Бозхонд гардидани судяи Суди Олӣ

Февраль 27, 2014 14:42

Душанбе, 27.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Беш аз 30 масъалаи фарогири бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар ҷараёни баргузории иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев- раиси палатаи болоии Парлумони мамлакат 27 феврал дар Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуд.
           Аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҷараёни иҷлосия  Қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи  ҳуқуқии шаҳрвандони  хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи разведкаи  ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»,  «Дар бораи бозори  коғазҳои қиматнок»,  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Кодекси мурофиавии  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи  маориф»-ро  муҳокима ва ҷонибдорӣ намуданд.
          Худоёрзода Бахтиёр Тавар, Саймурод Тағоев, Убайдулло Қурбонов, ки  раисони кумитаҳои Маҷлиси миллианд,  зимни тавзеҳи масъалаҳои мазкур гуфтанд, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин қонунҳо такмили қонунгузории кишвар, аз байн бурдани баъзе мухолифатҳои байни қонунҳо ҷойдошта,  инчунин татбиқи ислоҳоти судӣ дар кишвар,  таҳкими волоияти қонун, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад. 
         Дар иҷлосия ҳамзамон бо пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадисо Саидов бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бозхонд  шуд. Ҳамзамон дар фарҷоми иҷлосия Салимзода Шерхони Одина- Прокурори  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли 2013  дар назди аъзои палатаи болоии Парлумони кишвар гузориш дод.

Февраль 27, 2014 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад