Дастовардҳои соҳаи фарҳанг дар соли 2013

Январь 7, 2014 10:42

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — Фаъолияти аҳли фарҳанг дар соли 2013 фазои фарҳангию маънавии аҳли ҷомеаро ба таври назаррас ташаккул дод. Боиси ифтихор аст, ки тибқи пешниҳоди Тоҷикистон ҷашнҳои 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 700-солагии мутафаккир ва шоир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 100-солагии оҳангсоз Зиёдулло Шаҳидӣ ба рӯйхати ҷашнҳои ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 шомил гардиданд. Робитаву ҳамкориҳои хориҷӣ низ ин давра таҳким ёфта, Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский дар Фестивали байналмилалии «Вохӯрӣ дар Русия» (Санкт-Петербург) бо спектакли «Нидо»-и Б.Абдураззоқов, Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов дар Фестивал-лабораторияи якуми байналмилалии «СНЕLOVEK TEATPA» дар ш.Челябински Федератсияи Русия бо намоишномаи «Шабе дур аз Ватан», Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо намоишномаҳои «Мӯйсафеди айёр» дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва «Офтобак, Моҳтобак ва Хурӯсак» дар нахустин ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак – «Шанбай тест» дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия фаъолона ширкат варзиданд. Дар соҳаи фарҳанг муассисаҳои фарҳангии мамлакат бо мақсади сазовор истиқбол намудани санаҳои муҳими таърихию фарҳангӣ силсилаи чорабиниҳоро баргузор намуданд. Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон», озмуни ҷумҳуриявии театрҳои халқӣ таҳти унвони «Ҷомеа алайҳи нашъамандӣ», машварати ҷумҳуриявии роҳбарони муассисаҳои клубӣ таҳти унвони «Нақши муассисаҳои клубӣ дар рушду нумӯи маънавиёти ҷомеа» сурат гирифтанд. Ин давра муҳокимаи парламентии раванди иҷрои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» доир гардид. Тибқи «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» аз 25 май то 28 июн сафари «Корвони китоб» ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бомуваффақият анҷом ёфта, тавассути он намоиш ва фурӯши китобҳо ташкил ва фонди китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо 20958 нусха адабиёти тозанашр ба маблағи умумии 165301 сомонӣ мукаммал гардиданд. Дар боғи «Ирам»-и пойтахт дар доираи барномаҳои фарҳангии Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи об Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои бадеии халқӣ-2013 ва бахшида ба сафари расмии Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова ба Тоҷикистон дар мавзеи Қалъаи Ҳисор намоиши ҳунарҳои бадеии халқии шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардиданд. То моҳи январи соли 2014 дар Вазорати фарҳанг 330 рӯзномаву ҳафтанома, аз ҷумла 86 давлатӣ ва 244 ғайриҳукуматӣ, 181 маҷалла, аз ҷумла 14 давлатӣ ва 167 ғайриҳукуматӣ, 11 агентии иттилоотӣ, аз ҷумла 1 давлатӣ ва 10 ғайриҳукуматӣ, 53 нашриёт, аз ҷумла 9 давлатӣ, 44 ғайриҳукуматӣ, 279 матбаа ва фаъолияти полиграфӣ, аз ҷумла 55 давлатӣ, 224 ғайриҳукуматӣ, 38 мағоза ва нуқтаҳои фурӯши китоб, аз ҷумла 3 давлатӣ, 35 ғайриҳукуматӣ ба ҳисоб гирифта шуданд. Муассисаҳои табъу нашри Вазорати фарҳанг дар маҷмуъ 256 номгӯй китобро бо теъдоди 227150 нусха ба табъ расониданд. Маблағи умумии китобҳои нашршуда 2274118 ва маблағи фурӯши онҳо 1055498 сомониро ташкил дод. Дигар дастоварди муҳим – чопи босифати осори адибони гузашта таҳти силсилаи китобҳои “Ахтарони адаб”, “Китобхонаи мактаб”, ҷилди 2-юми «Энсиклопедияи миллии тоҷик», “Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон”, теъдоди зиёди китобҳои адибони муосир ва асарҳо барои кӯдакону наврасон мебошанд. Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Матбуот» ба маблағи як млн. сомонӣ маҳсулоти чопӣ истеҳсол намуд, ки ин назар ба соли гузашта 200 ҳазор сомонӣ зиёд буда, дар маҷмӯъ 120%-ро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки дар тобеияти Вазорати фарҳанг 3 мактаби олӣ – Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, 6 коллеҷи фарҳанг ва санъат, 2 мактаб-интернати махсуси соҳаи мусиқӣ ва санъат амал мекунанд. Дар онҳо 1492 нафар кормандон фаъолият доранд, ки 542 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумӣ 88 нафарашон соҳиби унвони илмӣ мебошанд. Дар ин давра Барномаи табодули фарҳангӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия Тоҷикистон ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар ба имзо расид. Мақомоти роҳбарии вазорат дар ҷаласаи ХХ Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Қирғизистон ва дар ҷаласаи шашуми Шӯрои фарҳангии иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Маскав ширкат намуда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи ин созмонҳои бонуфуз дар самти ҳамкориҳои афзалиятноки фарҳангӣ муаррифӣ намуданд. Ҳамзамон вазири фарҳанг бо даъвати Губернатори вилояти Оренбург дар маросими ифтитоҳи “Маркази фарҳангии тоҷикон” дар шаҳри Оренбург ширкат намуда, ба маркази мазкур 8 намуд асбобҳои миллии мусиқӣ, либос ва зиёда аз 200 нусха китоби тозанашр тақдим намуд. Бо мақсади ташвиқу тарғиби мероси таърихию фарҳангии кишвар китобҳои «Мероси таърихию фарҳангӣ ва масоили ҳифзу истифодаи он», «Таҷассуми абадият ва зебоӣ», «Тақвими соли 2014», «Харитаи ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр гардида, тавассути шабакаҳои радио ва телевизиони ҷумҳурӣ зиёда аз 20 филму намоишҳо ва гуфторҳо оид ба ёдгориҳои таърихӣ таҳия ва намоиш дода шуданд. Аз ҷониби экспертизаи таърихӣ-фарҳангӣ ҷамъулҷамъ 201 ташхис гузаронда шуд, ки аз ин миқдор 8 адад ҷиҳати пешгирии қочоқи сарватҳои фарҳангӣ ва 52 адад – пешгирии паҳн намудани маводи фаҳш мебошанд. Муассисаи давлатии Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ аз ҳисоби маблағҳои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» дар ёдгориҳои Ҷувозхонаи Восеъи ноҳ. Ховалинг – 142500 сомонӣ, Мақбараи Хоҷа Сангхоки н.Варзоб – 47500 сомонӣ, Мақбараи А.Рӯдакии ш. Панҷакент – 60000 сомонӣ, Қалъаи Муъминобод – 237500 сомонӣ, Қалъаи Вомари ноҳ. Рӯшон – 84614 сомонӣ, Мақбараи Хоҷаи Заррини ноҳ. Данғара – 96807 сомонӣ, барои тарғиби мероси таърихиву фарҳангӣ тавассути интишорот – маҷаллаи «Мероси ниёгон», «Тақвими соли 2014», «Харитаи ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон» – 30000 сомонӣ, баргузории семинари чумхуриявии нозирони ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ – 10000 сомонӣ – ҷамъулҷамъ 854878 сомонӣ корҳо иҷро намуд, ки ин 102,5% нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ҷиҳати тармиму барқаронамоии Хона-музеи Ю. Мирфаёзови ш.Хуҷанд, Қалъаи Балҷувон, Масҷиди Чилсутуни н.Ғончӣ, Мақбараи Абдуллои Валӣ ва манори Масҷиди Абулқосими Гургонии ноҳ. Айнӣ ба миқдори 835292 сомонӣ корҳо иҷро шуданд, ки ин 98,5% нақшаро ташкил медиҳад. Инчунин, муассиса дар барқарорнамоии девори шарқии Қалъаи Ҳулбуки ноҳ. Восеъ ба ҳисоби 1269000 сомонӣ корҳоро ба субут расонд. Осорхона-мамнӯъгоҳи Данғара ба 600 шаҳрванди дохилӣ ва сайёҳони хориҷӣ хизмати маданӣ расонида, аз аҳолӣ зиёда аз 270 экспонат харид намуда, ба фонди осорхона ворид кард. Дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор ба зиёда аз 13000 тамошобинон хизмат расонданд. Гранти пешниҳоднамудаи кормандони мамнӯъгоҳ ба Сафорати ИМА оид ба тармими Мадрасаи кӯҳна ва таҷҳизонидани осорхона дастгирӣ ёфта, корҳо оғоз гардиданд. Дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО семинарии омӯзишӣ оид ба пешниҳоди барномаҳо барои ворид намудани ёдгориҳо ба ҷоизаи Роҳи бузурги абрешим аз ҷониби мутахассисони Япония доир гардид, ки 15 нафар мутахассисони муассисаҳои вазорат ва Академияи илмҳо донишандӯзӣ карданд. Ба зиёда аз 7500 нафар хизмат расонида шуд, ки 217 нафарашон хориҷиён буданд. Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрӯд аз аҳолии деҳот 40 адад ашёи таърихӣ ва дастхатҳо харидорӣ гардида, 5 адади дигар ройгон ҷамъоварӣ шуд. Ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он бо назардошти мавқеъ ва мақоми соҳаи моликияти зеҳнӣ дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мутахассисон дар гуруҳи корӣ оид ба таҳия намудани «Стратегияи давлатии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» саҳм гирифтанд. Барои дар амал татбиқ намудани муқаррароти ҳуҷҷатҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) лоиҳаи санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ, дастур ва китоби маҷмӯаи қонунгузории соҳавӣ ва созишномаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, омода шуд. Бинобар пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти байни идораву муассисаҳо дар мавзӯъи «Ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва иҷрои муқаррароти Созишномаи савдо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ дар партави воридшавии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо» машварати ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд. Дар ин муддат шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи вазорат мутобиқи санадҳои амалкунанда ҳашт асарро ба қайд гирифта, ба муаллифон Шаҳодатнома дод. Дар ин давра ба маблағи 41863,82 сомонӣ ҳаққи қалами муаллифон ҷамъ карда шуд, ки аз он ба суратҳисоби шӯъба 34681,12 сомонӣ ворид гардид ва аз он 4238,74 сомонӣ ба буҷети ҷумҳурӣ ирсол гардид. Аз ҳисоби маблағҳои ба суратҳисоб воридшуда, хаққи қалами муаллифон 30613,85 сомонӣ, ки аз он ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳоли (ФҲИА) (1% ва 25%) 8011,97 сомонӣ, андоз аз даромад 4031,90 сомонӣ ва ба муаллифон ба маблағи 18261,96 сомонӣ ҳаққи қалам пардохта шуд. Танзими техникӣ. Дар соли 2013 барои иншоотҳои сохтмони асосӣ маблағи 2,0 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Маблағи зикргардида барои давом додани сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик – 1,2 млн. сомонӣ, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Нуробод – 400 ҳазор сомонӣ, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Варзоб – 250 ҳазор сомонӣ ва барои омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии сохтмони иншоотҳои солҳои оянда – Маркази фарҳанг дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ, Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав ва Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шӯробод – 150 ҳазор сомонӣ тақсим гардидааст. Аз маблағҳои пешбинишуда – 1630 ҳазор сомонӣ азхуд карда шуда, корҳои муайяни сохтмону васлгарӣ дар иншоотҳои вазорат, аз ҷумла, дар сохтмони «Қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик» – 1450 ҳазор сомонӣ истифода шуданд. Даромади меҳмонхонаи «Фарҳанг» аз ҳисоби қабули мизоҷон маблағи 699 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,5% зиёд мебошад. Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии «Созтарош» 428 адад асбобҳои мусиқии миллӣ истеҳсол намудааст, ки ин тақрибан маблағи 62 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Корхона ба ташкилоту муассисаҳо 214 адад созҳои мусиқии миллиро ба маблағи 135,5 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст. Ҳоло дар Корхонаи «Созтарош» 654 адад созҳои мусиқии миллӣ ба маблағи 129 ҳазор сомонӣ мавҷуд мебошад. Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва барои муваффақиятҳои меҳнатӣ 459 нафар бо унвони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорнома мукофотонида шудаанд. Имсол 24 нафар кормандони соҳа, ки дар рушду нумӯи фарҳанги ҷумҳурӣ, санъати тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд. Фаъолияти Вазорати фарҳанг минбаъд низ ҷиҳати иҷрои нақшаи фаъолияти эҷодию фарҳангӣ, таҳияи барномаҳои босифати консертию бадеӣ ва баргузории санаҳои таърихӣ, аз ҷумла дар сатҳи баланд доир намудани тантанаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, намоиши байналхалқии “Китоби Душанбе – 2014”, 100-солагии композитори маъруф Зиёдулло Шаҳидӣ, Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб – 2014”, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, Украина, Фестивали Созмони Ҳамкории Шанхай, Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон, Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ХХ-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ, инчунин барои заминагузорӣ бобати таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ, донишу малакаи аҳли соҳа истифода намуда, татбиқи ҳаматарафаи сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қаламрави мамлакат таъмин менамояд.

Январь 7, 2014 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад