Таҳсили кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд дар хона

Январь 20, 2014 15:15

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Тавре ки муовини Вазири маорифи ва илми Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев дар ҷараёни вохӯрӣ бо журналистон хабар дод, бо қарори коллегияи Вазорат «Низомнома дар бораи ташкили таълим дар хона» қабул шуд. Мавсуф қайд намуд, ки низомномаи мазкур тартиби дар хона таҳсил намудани кӯдаконеро, ки бо сабабҳои беморӣ имконияти ба мактаб рафтанро надоранд, муайян мекунад. «Ин низомнома ҳоло фақат ба кӯдаконе дахл менамояд, ки мустақилона ҳаракат карда наметавонанд», — гуфт зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Вазири маориф ва илми ҶТ Тоҷикистон Тоҷинисо Маҳмадова.Мувофиқи суханони номбурда, барои фароҳам овардани шароити таҳсил дар хона волидайни кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд бояд ба мактаби ҷойи истиқоматашон муроҷиат кунанд. «Алҳол мо низомномаро таҳия менамоем, ки мувофиқи он ҳатто кӯдаконе, ки дар беморхонаҳо муддати тӯлонӣ муолиҷа мешаванд, метавонанд таҳсилотро давом диҳанд», — зикр намуд Тоҷинисо Маҳмадова. Мувофиқи маълумоти Вазорати маориф ва илми ҶТ, бо мақсади таъмини кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд бо китобҳои дарсӣ бори аввал китоби дарсии «Забони ишораҳо» ба забони давлатӣ тарҷума шуд. Ғайр аз ин низомномае таҳия шудааст, ки тартиби қабулу таҳсили кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд бо кӯдакони солими мактабҳои таҳсилоти умумии кишварро муайян мекунад. Ба манзури таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони ин соҳа, дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ ихтисосҳои сурдопедагогика, дефектология, логопедия ва психология кушода шудаанд.

Январь 20, 2014 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ