Муҳокимаи масъалаи истифодаи инвеститсияҳои Ҳиндустон

Январь 10, 2014 11:44

Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- 9 январ раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар шаҳри Душанбе бо Сафири Ҳиндустон дар ҶТ Аситҳ Кумар Бҳаттачарҷи мулоқот анҷом дод.Тавре ки аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот перомуни масоили мубрам ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар табодули муфиди афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо ба таҳкими рушду муносибатҳои дуҷон6иба дар соҳаи тиҷорат, ҷалби инвеститсияҳо, дастгирии бахши инфиродӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, истифодаи технологияҳои нав таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.

Январь 10, 2014 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш