Дар соли 2013 128,9 млн. сомонӣ ба давлат барқарор карда шуд

Январь 18, 2014 11:24

Маълумотнома доир ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар соли 2013Душанбе, 18 январ (АМИТ «Ховар»).- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2013 ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки 15 январи соли 2013 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баён гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2013, №23 тасдиқ гардидаанд ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмҳои солонаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва машваратҳои кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, корҳои муайянро ба анҷом расонид.Дар ин давра аз ҷониби сохторҳои назорати давлатии молиявии Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии идораи давлатӣ, бонкҳои давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои лоиҳаҳои инсвеститсионӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 1464 тафтишу санҷишҳо гузаронида шуда, ба маблағи 241,2 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки аз он хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 29,3 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 17,1 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 56,3 млн. сомонӣ, зарар аз фурўш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ 18,96 млн. сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 51,7 млн. сомонӣ, маблағи кам ҳисобгардидаи андозҳо 67,9 млн. сомонӣ мебошад. Дар муассиса ва корхонаҳои тафтишгардида 11,9 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ғайримақсаднок истифода бурда шудааст.Дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ 128,9 млн. сомонӣ ё 53,4 фоизи зарари ошкоргардида ба давлат барқарор карда шуд, ки 75,3 млн. сомонии он ба буҷет ва 53,6 млн. сомонӣ ба корхонаҳо барқарор карда шуданд.Ғайр аз ин, дар натиҷаи чораҷўии мутахассисони Агентӣ аз ҳисоби маблағи бақияпулиҳои андоз 16,7 млн. сомонӣ, кам кардани маблағгузории сметаҳои хароҷотӣ 2,1 млн. сомонӣ, кам кардани қарзҳои беасоси кредиторӣ 3,5 млн. сомонӣ, қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобии барқарор гардида 5,6 млн. сомонӣ, маблағи аз ҳисоби дигар манбаъҳо барқарор кардашуда 1,8 млн. сомонӣ ва зиёдомади молу мавод ба маблағи 12,9 млн. сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳои давлатӣ ба даромад гирифта шуд. Дар маҷмўъ маблағҳои барқароркардашуда 171,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки 94,9 млн. сомонии он ба буҷети давлатӣ ворид карда шудааст.Дар давраи сипаришуда дар 52 вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 515 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шуда, дар онҳо ба маблағи 102,4 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки дар рафти тафтишу санҷишҳо аз он 58,8 млн. сомонӣ барқарор карда шуд.Санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ муайян намуд, ки роҳбарони як қатор вазорату идораҳо талаботу меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи ҷумҳуриро риоя накарда, маблағу воситаҳои давлатиро босамар истифода намебаранд. Маҳз аз бемасъулиятӣ ва беназоратии роҳбарият ва мутасаддиёни соҳа дар фаъолияти вазорату кумитаҳо ва зерсохторҳои онҳо як қатор камбудию норасогиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла камомад ва тасарруфи воситаҳои пулӣ ва молу маводи арзишнок ошкор карда шуданд. Камбудию норасогиҳои зиёди молиявӣ хусусан дар соҳаҳои энергетика ва саноат, кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, нақлиёт, маориф ва тандурустӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, хадамотҳои гумрук, алоқа, ва Бонки давлатии амонатгузорӣ “Амонатбонк” ошкор карда шуданд. Дар ин давра инчунин фаъолияти як қатор ҷамъиятҳои саҳомии масъулияташон маҳдуд, корхона ва муассисаҳои ғайридавлатӣ, ки бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ кору фаъолият намудаанд, мавриди тафтишу санҷишҳо қарор дода шуданд.Хусусан камбудию норасогиҳои нисбатан калон дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявии сохторҳои собиқ Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуданд, ки дар 48 корхонаву муассисаҳои тобеи он зарари молиявӣ маблағи 27,4 млн. сомониро ташкил медиҳад. Зиёда аз 60,0 фоизи зарари молиявии ошкоргардида, ё ин, ки 16,9 млн. сомонии он дар ташкилоту муассисаҳои Ширкати саҳомию холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” муайян карда шуданд. Таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодии ширкат муайян намуд, ки қарзҳои дебитории корхона ба ҳолати 1 марти соли 2013 маблағи 863,9 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали солҳои 2012-2013 мутаносибан ба маблағи 242,6 млн. сомонӣ ва 91,8 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, он асосан аз ҳисоби пардохт нагардидани қувваи барқи истифодашуда аз тарафи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об, корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ва аҳолӣ ба амал омада, сол то сол тамоили зиёдшавиро дорад. Қарздории аҳолии ҷумҳурӣ бошад, ба ҳолати 1.03 соли 2013 маблағи 355,5 млн. сомониро ташкил дода, нисбати 1.01 соли 2012 ба маблағи 70,5 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.Омўзиш ва таҳлили сабабҳои зиёдшавии қарзи аҳолӣ аз истифодабарии қувваи барқ дар ҶСК «Шабакаи барқии Душанбе» муайян намуд, ки дар асл қарзи муштариёни шаҳри Душанбе ба ҳолатҳои 1 январи соли 2012 маблағи 39,4 млн. сомонӣ ва 1 апрели соли 2013 маблағи 62,9 млн. сомониро ташкил медиҳанд, вале ин қарзҳо дар ҳисоботҳои муҳосибӣ беасос 2-3 баробар зиёд нишон дода шуда, мутаносибан ба маблағи 96,8 млн. сомонӣ ва 120,6 млн. сомонӣ сабт карда шудаанд. Қарзи аҳолии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, аз ҳисоби напардохтани қувваи барқи истифодашуда ба ҳолати 1 марти соли 2013 дар ҳисоботҳои муҳосибӣ ба маблағи 50,8 млн. сомонӣ дарҷ гардидааст, вале тафтиш муайян намуд, ки ин қарзҳо дар асл ҳамагӣ 10,3 млн. сомониро ташкил дода, беасос 5 баробар дар ҳисоботҳои муҳосибӣ зиёд нишон дода шудааст.Таҳлилҳо собит намуданд, ки бо мақсади ба таври сунъӣ баланд нишон додани ҳаҷми ҷамъоварии маблағи пардохти истифодабарии қувваи барқ ва самаранокии фаъолияти истеҳсолии корхона, дар соли 2012 ва семоҳаи аввали соли 2013 корхонаҳои буҷетӣ маблағи нерўи барқи истифоданагардидаро ба ҶСК «Шабакаи барқии Душанбе» мутаносибан ба маблағи маблағи 14,5 млн. сомонӣ ва 8,0 млн. сомонӣ беасос пешпардохт намудаанд.Инчунин, назорат аз рўи истифодаи нерўи барқ дар соҳа дуруст ба роҳ монда нашуда, талаботҳои «Қоидаҳои сохти таҷҳизотҳои барқӣ» ва «Қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ» риоя карда намешаванд, ки яке аз сабабҳои беасос ба аҳолӣ ҳисобӣ намудани нерўи барқ гардидааст. Танҳо дар муҳлатҳои барои тафтиш муқарраргардида, бо иштироки масъулини соҳа дар 340 корхонаю ташкилот, муассиса ва манзилҳои истиқоматии тобеъи Шабакаҳои барқии вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Турсунзода истифодаи ғайриқонунӣ, яъне берун аз ҳисобкунакҳои барқӣ тариқи дуздӣ истифода намудани 5,7 млн. кВт. соат нерўи барқро ошкор намуд. Тафтиши молиявӣ дар Шабакаҳои барқи Марказӣ муайян намуд, ки аз тарафи шахсони масъули шабака дар моҳҳои ноябр-декабри солҳои 2011-2012 бо роҳи сохтакорӣ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ нерўи барқ дар ҳаҷми 51,1 млн. кВт. соат беасос, ҳамчун барқи ба МД «Обёрии мошинӣ»-и шаҳри Душанбе интиқолгардида, аз ҳисоботҳо бароварда шуда, ба давлат ба маблағи 4,8 млн. сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст.Дар рафти санҷиши молиявии Шабакаҳои барқии Ҷанубӣ санҷишҳои мутақобила дар Идораи давлатии байниноҳиявии хоҷагии оби ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ва МД «Обёрии мошинии Душанбе»-и Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об дар ҳисоботҳо ба даромад нагирифтани нерўи барқи интиқолгардидаро мутаносибан ба миқдори 37,9 млн. кВт. соат ба маблағи 1 млн. 726,4 ҳазор сомонӣ ва 35,5 млн. кВт. соат ба маблағи 621,6 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 73,4 млн. кВт. соат ба маблағи 2 млн. 348,1 ҳазор сомонӣ ошкор намуд, ки дар рафти тафтиш дар ҳисоботи корхонаҳои номбурда ба даромад гирифта шуданд.Тафтиши молиявӣ дар Шабакаҳои барқи Ленинобод муайян намуд, ки дар ҳаммаслакӣ бо масъулини шабака, ҶДММ «Система» (осёби ордбарорӣ) дар давраи аз 1 январи соли 2011 то 31 апрели соли 2013 ба миқдори 4 млн. кВт. соат нерўи барқро ба маблағи 1 млн. 139 ҳазор сомонӣ истифода намуда онро дар ҳисобот ва санадҳои қабули нерўи барқ нишон надода, ба давлат ба ҳамин маблағ зарари молиявӣ расонидааст. Дар рафти тафтиш маблағи зарари молиявӣ аз тарафи ҶДММ «Система» пурра ба буҷет барқарор карда шуд.Ҳамагӣ тафтиши молиявӣ дар ШСХК «Барқи Тоҷик» ва зерсохторҳои он зарари молиявиро ба маблағи умумии 16,9 млн. сомонӣ ошкор намуд, ки аз он маблағи зарар дар худи Ширкат 5 млн. 18 ҳазор сомонӣ, Шабакаҳои барқи Марказӣ 5 млн. 52 ҳазор сомонӣ, ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе» 3 млн. 523 ҳазор сомонӣ, Шабакаҳои барқи Ленинобод 1 млн. 415 ҳазор сомонӣ Шабакаҳои барқи Ҷанубӣ 616,5 ҳазор сомонӣ ва инчунин Шабакаҳои барқи шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кўлоб, Турсунзода, ноҳияҳои Рашт ва Данғара 867,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар рафти тафтиш аз маблағи умумии зарар 10 млн.184 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд. Айни ҳол маводҳои тафтиши Ширкат ва зерсохторҳои он ҷиҳати баррасӣ ва барқарор намудани бақияи зарари молиявии ошкоргардида дар сохторҳои тафтишотии Агентӣ қарор доранд. Инчунин дар натиҷаи тафтиши КВД «Нафту газ ва ангишт» -и Вазорати энергетика ва саноат дар давраи аз моҳи майи соли 2011 то моҳи июни соли 2013, як қатор камбудию норасогиҳои ҷиддии молиявӣ ошкор гардид.Муайян гардид, ки тибқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12 соли 2011, №656 ва аз 29.12 соли 2012, №753 дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 ва 2013» аз ҳисоби сармоягузориҳои мутамаркази маблағҳои Буҷети давлатӣ ба КВД «Нафту газ ва ангишт»-и Вазорати энергетика ва саноат 7,5 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст. Аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардида бе гузаронидани тендер КФ «Суғднефтугаз» дар асоси шартномаҳои тарафайн аз КФ «Пармакунии Ҷануб»-и КВД «Нафту газ ва ангишт» лулаҳои пармакунӣ ва қубурҳоро ба маблағи 900,0 ҳазор сомонӣ харидорӣ намудааст.Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки аз тарафи КФ «Пармакунии Ҷануб» дар ҳолати фурўш бе асос арзиши лулаҳои пармакунӣ ва қубурҳо ба маблағи 577,0 ҳазор сомонӣ зиёд нишон дода шуда, ба давлат ба ҳамин маблағ зарари молиявӣ расонида шудааст. Маблағи зарар пурра барқарор карда шуд.Тибқи ҳисоботҳо аз хазинаи корхона тавассути филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мувофиқи 17 адад хатти расид маблағи 565,0 ҳазор сомонӣ андозҳои муқарраргардида ба буҷет пардохт карда шудааст.Вале, тафтиш ошкор намуд, ки хатҳои расид оид ба пардохти андозҳо қалбакӣ буда, маблағи мазкур ба буҷет ворид нагардидааст ва он аз тарафи кормандони нозироти андози андозсупорандагони миёна дар шаҳри Душанбе, сармуҳосиб ва хазиначии корхона азонихуд карда шудааст. Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда, маблағи мазкур пурра ба буҷет барқарор карда шуд.Тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар давраи солҳои 2011-2013 як қатор камбудиҳоро ошкор намуд.Аз ҷумла, санҷиши дурустии ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои МД «Сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ»-и вазорат изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмониро ба маблағи 1 млн. 893 ҳазор сомонӣ муайян намуд, ки аз он дар рафти тафтиш 1 млн. 730 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.Зарарҳои молиявӣ, инчунин дар Идораи давлатии хоҷагии оби шаҳри Конибодом ба маблағи 158,1 ҳазор сомонӣ, Идораи давлатии хоҷагии оби Чубеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба маблағи 98,8 ҳазор сомонӣ, КВД зудамали механиконидашудаи минтақаи Кўлоб ба маблағи 92,2 ҳазор сомонӣ, Раёсати байниноҳиявии захираҳои оби ноҳияи Ҳисор ба маблағи 60,4 ҳазор сомонӣ муайян гардиданд.Ҳамагӣ дар натиҷаи тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 22 зерсохторҳои он зарари молиявӣ ба маблағи 2 млн. 649 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд, ки аз он дар рафти тафтишу санҷишҳо 2 млн. 337 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд. Дар давраи сипаришуда тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагидории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он ба анҷом расонида шуд, ки дар рафти он як қатор камбудию норасогиҳо ошкор гардиданд.Тафтишу санҷишҳои сохторҳои зертобеи вазорат собит сохтанд, ки вазъи соҳаи тухмипарварӣ ва чорвопарварӣ дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ба беҳбудӣ ниёз доранд.Мақсади асосии барномаи давлатӣ оиди рушди соҳаи тухмипарварӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, пеш аз ҳама зиёд намудани тухмии хушсифат дар хоҷагии халқ ва як навъи дастгирии молиявии давлатӣ барои ривоҷ додани соҳаи кишоварзӣ ва фонди гардиши тухмӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.Вале дар натиҷаи тафтиши КВД «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон» муайян карда шуд, ки фонди бозгашти гандуми тухмӣ ва картошкаи тухмӣ ба пуррагӣ таъмин карда нашудааст. Дар натиҷа хоҷагиҳо аз ҳисоби сари вақт барнагардонидани тухмӣ дар назди корхона ба маблағи калон қарздор мондаанд. Ба ҳисоби миёна қарзҳои баргардониданашудаи тухмии картошка дар давраи солҳои 2007-2009 миқдори 3613 тоннаро ташкил дода, қарзи хоҷагиҳо аз ин ҳисоб ба 4 млн. 335,6 ҳазор сомонӣ расидааст.Аз ҳисоби гандуми тухмии соли 2010 мебоист 50,8 тонна гандуми хўрока ба фурўш бароварда шуда, маблағи он бояд ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида мешуд. Аммо ин миқдор гандум бо нархи амалкунандаи бозорӣ 76200,0 сомонӣ аз хоҷагиҳо бозгашт нашуда, қарзро ташкил додааст. Аз ҳисоби гандуми тухмии соли 2011 бошад 269,9 тонна бо нархи 4,26 сомонӣ маблағи 1 млн. 149,7 ҳазор сомониро ташкил дода, аз хоҷагиҳо бозгашт карда нашудааст. Ҳамагӣ тафтиш дар корхона зарари молиявиро ба маблағи 208,1 ҳазор сомонӣ муайян намуд, ки аз он 48,1 ҳазор сомонӣ ба буҷет барқарор карда шуд.Тафтиш дар Хоҷагии давлатии зотпарварии «Панҷ»-и ноҳияи Панҷ дар зиммаи 21 нафар шахсони масъули хоҷагӣ камомади чорвои майдаи шохдор ва аспи кориро ба маблағи умумии 60,1 ҳазор сомонӣ ошкор намуд.Инчунин, дар зиммаи шахсони масъули хоҷагӣ камомади маҳсулоти гўштӣ ба маблағи 68,5 ҳазор сомонӣ ва талафи сашумори чорво ба маблағи 26,0 ҳазор сомонӣ муайян гардид. Аз беназоратии мутасаддиён бар хилофи тартиби амалкунанда 4 адад воситаҳои асосии хоҷагӣ ба маблағи 76,5 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ фурўхта шудааст.Тавассути чораҳои андешидашуда аз маблағи зарари ошкоршуда 178,0 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.Дар натиҷаи баҳисобгирии саршумори чорвои Хоҷагии давлатии зотпарварии ба номи С.Шерназарови ноҳияи Хуросон дар зиммаи сарчупони хоҷагӣ камомади 283 сар чорвои майдаи шохдор бо арзиши тавозунии 80,6 ҳазор сомонӣ муайян гардид.Тафтиш дар Хоҷагии ҷамоавии зотпарварии «Оличабулоқ»-и ноҳияи Темурмалик дар зиммаи 8 нафар сарчупон камомади 118 сар чорвои майдаи шохдор ба маблағи 28,7 ҳазор сомонӣ ва ба маблағи 12,4 ҳазор сомонӣ камомади маҳсулоти гўштӣ ва талафи сашумори чорворо ошкор намуд.Ғайр аз ин камбудию норасогиҳо дар фаъолияти дигар зерсохторҳои Вазорати кишоварзӣ муайян карда шуданд. Ҳамин тариқ, дар рафти тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Вазорати кишоварзӣ ва зерсохторҳои он зарари молиявӣ ба маблағи умумии 2,0 млн. сомонӣ ошкор карда шуд, ки аз он 1,2 млн. сомонӣ ба буҷети давлат ва хоҷагиҳо барқарор карда шуданд.Дар семоҳаи сипаришуда тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Шўъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пурра ба анҷом расонида шуд. Натиҷаҳои ниҳоии тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда нишон доданд, ки вазъи нигоҳдории воситаҳои пулӣ дар хазинаҳои бонк, ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳолатҳои қарздиҳӣ ба мизоҷон тавассути бахш ва оҷонсиҳо, қабул ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар сохторҳои тобеи Бонки давлатии амонатгузорӣ комилан аз доираи назорати роҳбарияти садорат берун мондааст.Ҳамагӣ дар натиҷаи тафтиши фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» ва филиалҳои он дар вилояти Суғду Хатлон зарари молиявӣ ба маблағи умумии 9 млн. 893 ҳазор сомонӣ ошкор карда шуд, ки 6 млн. 620 ҳазор сомонии онро камомад ва тасарруфи воситаҳои пули нақд ташкил медиҳанд.Дар рафти тафтишу санҷишҳо аз маблағи умумии зарари молиявӣ 1 млн. 824 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуда, маводҳои тафтишӣ нисбати 34 нафар шахсони масъули ин сохторҳо дар баррасии сохторҳои тафтишотии Агентӣ қарор доранд. Ҷиҳати барқарор намудани бақияи зарари молиявӣ аз ҷонибӣ Агентӣ чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст.Ҷиҳати иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши самаранок ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои ҷудогардида барои таъмиру барқарорсозии иншооти обрасонӣ ва силсилапойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд дар давраи солҳои 2005-2012 гузаронида шуда, аз натиҷаи санҷиш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод карда шуд.Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз 14 пойгоҳи обкашӣ иборат аз 57 дастгоҳҳои барои обёрӣ намудани заминҳои ноҳияҳои Зафаробод, Ғончӣ, Истаравшан ва Айнӣ сохташуда 3 пойгоҳ, ки иборат аз 16 адад дастгоҳҳои обкашӣ мебошад, дар натиҷаи солҳои зиёд истифода намудан умуман фаъолият надошта, таъмирталаб гардидаанд.Муайян гардид, ки дар давраи солҳои 2005-2012 аз ҳисоби ҳақи хизмати обрасонӣ 15,2 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ шуда, ин маблағ барои пардохти музди меҳнат, пардохтҳои иҷтимоӣ ва андозҳои давлатӣ, хариди қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири насосҳо, хариди сўзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, қувваи барқ ва дигар хароҷотҳо сарф карда шудааст.Ба ҳолати 1 январи соли 2013, қарзи истифодабарандагони об маблағи 27,3 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин қарзҳо ба мунтазам фаъолият намудани пойгоҳҳо таъсири манфӣ мерасонанд.Дар давраи солҳои 2005-2012 барои таъмир ва нигоҳдории пойгоҳҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба қадри 9,0 млн. сомонӣ ва Маркази ҷумҳуриявии дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи «Барномаи барқарорсозии инфраструктураи деҳот» ба қадри 6 млн. 156,0 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда шудааст.Дар маҷмуъ барои нигоҳдории силсилапойгоҳҳои обкашӣ ва Идораи хоҷагии оби ноҳияи Зафаробод аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети маҳаллӣ, «Барномаи барқарорсозии инфраструктураи деҳот» ва ҷамъоварии ҳақи хизмати обрасонӣ 43,6 млн. сомонӣ хароҷот гардида, истифодаи самаранок ва мақсадноки онро мақомотҳои давлатӣ ва аудитҳои байналхалқӣ 14 маротиба мавриди тафтиш ва санҷишҳо қарор додаанд. Дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда, ҷамъ ба маблағи 447,3 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуда, аз натиҷаи тафтиш як мавод ба маблағи зарар 371,5 ҳазор сомонӣ ба сохторҳои тафтишотии Агентӣ барои чораҷўӣ ирсол карда шудааст.Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии КВ «Академстрой»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз моҳи августи соли 2011 то моҳи феврали соли 2013 гузаронида шуда, дар натиҷаи он як қатор камбудию норасоиҳои ҷиддӣ ошкор карда шуд. Тафтиш муайян намуд, ки бинои хобгоҳ соли 2006 бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҷурии Тоҷикистон ба тавозуни Академияи илмҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуда, дар давраи солҳои 2007-2012 барои таъмиру тармими он аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи 3,2 млн. сомонӣ ва саҳми кормандони Академия 2,8 млн. сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 6,0 млн. сомонӣ тавассути КВ «Академстрой» хароҷот гардидааст.Санҷиши назоратӣ дар бинои хобгоҳ муайян намуд, ки шахсони масъули КВ «Академстрой» бархилофи дастурамалҳои сохтмонӣ, ба изофанависии ҳаҷми корҳо ва арзиши масолеҳҳои сохтмонӣ ба маблағи 746,0 ҳазор сомонӣ роҳ додаанд.Санҷиши назоратӣ дар дигар иншоотҳои Академияи илмҳо, ки дар онҳо аз ҷониби КВ «Академстрой» ба маблағи 3,8 млн. сомонӣ корҳои таъмирию сохтмонӣ анҷом дода шудааст, изофанависии ҳаҷми кор ва меъёрҳои сохтмониро ба маблағи 225,5 ҳазор сомонӣ муайян намуд.Новобаста аз мавҷуд будани шахсони масъули ҳисоботӣ дар давраи тафтиш аз хазина ба директори корхона Ахмедов Ҳ. маблағи 4,6 млн. сомонӣ ба тариқи нақдӣ пардохт карда шудааст.Санҷиши дурустии хароҷоти маблағҳои зикргардида муайян намуд, ки бо мақсади харидорӣ намудани масолеҳи сохтмонӣ дар 2 ҳолат Ахмедов Ҳ. бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 2 млн. 461,0 ҳазор сомонӣ ҳисобнома-фактураҳои қалбакӣ тартиб дода, дар асл ин масолеҳро аз бозорҳои шаҳри Душанбе бо таври нақдӣ харидорӣ намудааст ва бо ин амал ба давлат зарари молиявӣ ба маблағи 375,5 ҳазор сомонӣ расонидааст. Барўйхатгирии молу маводҳои арзишдор дар зиммаи директори корхона Ахмедов Ҳ. камомади масолеҳи сохтмониро ба маблағи 305,6 ҳазор сомонӣ ошкор кард. Инчунин муайян карда шуд, ки дар давраи солҳои 2012-2013 директори корхона Ахмедов Ҳ. ва саркори корхона Муҳиддинов С. аз ҳисоби маблағҳои зерҳисобии дар зиммаашон буда, ба кормандони корхона ва шахсони тибқи шартнома ҷалбгардида, бидуни хазина музди меҳнат ба маблағи 202,1 ҳазор сомонӣ пардохт намудаанд, ки хилофи талаботи Кодекси андози ҷумҳурӣ аз онҳо ба маблағи 91,3 ҳазор сомонӣ андозҳои давлатӣ ба буҷет пардохт карда нашудааст.Ҳамагӣ, тафтиш дар КВ «Академстрой»-и Академияи илмҳо зарари молиявиро ба маблағи 1 млн. 743,9 ҳазор сомонӣ муайян намуд, ки аз он дар рафти тафтиш ба қадри 619,7 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуда, оиди барқарори бақияи зарари молиявӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Дар ин давра инчунин, фаъолияти як қатор ҷамъиятҳои саҳомӣ ва масъулияташон маҳдуд, корхона ва муассисаҳои ғайридавлатӣ, ки бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ фаъолият намудаанд, мавриди тафтишу санҷишҳо қарор дода шуд.Чунончӣ, тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал»-и шаҳри Душанбе муайян кард, ки ҷамъияти номбурда дар 17 иншоотҳои гуногун ба маблағи 369,7 млн. сомонӣ корҳои сохтмонию васлкуниро ба сифати пудратчӣ анҷом додааст, ки 184,8 млн. сомонии он аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар иншооти «Сохтмони Душанбе-Плаза» истифода бурда шудааст.Ҷамъияти номбурда дар рафти иҷроиши корҳо хилофи талаботи дастурамалҳои соҳаи сохтмонӣ ҳаҷми кору хизматрасонӣ ва арзиши масолеҳҳои сохтмониро дар иншооти мазкур бе асос барзиёд нишон дода, ба маблағи 11,9 млн. сомонӣ ба изофанависии корҳои сохтмонӣ роҳ додааст.Бо ҳамин тарз ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал» ҳамчун пудратчӣ дар иншооти «Сохтмони мактаб барои 1354 ҷойи нишаст дар ноҳияи И. Сомонӣ» ба маблағи 942,5 ҳазор сомонӣ ва иншооти «Сохтмони мактаб барои 660 ҷой дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансур» ба маблағи 183,1 ҳазор сомонӣ ба изофанависии корҳои сохтмонӣ роҳ додааст.Шахсони масъули ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал» хилофи талаботи Кодекси андоз, бо роҳи тартиб додани ҳисоботҳои бардурўғ, пешниҳоди ҳисобнома-фактураҳои қалбакӣ ва пинҳон намудани амалиётҳои андозбандишаванда ба маблағи 19 млн. сомонӣ андозҳои давлатиро рўйпўш намудаанд. Ҳамагӣ аз ҷониби шахсони масъули ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон Байналмиллал» бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо, пинҳон намудани андозҳои давлатӣ, изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмонӣ, барзиёд нишон додани арзиши масолеҳҳои сохтмонӣ ва анҷом додани дигар амалиётҳои ғайриқонунӣ ба буҷет ба маблағи умумии 38,0 млн. сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст. Маводҳои тафтиши молиявӣ дар Раёсати тафтишотии Агентӣ мавриди баррасӣ қарор дошта, ҷиҳати барқарор намудани маблағҳои зарари молиявии расонидашуда, чораҳои заруриро андешида истодаанд. Бо мақсади таъмини назорат вобаста ба амалӣ гардидани истифодабарии самараноки маблағҳои сармоягузорӣ ва қарзҳо, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудааст, дар давраи сипаришуда тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагидории 31 Марказҳои идораи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба анҷом расонида шуд, ки дар маҷмўъ 10,7 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Зарарҳои молиявӣ дар МД «Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» ба маблағи 4 млн. 236,0 ҳазор сомонӣ, Маркази татбиқи лоиҳаҳои «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар» марҳилаи 3 ва «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кўлоб-Қалайхумб» 1 млн. 442 ҳазор сомонӣ, Лоиҳаи «Таҳсил барои ҳама-ташаббуси рушди босуръат (марҳилаи 3) 718,5 ҳазор сомонӣ, МД «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнегетика» 710,5 ҳазор сомонӣ, Маркази идораи лоиҳаи «Рушди инфраструктураи маҳаллӣ дар ҷумҳурӣ” 671,9 ҳазор сомонӣ, «Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо» лоиҳаҳои «Барқарорсозии роҳи Душанбе сарҳади Узбекистон» 593,4 ҳазор сомонӣ ва МД Маркази идораи «Лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» 592,3 ҳазор сомонӣ ошкор шуданд, ки онҳо асосан аз ҳисоби изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, хароҷотҳои ғайриқонунӣ ва маблағҳои кам ҳисобнамудаи андозҳо ба амал омадаанд.Дар рафти тафтишу санҷишҳо маблағи зарар пурра барқарор карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудию норсогиҳои ошкоргардида ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодот ирсол карда шудааст.Дар соли сипаригашта дар 35 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тафтиши маҷмўи ташаккул ва иҷроиши буҷетҳои маҳаллӣ ба анҷом расонида шуд, ки дар рафти он санҷиши фаъолияти 780 идораву ташкилотҳои буҷетӣ ба амал бароварда шуда, зарари молиявӣ ба маблағи умумии 35,5 млн. сомонӣ ошкор карда шуд.Аз ҷумла, дар 12 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зарари молиявӣ ба маблағи 7 млн. 186 ҳазор сомонӣ, дар 8 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 13 млн. 485 ҳазор сомонӣ, дар 8 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 9 млн. 923 ҳазор сомонӣ, дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии ВМКБ ва 4 ноҳияҳои он зарари молиявӣ ба маблағи 3 млн. 532 ҳазор сомонӣ ва дар 2 ноҳияҳои шаҳри Душанбе 1 млн. 394 ҳазор сомонӣ ошкор карда шуданд. Дар рафти ин тафтишу санҷишҳо муайян карда шуд, ки дар раванди иҷроиши буҷетҳо қонунгузории амалкунанда оиди буҷети давлатӣ, асосҳои сохтори буҷет ва раванди буҷетӣ, ки дар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ифода ёфтаанд, риоя намешаванд, ҳукуматҳои маҳаллӣ маблағу воситаҳои давлатиро ба мақсадҳои муайянгардида истифода намебаранд.Масъалаҳои муносибати буҷетҳои маҳаллӣ бо буҷети ҷумҳуриявӣ, банақшагирии даромад ва хароҷотҳо, сафарбар намудани маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ, самаранок истифода бурдани онҳо ва роҳ надодан ба қарзҳои калони дебиторӣ ва кредиторӣ ҳалталаб мебошанд.Иҷроиши қисми ташаккули буҷетҳои маҳаллӣ нишон медиҳад, ки ҳукуматҳо дар маҳалҳо баҳри пайдо намудани роҳҳои иловагии зиёд намудани қисми даромади буҷет ҳамаи чораҳои заруриро намеандешанд. Қарздории ташкилоту корхонаҳо дар назди буҷет аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтҳо сол то сол афзуда, қарзҳои калони дебиторӣ ва кредиторӣ дар муассисаҳои буҷетӣ хеле зиёд мебошанд ва тамоили зиёдшавиро доранд. Дар баробари ин маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба ин ноҳияҳо ҷудо карда шуда, пурра маблағгузорӣ карда мешаванд ва аз ин рў аксар буҷетҳои маҳаллӣ дигар ягон сарчашма ва манбаъҳои иловагии ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷетро ҷустуҷў намекунанд. Ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасогиҳои ошкоршуда ба Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тафтишгардида Пешниҳодотҳои алоҳида ирсол карда шуда, иҷроиши онҳо зери назорати қатъии роҳбарияти Агентӣ қарор доранд. Натиҷаи тафтишу санҷишҳо дар вазорату идораҳо, ҳукуматҳо ва корхонаву муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, муҳокимаи пешниҳодотҳои ирсолгардида бо иштироки кормандони Агентӣ сурат гирифтанд. Дар натиҷа 1639 нафар шахсони масъул барои камбудиҳои содирнамудаашон ҷазои маъмурӣ ва моддӣ гирифтанд ва 71 нафари онҳо аз вазифаашон сабукдўш шуданд. Дар ин давра бо мақсади чораҷўӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 673 маводи тафтишӣ бо маблағи умумии зарари молиявӣ 129,2 млн. сомонӣ фиристода шуданд. Дар давраи сипаригашта аз ҷониби воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1325 ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд ошкор карда шудааст. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 302 -тои онҳоро ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ташкил медиҳанд, ки аз ин ҳисоб 336 — тоаш ҷиноятҳои дуздӣ бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 394 –тоаш қаллобӣ, 69 -то ҷиноятҳои сўйистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, 81 ҷиноятҳои гирифтан ва додани пора, 6-то ришвадиҳии тиҷоратӣ ва 36 ҷинояти гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ мебошанд. Маблағи зарари молиявӣ бо ҷиноятҳои ошкоргардида 83.464.853 сомониро ташкил медиҳад, ки дар рафти санҷишу таҳқиқ маблағи 26.905.551 сомонии он рўёнда шудааст. Содиршавии ҷиноятҳои ошкоргардида дар ҳудуди ВМКБ – 45, вилояти Хатлон – 375, аз он ҷумла минтақаи Кўлоб – 118, вилояти Суғд 427, шаҳри Душанбе 307 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 165, аз он ҷумла минтақаи Рашт 47 ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҳисоби умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 154-тои онро кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот содир намудаанд. Аз тарафи кормандони сохторҳои вазоратҳои маориф 151 ҷиноят, тандурустӣ 38 ҷиноят, кишоварзӣ 26 ҷиноят, энергетика ва саноат 56 ҷиноят, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 12 ҷиноят, нақлиёт 27 ҷиноят, мелиоратсия ва захираҳои об 27 ҷиноят, инчунин Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ҷиноят ва сохторҳои бонкии ҷумҳурӣ 61 ҷиноят содир гардидаанд. Боиси таасуф аст, ки баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки худ масъули мубориза бо коррупсия мебошанд, ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионии вазнин ва махсусан вазнин даст задаанд. Дар давоми соли 2013 содиркунии 57 ҷинояти коррупсионӣ аз ҷониби 44 нафар корманди Вазорати корҳои дохилӣ, 25 ҷиноят аз ҷониби 22 нафар хизматчии Вазорати мудофиа, 19 ҷиноят аз ҷониби 17 нафар корманди Вазорати адлия, 42 ҷиноят аз ҷониби 24 нафар корманди Кумитаи андоз, 9 ҷиноят аз ҷониби 6 нафар корманди Хадамоти гумрук, 1 ҷиноят аз ҷониби 1 нафар кормандони мақомоти прокуратура, 2 ҷиноят аз ҷониби 2 нафар корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 7 ҷиноят аз ҷониби 6 нафар корманди мақомоти судӣ (Шўрои адлия), 6 ҷиноят аз ҷониби 2 нафар корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 ҷиноят аз ҷониби 2 нафар корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда шудааст. Чунончӣ, ҳайати оперативии Агентӣ доир ба иҷрои банди 17-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №3 аз 30 марти соли 2012 ҷиҳати таҳти назорати қатъӣ қарор додани фаъолияти судяҳо дар давоми нимсолаи дуюми соли 2013 дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оператвӣ-ҷустуҷўии мақсаднок нисбати 4 нафар судяҳои судҳои сатҳи гуногуни ҷумҳурӣ бо ҷурми гирифтани пора парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз намуданд, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотии Агентӣ мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шуданд. Вобаста ба истифодаи ғайриқонунии замин дар давраи сипаригашта аз ҷониби кормандони Агентӣ 137 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта ошкор ва мавриди санҷишу тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.Оиди пешгирии муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ дар давоми соли 2013 аз ҷониби кормандони Агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 адад силоҳи оташфишони тамғаи автомати Калашников, 4 адад таппончаи тамғаи Макаров бо 1 тирдону 5 дона тир, 1 тирдон бо 30 дона тири автомати Калашников, 1 туфангчаи газӣ ва 1 адад воситаи мухобира (ратсия) дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар давоми соли 2013 кормандони Агентӣ дар самти ошкори ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир низ фаъолият намуда, дар ин давра 4 ҳолати содиркунии ҷинояти мазкурро ошкор ва аз муомилоти ғайриқонунӣ ба миқдори 13 кг 641,1 грамм воситаҳои нашъадор дарёфт ва мусодира намудаанд.Дар давоми соли 2013 мақомоти тафтишотии Агентӣ 703 парвандаи ҷиноятӣ ба истеҳсолот қабул карда, тафтиши 501 парвандаи ҷиноятиро нисбати 577 нафар ба итмом расонидаанд, ки аз ин ҳисоб тафтиши 253 парвандаи ҷиноятиро нисбати 414 нафар бо тартиб додани фикри айбдоркунӣ ба анҷом расонидаанд. Дар ин давра аз ҷониби муфаттишони Агентӣ 87 адад парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 122 нафар бо асосҳои гуногун дар истеҳсолот қатъ карда шудаанд. Аз он ҷумла, 31 адад парвандаи ҷиноятӣ бинобар сабаби татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ва танҳо 4 адад парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои сафедкунанда дар истеҳсолот қатъ карда шудааст. Кормандони Агентӣ, бахусус воҳидҳои пешгирии коррупсия фаъолиятро дар самти ошкори ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта боз ҳам беҳтар намуда, дар ин давра 941 адад ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқаманд ошкор карданд. Дар натиҷа ба маблағи умумии 774940 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуда, аз ин маблағ то давраи ҳисоботӣ 734660 сомонии он рўёнда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Агентӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳои дахлдор оиди бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда 833 пешниҳодҳо фиристода, ба шахсони мансабдор 4003 дастури хаттӣ, аз ҷумла 19 дастур оиди хизмати якҷояи хешовандони наздик, дода шудааст. Дар натиҷаи баррасии ин санадҳои эътиноии Агентӣ 1950 нафар шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуд, аз он ҷумла 116 нафари онҳо аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд. Бо мақсади ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа кормандони Агентӣ дар ин муддат тавассути воситаҳои ахбори омма 233 маротиба, аз ҷумла 78 хабару мақолаҳо чоп намуда, 120 маротиба дар телевизиону радио баромад кардаанд. 32 мизҳои мудаввар ва нишастҳои матбуотӣ доир намуда, дар 434 ташкилоту корхона ва муассисаҳо вохўриҳо гузаронида, 131 конфронсу семинарҳо баргузор намуда, ширкат варзидаанд. Дар ин давра аз ҷониби кормандони Агентӣ рафти иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар 26 вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии талаботи он тибқи Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегия чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Кормандони Агентӣ дар давоми соли равон фаъолияти худро дар самти ошкори ҳуқуқвайронкуниҳо вобаста ба вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пурзўр намуда, дар ин давра 156 ҳолати вайронкунии қонуни мазкурро аз ҷониби кормандони мақомоти давлатӣ ошкор намуданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 98 ҳолат, вилояти Хатлон 24 ҳолат, вилояти Суғд 18 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 16 ҳолат ошкор карда шудааст. Оид ба ҳамаи 156 ҳолат маводҳои тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба судҳо ирсол гардидааст ва нисбати шахсони гунаҳгор ҷарима татбиқ карда шудааст. Дар давоми соли 2013 ба Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Агентӣ 2774 адад муроҷиатҳои шаҳрвандон дохил шуда, ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 2118 аризаю шикоят бевосита аз ҷониби кормандони Агентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, 601 адади он аз рўи тобеият ба дигар мақомот ирсол карда шуда, боқӣ 55 аризаву шикоятҳо дар ҳолати баррасӣ қарор доранд. Дар ин давра шахсан аз ҷониби Директори Агентӣ 347 нафар шаҳрвандон қабул карда шуда, арзу шикояти онҳо шунида, оиди муроҷиати онҳо чораҳои қонунӣ андешида шудааст. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 18, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад