Таъсиси ҷойҳои корӣ бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Январь 10, 2014 15:26

Душанбе, 10 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи стратегияҳо ва барномаҳои ба роҳ монда, дар соли 2013 як силсила корҳои назаррасро ба сомон расонид.Аз ҷониби вазорат дар ин давра 36 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки аз ин шумора 2 ададро лоиҳаи қонунҳо, 1 ададро лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 32 ададро лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 ададро лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.Даромади пулии аҳолӣ дар моҳҳои январ октябри соли 2013 аз рўи маълумоти пешакӣ 19 млрд. 106,4 млн. сомониро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 бо нархҳои амалӣ 17,1 фоиз афзудааст.Хароҷоти пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ дар ин давра 23 млрд. 44,1 млн. сомониро ташкил кард. Барои хариди молҳо ва пардохти хизматрасонии аҳолӣ 52,7 фоиз ва барои пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳаққи узвияти ихтиёрии аҳолӣ 25,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти пулӣ ва амонатҳоро сарф кардааст.Тибқи Фармон ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз 1-уми сентябри соли 2013 ба андозаи 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба 250 сомонӣ дар як моҳ муқаррар гардид.Сатҳи баландтарини музди миёнаи меҳнат дар моҳҳои январ — октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе буда, он ба 1210,22 сомонӣ баробар гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба сатҳи миёнаи музди меҳнати ҷумҳуриявӣ 1,8 баробар, ВМКБ 2, вилояти Суғд 2,2 вилояти Хатлон 2,5 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1,9 баробар зиёд мебошад. Дар аксарияти давлатҳо танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ бе мушоракати иҷтимоӣ, шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳо ғайриимкон мебошад. То ҳолати 30 ноябри соли 2013 аз ҳисоби вазорату идораҳо, кумитаву агентиҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 73 адад созишномаи минтақавӣ ва соҳавӣ барои солҳои 2012- 2014 ба имзо расида, дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардид.Мутобиқи маълумоти шуъба ва бахшҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҷумҳурӣ то ҳолати 30 ноябри соли 2013 60977 адад корхона, новобаста аз шакли моликият арзи вуҷуд дошта, аз ин 54997 ададаш дар давраи ҳисоботӣ фаъол буда, теъдоди 24770 ададашон бо созишнома ва шартномаҳои коллективӣ фаро гирифта шудааст, ки 45,0 фоизи теъдоди умумии корхонаҳои амалкунандаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 ум 32,9 фоиз зиёд мебошад.Дар 10 моҳи соли 2013 ба 140488 оила ва шахсони камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ 19 703 524 сомонӣ, аз ҷумла барои истифодаи қувваи барқ 19 211 385 сомонӣ ва барои истифодаи гази табиӣ 200732 сомонӣ пардохт гардид.То ҳолати 16 декабри соли 2013 раёсат ва шуъбаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират 50925 аризаи шаҳрвандонро қабул намуданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд 7530, Истаравшан 6801, Қўрғонтеппа 5970, Норак 1909, ноҳияҳои Ёвон 7495, Фархор 6051, Шуғнон 2607, Айнӣ 5007, Ҳисор 4690, Файзобод 2865. Дар натиҷаи тадриҷан амалӣ намудани тадбирҳо муяссар гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз рўи 6 самти асосӣ: 1) таъсиси ҷойҳои нави корӣ; 2) миёнаравӣ дар бозори меҳнат; 3) тайёрии касбӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси бекорон; 4) дастгирии фаъолияти соҳибкории бекорон; 5) ташкили корҳои ҷамъиятии музднок; 6) таъйин ва пардохти кумакпулӣ барои бекорон иҷрои нишондиҳандаҳои барнома ба андозаи 121,0 фоизи нақшаи солона таъмин карда шуд.Дар соли ҷорӣ ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 119122 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки 71122 нафари онҳо ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 51361 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмуъ 37893 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин гардид. Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 2601 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 3487 нафар соҳиби ҷойи кор шуд. Дар асоси шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 4663 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 103366 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома ва аз тариқи худмаблағгузорӣ дар марказҳои таълими касбии мақомоти шуғли аҳолӣ ба омўзиши касбӣ фаро гирифта шуда, ба 7665 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид. Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 204588 ҷойи кор таъсис дода шуд. Тибқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 дар миқёси ҷумҳурӣ бояд 124994 адад ҷойи корӣ таъсис дода мешуд, аммо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 204588 адад ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд, ки 163,7 фоизи нақшаи пешгўии Барномаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар ВМКБ 12141 ҷой, вилоятҳои Хатлон 65233, Суғд 59002, шаҳри Душанбе 34664, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 33548 ҷойи нави корӣ таъсис шуданд.Вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи сохтмон — 34498, саноат — 13295, кишоварзӣ — 46600, нақлиёт ва алоқа — 4314, савдо, хўроки умумӣ, таъминоти моддию техникӣ — 73662, дигар соҳаҳо — 27331 ва соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ 4888 ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд.Тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд аз ҷойҳои кории дар давраи ҳисоботӣ таъсисдодашуда 82823 адад (40,5 фоиз) ҷойҳои кории доимӣ, 62083 (30,3 фоиз) ҷойҳои кории муваққатӣ ва 59682 (29,2 фоиз) ҷойҳои кории мавсимӣ мебошанд. Соли ҷорӣ барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ба 1670 нафар шаҳрвандони бекор дар ҳаҷми 5 357 281 сомонӣ, барои пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ ба 1179 нафар шахсони бекор ба андозаи 3 780 294 сомонӣ ва барои пешбурди фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба 638 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 2 046 727 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пардохт гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки дар давоми соли ҷорӣ ба дастгирии ташаббуси соҳибкории занон ва ҷавонон аҳамият дода шуда, ба 1977 нафар занон дар ҳаҷми 6 341 499 сомонӣ ва ба 1311 нафар ҷавонон ба андозаи 4 205 298 сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид.Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли 2008 аз ҳисоби занон 546 нафар ва аз ҳисоби ҷавонон 193 нафар зиёд буда, мутаносибан ҳаҷми маблағи қарзи имтиёзноки дар ин давра ба занону ҷавонон пардохтгардида ба андозаи 1 миллиону 147 ҳазору 312 сомонӣ ва 2 миллиону 163 ҳазору 628 сомонӣ афзоиш ёфтааст.Дар соли равон бо мақсади таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013 аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва муассисаҳои таълимию касбии он дар маҷмуъ 103366 нафар шаҳрвандони бекор, корҷўён ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомўзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта шуданд, ки 103,3 фоизи нақшаи солонаро ташкил намуда, дар муқоиса ба соли гузашта 50319 нафар зиёд мебошад, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома 19555 нафар (130,4% нисбат ба нишондоди барнома) аз рўи 54 касбу ихтисос, тавассути дигар созмонҳо 2451 нафар, тариқи худмаблағгузорӣ 48081 нафар (106,5%) шаҳрвандон ба тайёрии касбӣ фаро гирифта шуда, малакаҳои касбии 33242 нафар (83,4%) бо шаҳодатнома тасдиқ гардиданд. Айни замон 16782 нафар муассисаҳои таълимиро хатм намуданд, аз ин теъдод 11493 нафар бо кор таъмин шуданд, ки 68,5 фоизро ташкил медиҳад.Тавассути маблағгузорӣ аз ҳисоби барнома дар ВМКБ 1932 нафар (138,0%), вилоятҳои Хатлон 6795 (146,0%), Суғд 5032 (123,9%), шаҳри Душанбе 2257 (105,9%) ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 3539 нафар (127,4%) шаҳрвандони бекор ба касбомўзӣ ҷалб гардиданд.Ба таври худмаблағгузорӣ дар ВМКБ 3661 (83,8%), вилоятҳои Хатлон 14672 нафар (100%), Суғд 11749 нафар (104,5%), шаҳри Душанбе 9760 нафар (140,9%) ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8239 нафар (104,1%) ба тайёрии касбӣ ҷалб гардиданд.Вазорат бо мақсади танзими масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби табиӣ ба мавзеъҳои бехавф кўчонидани аҳолӣ, аз минтақаи зериобмонии Нерўгоҳи барқи обии Роғун ва ноҳияи Нуробод, аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии куҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ кўчонидани муҳоҷирони дохилӣ, беҳтар гардидани инфрасохтори деҳот, рушди соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ва паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ тадбирҳои амалӣ андешида, соли 2013 як силсила корҳоро анҷом дод.Тайи давраи сипаришудаи соли 2013 дар ҷумҳурӣ ба 731 оилаи муҳоҷири дохилӣ қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо гардида, муҳоҷирон дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шудаанд, ки ин 111%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 308 оила, Суғд 135 оила ва НТҶ 288 оила.Ба ҳамаи оилаи муҳоҷирони дохилии дар соли 2013 кўчонидашуда 1 983 000 сомонӣ қарзи имтиёзнок тавассути бахшу шуъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои пардохт интиқол дода шуд. Инчунин ба 475 оилаи муҳоҷирони дохилии кўчонидашудаи соли 2012 дар ҷумҳурӣ қарзи имтиёзнок ба миқдори 712500 сомонӣ барои пардохт интиқол дода шуд.Дар давоми соли ҷорӣ аз минтақаҳои хавфноки экологии тибқи нақшаи пешбинигардида аз ВМКБ 50 хоҷагӣ, вилояти Суғд 66 хоҷагӣ, вилояти Хатлон 100 хоҷагӣ ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 76 хоҷагӣ кўчонида шуд.Дар маҷмуъ соли 2013 аз 300 хоҷагии нақшавӣ 292 хоҷагӣ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои сохтмонӣ манзили истиқоматӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзеъҳои бехавф таъмин гардиданд.Аз ҷониби вазорат дар соли 2013 ум 292 хоҷагии кўчонидашуда, бо маблағи қарзи имтиёзнок ба миқдорӣ 864000 сомонӣ ва кўмаки яквақтаинаи моддӣ ба андозаи 106000 сомонӣ дар маҷмўъ 970000 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.Назорату санҷишҳои давлатӣ дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ 1005 корхонаву муассисаҳои давлатӣ, 1425 корхонаю ташкилотҳои хусусӣ ва 761 субъектҳои хоҷагидори шакли дигари моликиятро фаро гирифт. Дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта 11777 адад (дар соли 2012 — 9438 адад) қонунвайронкуниҳо ошкор гардиданд, ки аз ин 6724 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 2833 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 1680 ҳолат ба масъалаҳои шуғл ва 540 ҳолат ба масъалаҳои нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ иртибот доранд.Дар давраи ҳисоботӣ аз натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта ва ҷиҳати ислоҳи қонунвайронкуниҳои ошкоргардида 2787 адад амрномаҳо дода шуданд, аз ҷумла дар самти назорати муҳофизати меҳнат — 1521 адад, оид ба бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо — 736 адад, самти назорати нафақа ва пардохтҳои иҷтимоӣ 173 адад, самти назорати шуғли аҳолӣ — 357 адад. Аз 2787 адад амрномаҳои додашуда, 2526 адади он пурра иҷро гардида, иҷрои 261 адади боқимонда зери назорат қарор дорад.Дар ин давра аз тарафи роҳбарият ва кормандони масъул бо роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои байналахалқӣ, аз ҷумла миссияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи GIZ «Дастгирии раванди ислоҳоти соҳаи маълумоти касбӣ ва таълимӣ дар Тоҷикистон», Намояндагии доимии Бонки Рушди Осиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, шуъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии Иттиҳоди Аврупо, коршиносони Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат (ТБМ), сафири Фавқулода ва Мухтори ШМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Байналмилалӣ оид ба Муҳоҷират (СБМ) вохўриҳои корӣ доир карда шуданд.Вазорат ҳамкориро бо як силсила ташкилотҳои хориҷию ҷамъиятӣ дар доираи 9 лоиҳа ва 9 созишномаи тарафайн, ки дар айни ҳол амалӣ шуда истодааст, зич ба роҳ мондааст, аз ҷумла, аз ҷониби Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат 3 лоиҳа, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо 2 лоиҳа, аз ҷониби GIZ 1 лоиҳа, аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ 2 лоиҳа амалӣ мешавад.Яке аз самтҳои асосии фаъолияти вазорат вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ин кор бо муроҷиати шаҳрвандон мебошад. Тайи ин давра ба дастгоҳи марказии вазорат 5807 адад ҳуҷҷат ворид ва 4287 муросилоти воридотӣ ҳуҷҷати ҷавобӣ содир гардидааст, ки он нисбат ба соли гузашта мувофиқан 90 ва 773 адад зиёд мебошад. Дар ин давра 1118 адад муроҷиати шаҳрвандон ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 139 адад афзудааст. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, дар фаъолияти минбаъдаи худ низ он уҳдадориҳоеро, ки ба зиммааш вогузор шудаанд ва аз иҷрои онҳо беҳдошти зиндагии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад, сари вақт иҷро намуда, дар рушду такомули минбаъдаи соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорад.

Январь 10, 2014 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад