Тасдиқи лоиҳаи дуюми «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе»

Январь 9, 2014 08:58

Душанбе, 9 январ.(АМИТ «Ховар», Mуқаддас Кушакова).- Дирӯз зимни ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи дуюми «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» пас аз суханронии муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наими Аламхони Қодириён ва вакили Маҷлиси намояндагон Исмоил Талбаков тасдиқ шуд.Таъкид шуд, ки мақсади Созишнома ин сохтмон ва барқарорсозии иншоотҳои обтаъминкунии шаҳри Душанбе, баҳри беҳтар намудани фаъолияти корхона ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ҷиҳати обтаъминкунӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.Арзиши умумии лоиҳа 19,00 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 16,00 млн. доллари ИМА ин саҳми Бонки Умумиҷаҳонӣ (ҳамчун грант) ва 3,00 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Қисмати аввали лоиҳа ҳанўз 12 октябри соли 2011 оғоз ёфта буд, ки то 16-декабри соли 2013 2,025 млн доллари ИМА ё худ 10,65%-и он аз худ шудааст. Аз маблағи аз худшуда 1,591млн доллари ИМА аз ҳисоби грантҳои ҷудо шуда ва 0,434 млн доллари ИМА аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ш. Душанбе мебошад.Хусусияти фарқкунандаи лоиҳа аз он иборат мебошад, ки барои иҷрои Созишномаи мазкур бо 14 ширкату корхона қарордод ба имзо расонида шудааст, ки аксарияти онҳо корхонаҳои ватанӣ мебошанд ва дар онҳо бештар аз ҳазор нафар ба кор ҷалб мешаванд. Иҷрои Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи дуюми «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» дар амалӣ шудани барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани обтаъминкунии аҳолии шаҳри Душанбе заминаи воқеӣ хоҳад гузошт, ки он ҷавобгўи дархосту таклифҳои интихобкунандагон низ мебошад.

Январь 9, 2014 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд