Созишномаи маблағгузорӣ байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

Январь 8, 2014 17:06

Душанбе, 8 январ.(АМИТ «Ховар», Mуқаддас Кушакова).- Имрӯз зимни ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наими Аламхони Қодириён ва муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов  «Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии сохтори хусусӣ» — ро тавзеҳ доданд. 
Лоиҳаи мазкур яке аз ҳадафҳои барномавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои бартараф намудани монеаи асосии рушди сохтори хусусӣ ва ҷалби сармоягузорӣ тавассути соддагардонии ҷараёни бақайдгирии корхонаҳо ва ҷараёни гирифтани иҷозатнома барои сохтмон, беҳтар намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи асосӣ ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва мусоидат ба рушди саноати куҳкорӣ мебошад.
Арзиши умумии лоиҳа 10,00 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ҳамчун грант аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷудо мешавад. Гирандаи грант Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Агентии иҷроияи он -Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Январь 8, 2014 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш