Танзими расму оин дар Шӯрообод

Январь 13, 2014 11:01

Шӯрообод, 13 январ. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар ноҳияи Шӯрообод чиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоати шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳоти дурдаст корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ мегарданд. Дилбар Саъдуллоева, раиси ҷамоати деҳоти Шӯрообод гуфт, ки дар ҳудуди ҷамоат то ин давра 192 тӯйи домодию арӯсӣ, 25 маъракаи чил ва 14 маъракаи сол баргузор гардид, ки дар онҳо 194 чорво забҳ шуда, маблағи умумии хароҷот 641ҳазору 300 сомониро ташкил дод, ки барои гузаронидани ҳар маърака 2800 сомонӣ рост меояд. Ба гуфтаи манбаъ, гузаронидани маъракаҳо зери назорати қатъии масъулини ҷамоат қарор дорад.  Ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ аз тарафи масъулини ҷамоат байни мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва аҳолӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши ҷавонон ва намояндагии ҳифзи ҳуқуқ вохӯриҳо доир шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд.

Январь 13, 2014 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд