҷанд, зеро онҳо танҳо дар рӯи коғазанд, онҳоро кам касон аз мардуми оддӣ хондаанд, яроқ (автомат) дар даст бошад – ин қувваи барҷастаи ҳақиқист, дар Қирғизистони муосир ҳама қудрати онро эътироф мекунанд. Ин аст асли тафаккури (психологияи) сиёсатмадорони-фитнаангези алоҳидаи қирғиз. Онҳо танҳо як чизро ба назар намегиранд: сиёсати гирдиҳамоии дохили давлат дигар аст, вале дар муносиботи байнидавлатӣ масъала тамоман ранги дигар дорад. Хуб мебуд, агар ин ҳарфҳоро маҳз муовини сарвазири Қирғизистон Токон Мамитов, ки бо машваратҳои ӯ ҳоло муносиботи нав дар сиёсати Қирғизистон нисбат ба Тоҷикистон бо номи «мамитовчигӣ» роҳандозӣ шуда, қадам ба қадам риштаи дӯстии таърихӣ ва муносиботи хешу таборӣ миёни халқҳои тоҷику қирғиз халадор мешавад, мутолиа менамуд. Мамитов ҳарду миллатро ба низоъ мекашад, дар ин ҷода худи қирғизҳову тоҷикҳоро намепурсад, ки оё онҳо ин муноқишаро мехоҳанд ё на, майл дорад, ки онҳоро дар ду тарафи марз ҷамъ кунаду дар натиҷа, эҳсосоти бетаҳаммулӣ ва хатои сиёсии ӯ онҳо азоб кашанд. Бо дарки ташаннуҷи низои Қирғизистону Тоҷикистон, ки на танҳо омили ҷиддии осебпазирии манфиатҳои миллии Қирғизистону Тоҷикистон, балки низоми амнияти ҳамаи минтақа мебошад, оид ба сабабҳои чунин рафтор беихтиёр ба андеша меравӣ. Инҷо ду хулоса мебарояд. Ё ин ки гуфтаҳои эҳсосотии худбинонаи Токон Мамитов воқеан ошкор намудани ҷавҳари аслӣ мебошад. Шояд ӯ он қобилияти фикрронии стратегиеро, ки хоси мартабаи баланди сиёсист, доро набошад. Чунки сиёсатмадори асил на танҳо бояд манофеи миллии кишвари худро донад, балки онро дар ҳошияи геополитикӣ дида, бо ҳарифон дар майдони ҳуқуқӣ забон ёфта тавонад, усулҳои татбиқи манфиатҳои миллиро пайдо кунад, ки бе қобилияти гӯш кардан ва шунидани ҷониби муқобил номумкин аст, манфиатҳои ӯро низ эҳтиром кунад ва ба назар гирад, ҳалли мақбули мутақобиларо ёбад ва дар муваффақияти ҷараёни гуфтушунид сидқан ҳавасманд бошад, ҳамчунин чизе, ки бисёр муҳим аст, дар ягон ҳолат нагузорад, ки ба эҳсосот дода шавад ва бе далел ҳарф занад. Бо надоштани ҳамаи ин сифатҳо Мамитов механизми танзими масъалаҳои марзиро низ саҳл медонад (оид ба таҷриба ва касбияти Т. Мамитов дар ин соҳа ҳангоми роҳбари Хадамоти марзбонии ҶҚ буданаш худи ӯ хушобуранг гуфтааст, ки умедворам вазифаҳои дар пешистодаро бо кумаки Худованд ҳал мекунам: «Кай ва бо кадом тарз масоили тақсим ва аломатгузории марз бо Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳал мешаванд? Инро танҳо Худо медонад»).Агар дуруст бошад, ки ҳама кор танҳо ба хислатҳои шахсии Мамитов Т. Вобаста аст, саволи табиие ба миён меояд: Наход дар Қирғизистон ашхоси қобилиятноктаре ёфт нашаванд, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ гарданд?Ё ин ки, агар гап сари беистеъдодии Мамитов ҳамчун ходими давлатӣ набошад, он гоҳ хулосаи дуюм бармеояд: ӯ мунтазам манфиатҳои қувваи берунаро, ки дар бесубот сохтани авзоъ дар минтақа ва заиф гардонидани Тоҷикистон ба унвони посгоҳ дар масири ҳаракати таҳдидҳои Афғонистон алоқаманд аст, пеш меронад. Бо назардошти заъфи ӯ нисбат ба «гӯсолаи тиллоӣ» ва хусусияти равонии ҷаноби Мамитов фарзияи мазкур пурра имконпазир аст. Бахусус вақте мусоҳибаи ӯро пас аз таъйин шудан ба Хадамоти марзбонӣ ба ёд меорем: «Баъзе вакилон ман ва Хадамоти марзбониро барои табрик омаданд. Ҳар кадоме тӯҳфаеро, ки муносиб донистанд, ҳадя намуданд. Байни мо, депутатҳо, ҳамсафоне, ки муносибати хуб бо ҳам дорем, маблағи муайяне ба хотири фурсатҳои хуб «чархонида» мешуд, ки акнун ҳамонҳоро оварданд». Бубинед, рӯирост ӯ сидқан ҳамчун кӯдак дар бораи «тӯҳфаҳо»-е мегӯяд, ки ба ӯ «муносиб» дониста овардаанд. Зоҳиран барои ҷаноби Мамитов ин ҳам ба мисли нафас кашидан табиист.Охир, қаблан собиқ роҳбари Хадамоти марзбонии ҶҚ- Токон Мамитов дар баромади апрелии соли гузаштаи худ оид ба фаъолияти хадамоти зери назораташ нақл карда, қайд намуд, ки: «ҳамкории наздимарзии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хеле хуб шудааст». Вале ба курсии муовини сарвазир ки нишаст, ӯ таъкиди бадшавии ин ҳамкориҳоро сар кард. Гӯё дар давраи ӯ муносибот миёни кишварҳои ҳамсоя беҳ шуда буд, вале пас аз гузаштани ӯ ба кори дигар муносибот хусусияти таназзул гирифт. На бидуни иштироки ӯ… Дар оғози мақола мо асолати тафаккури Токон Мамитовро қайд намудем, ки мутаассифона, имрӯз бо истифодаи мансаби хеш «бевосита барои ба эътидол овардани» даргириҳои 11 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон иштирок менамояд. Моҳияти ин мушорикатро мумкин аст ба унвони як зарбулмасали римиёни қадим шарҳ дод: «Ӯ дурӯғгӯ ва падари тамоми дурӯғҳост». Натиҷаи кунунӣ барои ҳама аён аст. Акнун ҷилавгирӣ кардан аз таҳаввулоти иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ ва табдили он ба майдони муҳорибаи ҳарбӣ барои бесуботӣ ва густариши терроризм, то ҳадде ба фаросати нухбагони сиёсии Қирғизистону Тоҷикистон бастагӣ дорад. Зарур аст ҳамаи иштирокчиёни ихтилофҳо бидонанд, ки воситаи ба эътидол овардани қазияи мазкур на таҳрикоти отифӣ ва сиёсӣ, балки таҳқиқу баррасии ҳатмии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, иҷрои ҷиддии тавофуқномаҳои бадастомада ва ҳаллу фасли ихтилофоти баҳсбарангез сирфан дар асоси санадҳои ҳуқуқӣ мебошад.Донистан муҳим аст, тавре ки шаҳрвандии инсон тавассути шиносномаи ӯ таъйин мегардад, ҳамин тавр марзи давлатӣ низ на ин ки бо иродаи як сиёсатмадоре, балки аз рӯи харитаҳои мушаххас ва дигар санадҳои меъёрии аз ҷониби умум пазируфташуда муайян карда мешавад. Дар акси ҳол, ба ҷои талош барои пайдо кардани роҳи ҳалли муносиб ва барои ҳар ду тараф қобили қабул, бо пеш овардани иддаои мутақобил баҳсро ба дарозо кашидан мумкин аст. Мехоҳам бовар кунам, ки зеҳн, ҳисси худнигаҳдорӣ ва меҳанпарастии нухбагони сиёсии қирғиз бар мушовараҳои машкуки баъзе сиёсатмадорони фитнаҷӯ ғолиб меояд. Ва равобити дӯстонаи байни давлати Қирғизистон ва Тоҷикистон як бори дигар омили тақвияти муносибатҳои хубу ҳамкорӣ, рушду такомули мардуми тоҷику қирғиз хоҳад шуд. Карим Довудов

Январь 22, 2014 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд