Ш.Саид: «Рушди равобити тиҷоратию иқтисодӣ бо Туркия барои Тоҷикистон муҳим аст»
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 6 январ дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо Дабири кулли Анҷумани соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Туркия Қодир Семал Ғурсой баргузор гардид. Тавре ки аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо доираи васеи масоили бахши татбиқи лоиҳаҳои ояндадори сармоягузориро бо назардошти фаъолияти муштарак дар бахши тиҷорат мавриди муҳокима қарор доданд. «Рушду таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодӣ бо аҳли тиҷорати Туркия барои Тоҷикистон басо муҳим аст», — қайд намуд Шариф Саид.Имрӯз дар ҷумҳурӣ даҳҳо корхонаҳои муштараки соҳаҳои савдо, нассоҷӣ, нашаротӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва бархе соҳаҳои дигар ба қайд гирифта шудаанд. Мувофиқи суханони Шариф Саид, Тоҷикистон ҳамзамон ба технологияҳои муосир ва таҷҳизоти нав, ташкили корхонаҳои муштараки коркарди нахи пахта, чарму пашм ва меваю сабзавот ниёз дорад. Қодир Семал Ғурсой дар навбати худ, зикр намуд, ки муносибатҳои байни Туркия ва Тоҷикистон босуръат ривоҷу равнақ меёбанд. Дар ин амр хидмати палатаҳои савдою саноат ва аҳли тиҷорати ҳар ду кишвар, ки мақсад аз онҳо ба даст овардани натиҷаҳои мушаххас аст, назаррас мебошад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






