Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Сӯиқасд ба ноиби ПрезидентДушанбе, 16 январ.(АМИТ «Ховар»)-Дирӯз дар Гватемала ноиби Президенти мамлакат Роксана Балдетти аз ҷониби як зани кишвар мавриди ҳамла қарор гирифт. Дар натиҷа ӯ бистарӣ шуда, дар беморхона қарор дорад. Бояд гуфт, ки ҳамла ҳангоме рух додааст, ки сиёсатмадор дар як чорабинии миллӣ иштирок дошт. Занеро, ки ба ӯ ҳамла карда буд, боздошт шудааст. Музокироти сулҳ дар Гаванаи Куба Душанбе, 16 январ.(АМИТ «Ховар»)- Миёни намояндагони Ҳукумати Колумбия ва гурӯҳи «ФАРК» маротибаи 19-ум аст, ки дар шаҳри Гаванаи Куба музокироти сулҳ доир мешавад. Мақсади гуфтушунидҳо хатми низоъ ва бархӯрдҳои тӯлонӣ, ки дар байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва силоҳбадастони «ФАРК» 50 сол боз идома дорад, арзёбӣ мешавад. Ёдовар мешавем, ки музокироти ҳукуматдорони Колумбия ва намояндагони гурӯҳи «Фарк» ҷиҳати созиш аз соли 2012 идома дорад. Тафтишот нисбат ба губернатори Ню-Ҷерси Душанбе, 16 январ.(АМИТ «Ховар»)-Ҳафтаи равон Агентии назоратии молия ва мубориза бо коррупсияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо фармони Ҳукумати кишвар нисбат ба амалҳои ғайриқонунии губернатори иёлоти Ню-Ҷерси Крис Кристи тафтишотро оғоз намуд. Мақомоти тафтишотӣ Кристиро дар истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷавӣ айбдор мекунад. Ба гуфти роҳбари Конгресси Амрико Крис Кристи барои ҷалби сайёҳон ва сабти реклама дар бораи зарари тӯфони «Сэнди» дар соли 2012-ум 25 миллион долларро ғайримақсаднок харҷ кардааст. Вале, новобаста аз интишори ин хабарҳо намояндагони Ҳизби ҷумҳурихоҳон фаъолияти губернатори иёлоти Ню-Ҷерсиро ҳангоми рафъи оқибатҳои тӯфони харобиовар ва барқарор намудани иншооти ҳаётан муҳим назаррас арзёбӣ мекунанд. Қонуни нав дар Нидерландия Душанбе, 16 январ.(АМИТ «Ховар»)-Мувофиқи маълумоти Вазорати адлияи Нидерландия ояндаи наздик дар Нидерландия қонуни нав нисбат ба маҳбусону фаъолияти зиндонҳо ҷорӣ мешавад. Тибқи он маҳбусон муҳлати ҷазоро бояд аз ҳисоби худ пушти сар созанд. Зеро барои таъмини буду боши як тан маҳбус дар кишвар ҳамасола 90 ҳазор евро харҷ мешавад. Лоиҳаи қонун оид ба таҷдиди назар ба фаъолияти зиндонҳо барои баррасӣ ба парлумони кишвар пешниҳод шудааст. Дар сурати ба тасвиб расидани қонуни мазкур ҳар як маҳбус барои таъмини як рӯзи буду бошаш дар зиндон бояд 16 евро супорад.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






