Тағйирот ба Қонун «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Январь 8, 2014 17:06

 
Душанбе, 8 январ.(АМИТ «Ховар», Mукаддас Кушакова).- Имрӯз таҳти раёсати муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ҷаласаи Маҷлиси намояндагон  баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим баҳсу баррасӣ шуданд.
           Вакилони ин мақоми олии қонунгузори мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии сохтори хусусӣ, Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи дуюми «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» — ро баррасӣ ва қабул карданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт ва хамаҷониба дастгирӣ ёфт.
 

Январь 8, 2014 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш