Миқдори муҳоҷирони қонуншикан кам мегардад
Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ моҳи феврали соли 2013 низоми таҳлилии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия зиёда аз 400 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун вайронкунандагони қонунгузории ин давлат дар солҳои охир муайян карда, вуруди онҳоро дар муддати аз 3 то 5 сол ба ҳудуди Русия манъ кардааст.
Мутобиқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, агар соли 2012 ҳамагӣ 351 ҳазору 940 нафар шаҳрвандони кишварамон ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ дода бошанд, соли 2013 миқдори онҳо то 324 ҳазору 574 нафар камтар гардидааст.
Бино ба маълумотҳои Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, соли 2013 ҳамагӣ 49 нафар шаҳрванди кишварамон бо қарори ин мақомот аз ҳудуди Русия берун карда шуд, ки ин нисбат ба соли 2012 ду маротиба камтар мебошад. Инчунин шумораи беруншудагон (бо қарори суд) низ хеле кам гардидааст. Соли 2013 ҳамагӣ 968 нафар шаҳрванди кишварамон аз ҳудуди Русия берун карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2012 се маротиба камтар мебошад, яъне дар он давра 3 ҳазору 303 нафар берун карда шудааст.
Дар асоси маълумотҳои пешниҳодгардидаи мақомоти сарҳадот ва Раёсати назорати муҳоҷират дар нақлиёт ва ба ҳисобгирии муҳоҷирони Хадамоти муҳоҷират, аз гузаргоҳҳои сарҳадии Федератсияи Русия дар соли 2012 — 1659 нафар бо сабабҳои риоя накардани қонунгузорӣ бозпас гардонида шудааст. Дар соли 2013 3215 нафар шаҳрванди кишвар аз гузаргоҳҳои сарҳадии Федератсияи Русия бозпас гардонида шудааст.
Ба Хадамоти муҳоҷират дар ҳар се моҳ рўйхати иловагӣ нисбат ба шаҳрвандони мазкур ворид мегардад, ки шумораи чунин нафарон ба маротиб зиёд гардида, чунин ҳол боиси нигаронии хадамот мебошад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






