ММТ-боварӣ ба роҳ ёфтани донишҷӯёни воқеӣ ба донишгоҳҳо

Январь 16, 2014 15:08

Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- «Фаъолияти Маркази миллии тестӣ (ММТ) таъсири манфие ба раванди шомилшавии довталабон ба донишгоҳро нахоҳад дошт. Баръакс, бовариамон комил аст, ки донишҷўёни воқеӣ, лаёқатманду боистеъдод вориди донишгоҳи мо мешаванд. Аз ин ҷиҳат, нигароние вуҷуд надорад»,-гуфт 16 январ зимни нишасти матбуотӣ муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Бобоҷон Самиев.Ҳамчунин ӯ афзуд, ки барои роҳ наёфтани амалҳои номатлуб, аз қабили ришвахорӣ дар донишгоҳ низоми имтиҳонсупории мониторӣ ҷорӣ гардид. Дар ин низом муаллим ба ҷараёни тестпуркунии толибилм дахолате карда наметавонад. Ҳар нафар донишҷў саҳифа ва рамзи махсуси электронӣ дорад ва пас аз ишораи ҷавобҳои дурусти саволномаҳо тугмачаро пахш менамояду бали гирифтаашро мебинад.

Январь 16, 2014 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш