Мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Хуан Мендес

Февраль 10, 2014 14:10

Душанбе, 10.02.2014 (АМИТ «Ховар»). 10 феврал вазири корҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов маърӯзачии вижаи СММ оид ба масъалаҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазоҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф Хуан Мендесро ба ҳузур пазируфт. 
Зимни мулоқот, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гардид, масъалаҳои татбиқи Конвенсияи зидди шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи тавсияҳои гузоришгари вижа ҷиҳати пешгирии шиканҷа ва ҳамроҳшавии кишвар ба дигар абзорҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон муҳокима шуданд. 
Дар мулоқот инчунин мубодилаи созандаи афкор доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ бо ниҳодҳои СММ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, такмили қонунгузории миллӣ ва таҷриба дар пешгирии шиканҷа ҷой дошт.
 
 
 
 
 

Февраль 10, 2014 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш