Боздиди Қ. Расулзода аз ҷараёни сохтмони иншооти Ҳисор
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҳисор бо ҷараёни корҳои омодагӣ ва сохтмони иншооти муҳими ҷашнӣ ба истиқболи ҷашни 3000- солагии Ҳисор шинос шуд.
Сарвазири мамлакат аснои шиносоӣ бо корҳои сохтмони роҳи марказии ноҳия ва роҳҳои маҳаллӣ барои бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт, роҳбарияти ноҳия ва ташкилоту идораҳои роҳсоз дастуру супоришҳои мушаххас дод. Қоҳир Расулзода баъди шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар Варзишгоҳи марказии ноҳия барои 20 ҳазор ҷои нишаст, Мактаби президентӣ барои 640 хонанда, Чойхонаи миллӣ, Кохи фарҳанг, китобхона ва осорхона, ҷараёни пешбурди корҳои сохтмонӣ дар аксари ин иншоот, аз ҷумла бунёди варзишгоҳи марказиро, ки бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегарданд, ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард. Дар ин замина масъулони ташкилоту идораҳои сохтмонӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати сари вақт аз худ намудани маблағҳое, ки барои сохтмони иншоот ҷудо гардидаанд, тадбирҳои дахлдор андешанд. Лоиҳа ва тарҳи сохтмони кохи фарҳанг ва бинои осорхонаю китобхона, ки бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегарданд, қобили қабул дониста шуда, барои истифодаи мақсадноки маблағҳои барои сохтмони иншооти мазкур пешбинӣ шуда ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо масъулон ва роҳбарони ташкилоту идораҳои сохтмонӣ вазифадор шуданд.
Дар доираи таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор, ки дар моҳи сентябри соли 2015 ба нақша гирифта шудааст, дар баробари сохтмони як силсила иншооти муҳими хоҷагии халқ ҳамзамон тармиму таҷдиди ёдгории таърихии Қалъаи Ҳисор низ дар назар дошта шудааст.Сарвазири мамлакат дар ин мавзеи таърихӣ бо корҳои тармиму таҷдидсозӣ ошноӣ пайдо карда сипас аз мавзеи сохтмони корхонаи хиштбарорӣ ва маркази бузурги савдои масолеҳи сохтмонӣ дидан кард. Дар иншооти мазкур корҳои сохтмонию таҷдидсозӣ бо маром идома дошта, мувофиқи нақша то таҷлили ҷашни дар пешистода онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Дар идомаи сафари худ ба ноҳияи Ҳисор Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар расми ифтитоҳи як маркази фарҳангӣ ва ташаккул барои кўдакон иштирок кард.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






