Мулоқоти раиси МН МО ҶТ бо ҳайати САҲА
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).-Котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дирӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати вакилони Дания ва Шветсияи Ассамблеяи Парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, ки таҳти сарварии Кент Херштед ба Тоҷикистон ташриф оварданд, мулоқот анҷом дод.Тибқи иттилоъ мулоқоти мазкур дар фазои дӯстонаю якдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Шукурҷон Зуҳуров ташрифи меҳмононро нишони боз як тасдиқи рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону САҲА ва густариши робитаҳои мутақобилан судманд, бахусус, дар таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ арзёбӣ намуд.«Ҳамкории имрӯзаи мо бо кишварҳои узви САҲА амалан тамоми ҷанбаҳои фаъолияти онро таҷассум мекунад, мо дар бахшҳои рушди ниҳодҳои демократӣ, бунёди асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, такмили қонунҳои миллӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ, ислоҳот дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, коррупсия, таҳкими марзҳо ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ муваффақона ҳамкорӣ дорем. Барои кӯмакҳо дар доираи лоиҳаҳои муштараки гуногун аз Созмон ва кишварҳои узви САҲА сипосгузорем», — изҳор дошт зимни мулоқот раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.Тибқи иттилоъ, дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаи кумак расонидан ба вазъи иқтисодию сиёсии кишвари Афғонистон сухан рафт. Аз ҷумла, Ш. Зуҳуров афзуд, ки лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Мазори Шариф – Ҳирот ҳамасола метавонад садҳо миллион доллари ИМА даромад орад ва ба рушди иқтисодии минтақаи шимоли Афғонистон мусоидат кунад. Сохтмони неругоҳи ҳаётан муҳим барои мо – неругоҳи «Роғун» низ ба амнияти энергетикии Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.Дар навбати худ, сарвари ҳайати Парлумони Аврупо Кент Херштед иброз дошт, ки масъалаҳои дар ҷараёни ин боздид баррасишуда ҳалли мусбат ва ниҳоии худро хоҳанд ёфт. Бинобар ин, ҳарду ҷонибро зарур аст, ки ҳамкориҳоро ҳарчи бештар густариш диҳанд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






