Мулоқоти С. Аслов бо А. Орзу
Душанбе, 8 январ (АМИТ «Ховар»).- 7 январи соли 2014 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғафур Орзу баргузор гардид. Сафир дар оғози суҳбат вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати таъйин шудан ба мансаби баланд муборакбод гуфта, ба фаъолияти ӯ муваффақиятҳо орзу намуд. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот дар мавриди вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, энергетика, тиҷорату иқтисодиёт ва фарҳанг табодули афкор намуданд. Ҳар ду ҷониб таъкид карданд, ки ба густариш ва таҳкими бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни мавриди эҳтимоми муштарак манфиатдор мебошанд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






