Баёнияи Вазорати маориф ва илм

Февраль 14, 2014 17:09

Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар»). — Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти сард омадани обу ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии таълимгирандагон дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ) аз 3 то 10 феврали соли ҷорӣ, яъне 6 рўзи дарсӣ таътил эълон намуд. Мувофиқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.02.2014, №190 соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ бояд дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2014 гузаронида шаванд. Фармоиши мазкур муҳлати ниҳоии иҷрои ин дастурро моҳи апрел муайян накардааст, балки дар он таъкид шудааст, ки соатҳои дарсии иҷронашуда бояд дар нимсолаи дуюм ҷуброн карда шаванд.Ҳангомае, ки дар атрофи ин фармоиши вазири маориф ва илм дар расонаҳои интернетӣ бардошта шудааст, асосе надорад. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро ба танзим даровардааст. Моддаи 81-и Кодекси мазкур дар назар дорад, ки дар рўзҳои истироҳат ба кор ҷалб намудани кормандон дар ҳолатҳои истисноӣ, яъне «барои иҷрои корҳои таъхирнопазири қаблан пешбинигардида, ки аз таъҷилан иҷро намудани онҳо умуман кори мўътадили минбаъдаи ташкилот ва ё бахшҳои алоҳидаи он вобаста мебошад», иҷозат медиҳад. Ҳамзамон, моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимиро муқаррар карда, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимиро ҳатмӣ муайян кардааст.Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ буда, сиёсати ягонаи давлатро дар соҳаи маориф таъмин менамояд. Он муайянкунандаи маҷмўи мақсад ва вазифаҳо, мазмуни таҳсилоти заминавӣ (базавӣ), ҳаҷми ҳадди ниҳоии сарбории таълимии хонандагон, принсипҳои асосии ташкили ҷараёни таълим ва сифати дониши хонандагон, натиҷаҳои таълим буда, дараҷаи дониши хонандагон ва қоидаҳои назорати давлатии сифати таҳсилотро муайян мекунад. Стандарт инчунин самарабахшии фаъолияти муаллимонро муайян менамояд.Мундариҷаи фанҳои таълимии бахши давлатии Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакл ва намуд ҳадди ақали ҳатмии таълим ба ҳисоб меравад.Бо назардошти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа фармоиши мазкур ба тасвиб расид ва он дар назар дорад, ки вобаста ба имконоту шароити муассисаи таълимӣ соатҳои дарсии иҷронашуда дар давоми нимсолаи дуюм гузаронида шаванд. Муассисаи таълимие, ки ҷараёни таълим дар он дар як баст сурат мегирад, метавонад дар басти дигар, яъне нимаи дуюми рўз дарсҳои иловагиро дар ҷадвали дарсҳо бе халалдор кардани истироҳати таълимгирандагон гузаронад. Да ҳолати дар ду баст сурат гирифтани таълим муассиса метавонад, дарсҳои иҷронашударо дар фосилаи байни бастҳо гузорад. Агар ҷараёни таълим дар се баст сурат гирад, муассисаи таълимӣ маҷбур аст, ки соатҳои дарсии иҷронашударо рўзҳои шанбеву якшанбе ҷуброн намояд. Чунин тарзи дарсгузорӣ маънои онро надорад, ки хонандагон то моҳи апрел бояд бе истироҳат таҳсил кунанд. Нимсолаи дуюм дар муассисаҳои таълимӣ аз 1 феврал то 7 июн муқаррар шудааст. Фармоиши вазири маориф ва илм муайян кардааст, ки соатҳои иҷронашуда дар давоми нимсолаи дуюм гузаронида шаванд. Бо назардошти истироҳати таълимгирандагон муассисаҳои таълимӣ имкон доранд, ки то 7 июн соатҳои иҷронашударо ҷуброн намоянд. Дар ҳолати иҷро нагардидани стандарти давлатии таҳсилот барномаи таълимӣ аз ҷониби таълимгирандагон аз худ карда намешавад. Танҳо хонандагоне, ки барномаҳои таълимии соли таҳсилро пурра аз худ кардаанд, аз синф ба синф гузаронида мешаванд. Ин талаботи Нимзомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.04.2007, №171 тасдиқ гардидааст ва иҷрои онро Вазорати маориф ва илм барои ҳама зарур ва ҳатмӣ мешуморад.Дар баробари ин, барои омўзгорон иҷрои сарборӣ ё ставкаи корӣ ҳатмӣ аст. Музди меҳнати онҳо вобаста аз миқдори соатҳо ва сифати меҳнати сарфшуда муқаррар карда мешавад. Ченаки сарфи меҳнат меъёри вақт мебошад. Тибқи моддаи 1042-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон музди маоши омўзгорон дар асоси меъёрҳои (маошҳои) соатбайъ муайян ва пардохт карда мешавад. Дар ҳолати иҷро нагардидани ин меъёр талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон мегардад, ки Вазорати маориф ва илм ба ин роҳ дода наметавонад. Боқиро ба виҷдон, сатҳи касбию дарки ҳуқуқии ходимони шабакаҳои интернетӣ ҳавола менамоем.Котиботи матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 14, 2014 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад