Илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Январь 30, 2014 09:56

Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки дирӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насрулло Маҳмудов ба вакилони Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки лоиҳаи мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои тавсияҳои  гурўҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) ва «Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ», “Барномаи давлатии татбиқи консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012-2015” таҳия ва пешниҳод гардидааст.
 
 
 
 

Январь 30, 2014 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш