Моҳии Ҳамадонӣ дар Душанбе ва Кӯлоб
Ҳамадонӣ, 25 январ. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот аз ин ҳисоб Хоҷагии давлатии моҳипарварӣ фаъолият мекунад, ки ин хоҷагӣ сол ба сол истеҳсоли гӯшти моҳӣ афзоиш меёбад. Дар соли 2013 Хоҷагии давлатии моҳипарварӣ беш аз 300 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол намудааст, ки нисбат ба соли 2012 ва нақшаи дурнамо дувуним баробар зиёд аст. Дар ҳавзҳои хоҷагӣ якчанд намуди моҳӣ парвариш меёбанд. Тавре ки корманди Хоҷагии давлатии моҳипарварии ноҳия Бобохон Назаров иброз намуд, дар айни замон беш аз 95 фисади маҳсулоти истеҳсолнамудаи хоҷагии моҳипарварӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб пешниҳоди харидорон гардонида шуда ва хоҷагидорон ҳавзҳои моҳипарвариро барои соли оянда омода месозанд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






