Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Фалокати чархбол дар Ироқ Душанбе, 09 январ.(АМИТ «Ховар»)-Дирӯз дар анбори Артиши миллии Ироқ чархболи мутааллиқ ба кишвар ба фалокат дучор омад. Мутахассисони соҳаи техникӣ бошанд, сабаби суқути чархболро мавҷудияти нуқсони техникӣ меҳисобанд. Оиди ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад. Фурӯравии бинои 4-ошёна дар ҲиндустонДушанбе, 09 январ.(АМИТ «Ховар»)- Дар иёлоти Гоаи қисми ғарбии Ҳиндустон бар асари фурӯравии бинои 4-ошёна 21 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар захмҳои гуногун бардоштаанд. Ҷоизи қайд аст, ки ҳодиса дар 60-километраи маркази Гоа — шаҳри Панадҷи рух додааст. Тафтишот дар ин самт идома дошта, сабабҳои дақиқи ҳодиса муайян карда мешавад. Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли гузашта, дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон бинои 5-ошёна фурӯ рафта, 60 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар захмҳои гуногун бардошта буданд. Тӯфони шадид дар Британияи КабирДушанбе, 09 январ.(АМИТ «Ховар»)-Тӯфони шадиде, ки чанде қабл ба хоҷагии халқу мардуми Британияи Кабир ва Фаронса хисороти зиёд расонида буд, феълан музофоти Ла-Коруняи Испанияро фаро печида, чанд нафар қурбонии ин ҳодиса шуданд. Бояд гуфт, ки чанд тани дигар дар пайи ин офати табиӣ бедарак гардидаанд. Бо эътино ба вазъияти номусоиди ҳаво ва эҳтимолияти обхезию омадани сел аҳолии баъзе минтақаҳо манзили зисти худро тарк гуфтаанд. Сатҳи об дар баъзе ҷойҳо қариб 3 метрро ташкил медиҳад. Кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ ва ҳолатҳои фавқулода дар минтақаҳои гирифтори офати табиӣ фаъолияти густурда мебаранд. Задухӯрди Толибон дар ПокистонДушанбе, 09 январ.(АМИТ «Ховар»)-Бегоҳии 8 январ дар минтақаи Вазиристони ҷанубии Покистон миёни кормандони сохторҳои қудратӣ ва ҷангиёни ҳаракати «Толибон» задухӯрд ба амал омад. Дар пайи ин ҳодиса 13 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар захмҳои гуногун бардоштанд. Ҷоизи қайд аст, ки даҳ тан аз қурбоншудагон ҷангиёни ҳаракати Толибон буда, 3 нафари дигар сарбозони кишвар мебошанд. Мувофиқи итилои расида, муноқиша баъди ҳамлаи силоҳбадастон ба дидбонгоҳи сарбозони Артиши миллии мамлакат сар задааст. Фалокати Чархбол дар ВирҷинияДушанбе, 09 январ.(АМИТ «Ховар»)-Ҳафтаи равон чархболи нерӯҳои ҳарбӣ–ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар иёлоти Вирҷиния, шаҳри Норфолк дучори фалокат шуд. Мувофиқи иттилои расида, дар дохили чархбол 5 нафар қарор доштанд, вале ҳангоми ин ҳодиса 4 нафари онҳо ҷон бохта, як тан аз онҳо ҷароҳати вазнин бардоштааст. Табибон зинда мондани онро эҳтимол меҳисобанд. Сабаби суқути чархбол то ҳанӯз маълум нест. Бояд гуфт, ки ҳодиса дар ҷараёни машқҳои омӯзиши ҳарбӣ сурат гирифтааст. Сӯхтор дар Харкови Украина Душанбе, 09 январ.(АМИТ «Ховар»)-Дар яке аз корхонаҳои заргарии шаҳри Харкови Украина сӯхтори шадид ба амал омад. Дар ҷои ҳодиса 8 кас ба ҳалокат расида, як каси дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта бистарии беморхона гардидааст. Тавре, ки расонаҳои хабарии дохили кишвар мегӯянд, оташсӯзӣ дар ошёнаи чоруми корхонаи «Хартон» сар зада, ба қабатҳои дигари бино доман паҳн намудааст. Бояд гуфт, ки ҳангоми сӯхтор дар дохили бино 200 нафар коргар қарор доштаанд. Бо мақсади мубориза бар зидди ҳодисаи мазкур 50 нафар оташнишон ва 22 техникаи пуриқтидор сафарбар гардида буд. Сабабҳои сӯхтор ва хисороти расида то ҳол муайян карда нашудааст ва тафтишот дар ин самт идома дорад.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






