Боздошти шаҳрванди Корея бо иттиҳоми қаллобӣ

Январь 3, 2014 12:05

Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Санаи 2-юми декабри соли 2013 аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо мутахассисони Раёсати Хадамоти назорати давлатии фармасевтӣ ва назорати тиббӣ, марказҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдо, назорати давлатии санитарии эпидемиологӣ ва дигарон дар Маркази хусусии ташхиси тиббии шаҳри Чкалов чорабиниҳои санҷишӣ гузаронида шуданд. Тавре ки аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, санҷиши муштарак нишон дод, ки дар фаъолияти ин марказ як силсила қонуншиканиҳо, аз ҷумла гирифта мондани дорувории муҳлати истифодааш гузашта, риоя нагардидани талаботи меъёрӣ зимни нигоҳдории онҳо, бе иҷозатномаи махсус истифода бурдани таҷҳизоти тиббӣ, аз тариқи қочоқ ворид сохтани асбобу анҷом ва дигар дастгоҳҳои ташхис мавҷуданд. Чунончӣ, зиёда аз 500 номгӯй маводи дорувории муҳлаташон гузашта ва аз тариқи қочоқ ба ҳудуди Тоҷикистон воридшуда дарёфт ва мусодира гардид. Дар ҷараёни санҷиш маълум шуд, ки дар марказ зиёда аз 25 намуд таҷҳизоти тиббии фарсуда мавриди истифода қарор дошта, 5 ҷарроҳии мхталиф бе иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба роҳ монда шудааст. Истифода ва нигоҳдории дастгоҳҳои ташхисиву табобатӣ низ мухолиф ба талаботи санитариву эпидемиологӣ мебошанд. Ҳолатҳои мазкур ба раванди қабулу ташхис ва муолиҷаи беморон таъсири манфӣ дошта, саломатии онҳоро зери хатар мегузоранд. Маврид ба зикр аст, ки Маркази хусусии ташхиси тиббии шаҳри Чкалов соли 2000 аз ҷониби шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷонг Бун, соли таваллудаш 1944, пастори генералии Маркази миссионерии «Сонмин Сонбогим», муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, таъсис ёфтааст. Номбурда ба қаламрави Тоҷикистон соли 1992 ворид шуда, фаъолияти худро дар Маркази миссионерии «Грейс Сонмин», воқеъ дар шаҳри Душанбе то соли 2009 идома додааст. Худи ҳамин сол фаъолияти маркази мазкур аз тарафи Вазорати фарҳанг манъ гардид. Тафтиши қазияи «корчаллонии» Ли Ҷонг Бун муайян сохт, ки ӯ қаблан низ якчанд маротиба қонунҳои амалкунандаи ҶТ-ро дағалона вайрон карда, ба воридсозии маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта, қалбакӣ, зарарнок машғул гардида, онҳоро мавриди истифода қарор додааст. Соли 2008-ум нисбат ба Ли Ҷонг Бун бо дастрасии моддаҳои 314 қисми 1 ва 340 қисми 2, КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда аз ҷониби Суди шаҳри Хуҷанд ба муҳлати 2 солу 6 моҳ ҷазо гирифтааст. Баъдан бо татбиқи моддаи 71-и КҶ ҶТ нисбат ба Ли Ҷонг Бун 1 сол шартан ҷазо таъйин гардида буд. Дар ҳудуди вилояти Суғд мактаби хусусии «Файз», маҷмааи савдо ва меҳмонхонаи «Хесон» низ ба Ли Ҷонг Бун тааллуқ дошта, оид ба супоридани андоз дар ин муассисаҳо қонуншиканиҳо ба қайд гирифта шудаанд.Ҳамин тавр, пас аз ошкор гардидани камбудиҳои зиёд дар фаъолияти Маркази хусусии ташхиси тиббии шаҳри Чкалов аз тарафи комиссияи муштарак, роҳбари он Ли Ҷонг Бун бо мақсади рӯйпӯш намудани ин қонуншиканиҳо, ба корманди масъули РКДАМ ҶТ дар ҳаҷми махсусан калон-20 ҳазор доллари ИМА ҳамчун пора пешниҳод намуд. Баъди ба расмият даровардани ҳолати пешниҳоди ришва, 12-уми декабр бо Ли Ҷонг Бун вохӯрӣ таъйин карда шуд. Дар натиҷа, зимни амалӣ сохтани кӯшиши порадиҳӣ Ли Ҷонг Бун аз тарафи кормандони Раёсат ва прокуратураи вилояти Суғд боздошт гардида, аз ӯ маблағи умумии 20 ҳазор доллари ИМА дарёфт ва мусодира шуд. Ҳамчунин дар вақти азназаргузаронии манзили истиқоматии ин шаҳрванди хориҷӣ, воқеъ дар маҳаллаи 20-уми ш. Хуҷанд 1 адад таппончаи травматикии истеҳсоли Олмон бо 12 дона тир, 1 адад садопасткунак ва аз 2 адад ҷевони оҳанӣ маблағи пулӣ, иборат аз асъори хориҷӣ, ки дар маҷмуъ беш аз 150 000 сомониро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира гардид.Дар айни замон, аз тарафи прокуратураи вилояти Суғд нисбат ба Ли Ҷонг Бун бо дастрасии моддаи 320 қисми 2-и ҚҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ давом дорад. Санҷишҳои муштараки намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар самти таъмини риояи қоидаҳои будубоши хориҷиён дар Тоҷикистон минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Январь 3, 2014 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад