Ғолиби мусобиқа — тими «Дастгоҳи марказии ВКД»

Февраль 17, 2014 08:52

Душанбе, 17 . 02. 2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).-Дар Маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба намуди футболи хурд байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаву идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ», ки аз 21 январи соли ҷорӣ идома дошт, ҷамъбаст гардид.
Дар мусобиқаи мазкур, 42 даста (16 даста аз 35-сола боло ва 26 даста то 35-сола) байни ҳам қувваозмоӣ намуда,  барои ба даст овардани ғолибият аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, дастаҳои пешсаф дар даври ниҳоӣ  барои гирифтани Ҷоми мусобиқа талош варзиданд.
Дастаи ширкати мобилии «Вавилон» дар байни футболбозони то  35-сола сазовори ҷойи якум гардида, ҷойи дуюм насиби дастаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон, ҷойи сеюм насиби дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ гардид.
Миёни дастаҳои ғолиби мусобиқа оид ба футболи хурд байни футболбозони аз 35-сола боло ҷойи якум насиби дастаи «Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ»; ҷойи дуюм насиби дастаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон; ҷойи сеюм насиби дастаи «Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон» ва «Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД» гардид.
 
 
 

Февраль 17, 2014 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад