Бардоште аз сабақи украинӣ

Февраль 26, 2014 11:00

Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар»). — «Баҳор»-и арабӣ дар фасли зимистон ба Украина расид. Инқилоби рангаи тарроҳон «бишкуфт» ва аз хуни рехтаи мардуми маҳаллӣ тобиши лолагун касб кард. Аламовараш ҳамин аст, ки ин ҷонҳои бохта раҳми касеро нахоҳанд овард, ҷуз наздикони онҳо. Неруҳои манфиатдоре, ки бо бозиҳои сиёсии мақсаднок мардумро то ҳудуди ҷабҳаҳои муқобил ва резиши хуни ҳамдигар овардаанд, аз муваффақиятҳо рӯҳбаланд гаштаву пайи тақвияти пирӯзиашон вазифатақсимкунӣ доранд. Тибқи таъбири «ғолиб ҳамеша ҳақ аст» амал мекунанд ва дар ҳама гуноҳҳои будаву набуда Ҳукумати Януковичро гунаҳгор карда истодаанд. Мағлубшудаҳо бошанд, пайи созмон додани неруҳои хеш ва мусаллаҳ кардани онҳо талош ба харҷ медиҳанд. Кишвар дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор гирифтааст. Низоми қонунӣ комилан фалаҷ гашт, тамомияти арзии кишвар ва мавҷудияи он ҳамчун давлати ягона зери шубҳа қарор гирифтааст. Ғолибу мағлуб то ҳол дарк накардаанд, ки қурбонии бозиҳои геополитикии абарқудратҳо гаштаанд. То ҳол нафаҳмидаанд, ки кадом оқибатҳои номатлубе онҳоро дар пешанд. Бехабаранд, ки аз «озодӣ»-ю «демократия» шиор партофта, озодию мустақилият, ваҳдату ягонагии давлати миллии худро ҷониби нестӣ бурда истодаанд. Кист гунаҳгор, аз кадом қувваҳо бояд домангир шуд? Кадом омилҳо боиси табаддулоти воқеан давлатӣ ва бо роҳи зӯроварӣ аз байн бурдани ҳукумати қонунӣ гаштанд? 
Тақсири асосиро дар ҳодисаҳои Украина, пеш аз ҳама,  дар рафтору кирдори Президенти ҷумҳурӣ Виктор Янукович бояд ҷуст. Шахсе, ки зимни интихобот мардуми Украина раъйи худро ба ӯ бахшиду ба ҳайси сарвару раҳнамо тақдири ояндаи худу давлатро бо номи ӯ тавъам донист. Ва акнун ин мардум маҷбур шуд иштибоҳи худро бипазирад. Президенте, ки зимоми қудрат, ниҳодҳои пурқуввати артишу амният, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пояҳои расмию қонуниро барои амалкард дар ихтиёр дошт, буздилона пешорӯи гурӯҳе ҷинояткору мусаллаҳ бо шиорҳои фашистӣ, сар фурӯ овард. Аз идораи ҳукумат даст кашида, маркази давлатро тарк кард, дар кунҷаке пинҳон шудаву боз худро президенти қонунӣ мехонад. Ҳаққо, ки:  
 
Агар султон нафармояд сиёсат, 
Занад ҳар нокасе лофи раёсат.
Бало барҳам занад рӯи заминро, 
На давлатро бақо монад, на динро. 
 
Ҳама медонанд, ки Янукович бо дастгирии дигарон сари қудрат расид. Вале хеле зуд хешро дар арсаи сиёсати геополитикӣ яке аз шахсиятҳои калидӣ пиндошт ва бозии хатарноки худашро оғоз кард. Мехост ҳам лаъл ба даст ораду ҳам ёрро наранҷонад. Аз кӯмакҳои хориҷӣ ком бардораду захираҳои табиии Русияро табъи дилаш  истифода барад. Тадриҷан парда аз рӯйи нақшаҳояш бардошта шуд ва назди ӯ талаби қотеъонаи интихоб гузошта шуд: ё ҳамқадамӣ бо кишварҳои таърихан ҳамқадами пешин, ё бо «дӯстони навин». «Дӯстоне», ки тавре равиши ҳодисаҳо нишон дод, бозиҳои роҳандозӣ намудаи Януковичро алайҳи худаш истифода бурданд. 
Кишварҳои хориҷӣ дар иҷрои нақшаи пешгирифтаашон дар самти Украина таваҷҷуҳи  аслиро ба решаи таърихии ихтилофоти мазҳабии миёни сокинони ғарбу шарқи кишвар, эҳсосоти бадбинонаю интиқомҷӯёнаи  бозмондагони авлодони миллату меҳанфурӯши бендерӣ-фашистии қисмати Карпатии Украина равона кард. Пешвоёни мухолифин Арсений Яценюк (қаноти «Батькивщина» дар парлумони кишвар), Олег Тягнибок («Свобода»), Виталий Кличко (ҳизби «Удар»), вазири собиқи ВКД Ю. Луценко ва олигарх Порошенко ҳама зодагони ҳамонҷоянд.
Воридшавии кӯмакҳо ва грантҳои ҳангуфт маҳз аз вилоятҳои ғарбии Украина оғоз ёфт. Тавре шахсони расмии хориҷӣ ошкоро эълон намуданд, барои «рушди демократияи украинӣ» 5 млрд доллар сарф шудааст.  Вале мақомоти давлатии Украина ба ин масъала диққати хосе зоҳир накарданд ва фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматиро беназорат монданд. Бо маблағгузории созмонҳои хориҷӣ дар давоми як соли охир 1500 ташкилоти ғайридавлатӣ дар Украина ташкил карда шуд. Тарҳрезони асосии «инқилобҳои ранга» озодона дар Украина нақшаҳои худро оид ба ташаннуҷи авзоъ ва аз байн бурдани давлати қонунӣ амалӣ мекарданд. Президенту ҳукуматаш беҳаракат буданд. 
«Евромайдон» созмон ёфт. Барои гузаронидани тренингҳо ва таъмини дастаҳои мусаллаҳи «Батькившина» зиёда аз 2 миллиону 600 ҳазор доллар ИМА ҷудо шуда буд. Миллатфурӯшоне чун собиқ президенти Гурҷистон дар иҳотаи чанд дипломату сиёсатмадорони ҳамҷинсгарои аврупоӣ эътирозгаронро барои иқдомоти шадидтару қотеъона талқин мекарданд, гурӯҳи махсуси ҷангиёнро баҳри муқовимати мусаллаҳона бо  кормандони мақомоти қудратӣ омода карда, ба онҳо усулҳои ҷанги тан ба тан, рахнасозии сафҳои милитсия, тарзи тайёр кардани «коктейли Молотов»-ро ёд медоданд. 
Президент В.Янукович бошад, ҳамаи инро назора мекард, изҳоротҳо медоду онҳоро ба оромӣ даъват мекард. Ҳол он, ки тасмим дар дасти худаш буд ва бо як иқдоми ҷуръатмандонаю қатъӣ метавонист илоҷи воқеаро қабл аз вуқӯяш ёбад, бар рӯи шарорачае, ки ҳанӯз аланга гирифтанаш ғайриимкон буд, оби сард резад. Вале дар ҳасостарин лаҳзаҳо нишону рамзи пояндагии давлат – Президент, дар симои шахсияти беирода ва ноустувор Виктор Янукович, ки акнун мардуми Украина ба ӯ лақаби муносиби «Витя шапкокрад»-ро сазовор донист, дар ҳам рехт. Ҳатто қувваҳои содиқтарини худ, воҳиди махсуси «Беркут», ягона ниҳодеро, ки то охир ба қасами додаи худ, ҳимояи Президент ва Ҳукумати қонунӣ вафодор монд, ҳама таҳқиру ҳақорат, оташпартоиву тирпарронии снайперҳои тӯдаҳои ҷинояткорро таҳаммул карда, мунтазири фармони Президенти худ буд, дар ҳолати номуайяниву бехабарӣ гузошта худ фирор кард.  
Оппозитсия, тавассути пеш гузоштани хуну замири авлодии фашистӣ, ба василаи фарзандону наберагони онҳое, ки солҳои 1941-1945 зиёда аз ду миллион аҳолии иборат аз пирони барҷомонда, занону кӯдакон, сарбозони захмбардоштаро дар Украинаи шарқӣ ва Белоруссия қир карданд, дар хонаҳои чӯбин ҷамъ намуда оташ сар доданд ва ё зинда ба зинда зери хок карданд, чандин амалиётҳои ваҳмангези сӯзанда, рабояндаю кушанда, ғорати дороии бонку ширкатҳои хусусиро амалӣ кард. Рамзҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз сӯйи  миллатчиёни украин, сару либоси ҷангалии карпатӣ, кулоҳҳои мюлерии СС, ки бар зидди халқҳои шӯравӣ истифода мешуданд, инак  моҳи феврали соли 2014 баъди анқариб 70 сол дубора эҳё гардиданд. Тахриби ёдгориҳои таърихӣ, ғорату нест кардани осорхонаҳо, сӯхтани биною иншоотҳои ҳизбҳои коммунист, минтақаҳо ва ҳукумат, пайғомест аз рафторҳои ғайриинсонии онҳо дар пайравии бобоёнашон. Пойтахти кишвари аврупоие, ки 45 миллион аҳолӣ дошт, мардуме, ки дорои иқтисодиёти пурқувват, соҳаи пешрафтаи мошинсозӣ буду ҳавопаймо истеҳсол мекард, дар оташи ҷаҳолат месӯзад. Неруи ваҳшӣ, вале ҳамчун ҳайвони сирк ромшудаю идорашавандаи мухолифони Украина, заминаи дахолати  хориҷиҳоро  дар умури дохилии кишвар барои дарозмуддат фароҳам сохт.   
Табиист, ки дар  сурати аз байн рафтани эҳтироми байниҳамдигарӣ дар ҷомеа ва зулми як қишри ҷомеа бар дигараш хашмҳо буруз мекунанд, фитнаҳо сар мезананд ва душманию парокандагии миллат ба миён меояд. Осоиштагӣ аз ҷомеа дур мешавад, ваҳдати умум рахна меёбад, сулҳу салоҳ осебпазир мегарданд, сохторҳои таъминкунандаи қонун заиф мешаванд ва нобудӣ ба  ояндаи як давлати кулл таҳдид мекунад. Мисолашро дар Украина дидем. Дар Украинае, ки ояндааш норӯшан аст, сокинонаш дар ҷабҳаи муқобили ҳам қарор гирифтаанд ва дасти бегона онҳоро идора мекунад. Барои ба эътидол овардани Украина имрӯз як роҳ ҳаст. Пешгирии роҳе, ки соли 1997 миллати тоҷикро ба ифоқа овард ва дар таърих намунаи олии истиқрори сулҳ гардид. Тамоми роҳҳои дигар ба идоми муноқишаҳо, амиқшавии буҳрон ва аз байн рафтани давлати ягонаи Украина боис хоҳанд шуд.  
Дар навбати худ, бадбахтии бар сари сокинони Украина омада бояд сабақи омӯзонандае барои ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ гардад. Имрӯз дигар барои касе пинҳон нест, ки абарқудратҳои машғул ба тақсимоти нави ҷаҳон аз ҳилаҳои нав ба нави геополитикӣ кор мегиранд ва дар ин самт пеш аз ҳама такя ба нерую шахсиятҳое мекунанд, ки бо сабабҳои мухталиф аз низоми амалкунанда розӣ нестанд, пушти ақидаҳои барои мардуми худашон бегона мераванд, барои молу сарват омодаанд, ки тамоми арзишҳои миллии худро зери по созанд. Ҳама дар хотир доранд, ки раиси СДПТ Раҳматилло Зойиров дар моҳи декабри соли гузашта муддати як ҳафта дар «Евромайдон»-и Киев қарор дошт. Робитаи наздик бо мухолифини Украина барқарор намуда, таҷрибаи ихтилофандозию моҷароангезӣ меомӯхт. Баробари бозгашт дар саҳифаҳои интернетӣ ва ВАО эълон кард, ки нишасте меорояд ва мардуми Тоҷикистонро аз ҳақиқати намоишҳои эътирозӣ дар хиёбонҳои Украина огоҳ мекунад. Ӯ мунтазир набуд, ки дар симои чанд зани ҷасур халқи як дафъа воқеаҳои ҳамсонро аз сар гузаронида монеъи ҳар гуна  иғвоангезиҳои ӯ ва ӯ баринҳо мегардад. Ин мардумро фиреб додан дигар коре саҳлу сода нест. Аллакай ҳама қиёсгузориҳоро дар масоили ҳамшабеҳ метавонанд. Ҳама гуна хушунату зӯроварӣ, тахрибкорию оташзаниҳоро дар кӯчаҳои Киев аз ҷониби гурӯҳҳои ҷинояткор дида, метавон пай бурд, ки чаро тамоми намояндагиҳои ташкилотҳои хориҷии дар Тоҷикистон амалкунанда, ҳизбу ҳаракатҳои ба истилоҳ мухолиф ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ имрӯз ба проблемаи «шиканҷа» рӯ овардаанд ва аз худ пуштибони аҳли ҷиноятро метарошанд. Ин формула ҳам барои аксарият кушода аст, ки ҳар як инқилобро «оқилон тарҳрезӣ мекунанду мутаассибҳо амалӣ ва қаллобҳо истифода». Мутаассибтар аз аҳли ҷиноят куҷо метавон пайдо кард?   
Ҷанбаи дигару асосии масъала он аст, ки имрӯз раванди ҷаҳонишавӣ дар сайёра бо шаклу шеваҳои мухталиф шиддат меёбад. Дар ин росто, давлатдории муосири миллӣ, хештаншиносии миллатҳо ва рӯоварии онҳо ба асли хеш барои қудратҳои манфиатдор монеаи асосӣ гаштаанд. Аз ин хотир, тарҳрезони ҳар гуна инқилобҳои «сабз»-у «сурх»-у «норинҷӣ», «твитерӣ»-ю «фейсбукӣ» ва ғайра зарбаи аввалинро ба кишварҳое зада истодаанд, ки низоми давлатдории миллӣ доранд. Дар ҳар кишваре вазъиятро ба таври хостаҳои худ баҳо медиҳанду идора мекунанд. Масалан, ғарбиҳо дар Сурия  даҳҳо ҳазор нафар мулкии бегуноҳи аз чониби террористҳои Ал-Қоида кушташударо намебинанд ва онҳоро табиӣ мешуморанд. Сарбозони суриягиро, ки аз марзу бум ва амнияти мардуми хеш ҳимоя мекунанд, ҷинояткор эълон мекунанд. Экстремистҳои яроқбадасти      Украинаро «демократҳо» гуфта муарррифӣ месозанду  куштори кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва табаддулоти давлатиро аз ҷониби гурӯҳҳои неофашистӣ дастгирӣ мекунанд.  
Фоҷиаи Киев  барои мардуми оддии Украина бо кушта шудани  зиёда аз 80 нафар ҷавоне, ки   синнашон аз сию панҷ нагузашта буд, ба охир нарасидааст. Зарари аз сӯхтору тахрибкории гурӯҳҳои бендерӣ расидаро ҳоло ҳеҷ кас ҳисоб накардааст. Имрӯз онҳо силоҳ  дар даст, худро ҳам милиса медонанду ҳам суду ҳам прокуратура. Украиниҳои шарқӣ ва русзабононро сари ҳар қадам таъқибу таҳқиру тавҳин мекунанд. Аввалин қароре, ки онҳо қабул карданд, манъи истифодаи забони русӣ буд, дар ҳоле, ки аксарияти кулли аҳолии вилоятҳои шарқии Украинаро русзабонон ташкил мекунанд. Посух ба ин иқдоми экстремистҳо бардошта шудани байрақи Русия дар марказҳои маъмурии ин вилоятҳо мебошад. Агар муносибат чунин аст, метавон сулҳу оромиро дар қаламрави Украина дар муҳлатҳои наздик интизор шуд? Гумон.
Зиндагӣ борҳо исбот кардааст, ки ҳар фардеро дар алоҳидагӣ ва ҳар миллатеро дар маҷмуъ роҳи бо арзишҳо, урфу одатҳо, ҳувияту ҷаҳонбинии хоси миллӣ муайян гардидааст ва мақоли маъруфе низ ҳаст, ки «он чӣ барои мағрибӣ хушоянд бувад, барои машриқӣ баробар бо марг аст». Ба андешаи банда, имрӯз бояд насиҳати аллома Иқболи Лоҳурӣ амиқтар аз ҳарвақта дар мағзи мо кора кардаву роҳнамои сӯйи фардоямон бошад, ки:
 
       Ҳамчу оина машав маҳви ҷамоли дигарон,
      Аз дилу дида фурӯ шӯй ҷалоли дигарон.
      Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,
      Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.
 
Бояд дар хотир дошт, ҳар миллатеро ғайр аз фарзандонаш дигар ғамхору ғамгусоре нест. Фарзанди ятиммондаи украинро модари зори ин миллат бо оби чашм ба воя хохад расонд. Хонаи аз оташ валангоршудаи ин мардумро фақат худи украинӣ бо сад дарду алам, ашки хунбор ва заҳмати душвор аз нав хоҳад сохт. Фақат чанд нафаре, ки ҳамакнун ба забони модарӣ – украиниашон неву ба лафзи аҷнабӣ  ҳарфзании худро намоиш медоданду хушомадгӯии хоҷагонашонро бар ҷой меоварданд, акнун соҳиби мансаб мешаванду гӯё фоида дарёфт мекунанд. Вале аслан онҳоянд гунаҳгори фоҷиаи мардуми украин. Бадтар он аст, ки  душмании украинӣ ба украинӣ – захми  гузоштаи сангини нобоварӣ миёни фарзандони ин миллат,  ҳаргиз созгори рушди ин кишвар нахоҳад шуд. Тарроҳони ин фоҷиаи мардумӣ аз дуриҳои дур ин бадбахтиро назора мекунанд ва меболанд, ки нақшаи навбатии худро амалӣ карданд, ба ҳоли мардуми Украина механданду бо «пирӯзӣ»-и навбатӣ якдигарро табрик мегӯянд. Оби дидаи модари фарзандгумкардаи украин ҳаргиз дар қалби дурушту сангини онҳо кора нахоҳад кард ва асаре нахоҳад гузошт, зеро онҳо  ба мақсадашон расиданд. 
Ҳумоюни Кӯҳистонӣ

Февраль 26, 2014 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад