Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Февраль 17, 2014 14:45

   Хоруғ, 17.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар толори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо ибтикори  масъулини  Раёсати Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҷумҳурӣ бо намояндагони сокинони  маҳаллахои шаҳри Хоруғ  мулоқот баргузор шуд. Дар мулоқот ҳамчунин аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд. Ба гуфтаи масъулини раёсати Агентии назорати маводи мухаддир танҳо соли гузашта  12 ҳодисаи  муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор шуда, 55 кг 349 грамм маводи нашъадор    дарёфт ва мусодира гардид.
        Намояндагони мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ доир ба  мушкилоти нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва роҳҳои коҳиш додани он фикрҳои судманд баён доштанд.  Аксарияти иштирокдорон гуфтанд, ки омодаанд барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин аъмоли зишт ба мақомоти қудратию амниятӣ кумак расонанд.
       Мувофиқи  маълумоти Маркази наркологии вилоят  дар 10 соли охир 212 нафар беморони нашъаманд бо сабаби аз меъёр зиёд истеъмол намудани маводи нашъадор ҷони худро аз даст доданд. Дар айни ҳол дар маркази наркологии ВМКБ 84 нафар табобатро аз тариқи доруи ҷойивазкунандаи   методон  давом медиҳанд.
 
 
 
 
 

Февраль 17, 2014 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд